Сабабгори марги зани роҳрӯб маълум шуд

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар сомонааш акси Бахтовар Салихов, ронандаи 23-солаеро, ки сабаби марги як зани роҳрӯб шуд, нашр кардааст.

Савринисо Каримоваи 46-сола соати яки шаби 4 феврал дар кӯчаи Айнии пойтахт зери чархи мошини «Тойота -Ландкрузер” монда, дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расид. Аз ин зани сокини кӯчаи Қаротегин 4 фарзанд ятим монд.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар сомонаи расмиаш акси ронандаеро нашр кард, ки шаби 4 феврал бо мошини «ҷип”-и «Тойота – Ландкрузер” як зани роҳрӯбро пахш кардааст. Раёсати дохилаи Душанбе хабар дод, ки дар робита ба ин ҳодиса «аз ҷониби Шуъбачаи тафтишотӣ оид ба тафтиши садамаҳои нақлиётии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе маводҳои авввалиндараҷа тартиб дода шуда, тафтишоти қазия идома дорад.

Бино ба иттилои расмӣ, шаби 4 фервал, соати тахминан 01:05, «ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Ландкрузер”, Салихов Бахтовар Файзуллоевич, соли таваллудаш 1995, сокини кӯчаи Муҳаммади шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Дӯстии Халқҳо ба самти кӯчаи Зебуниссои пойтахт, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №70/1-и кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, роҳрӯби Муассисаи нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Каримова Савринисо Маҳмадалиевна соли таваллудаш 1972 сокини кӯчаи Қаротегини пойтахтро пахш намудааст.Дар натиҷа роҳрӯб Савринисо Каримоваи 46-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.

Наздикони  Савринисо Каримова қаблан гуфтанд, ки сабаби садама бо суръати баланд рондани мошин аз ҷониби Бахтовар Салихови 23-сола буда, ӯ баъди пахш кардани ин зани бечора ба ҷои кумак расондан ба ин зан фирор кардааст. Як мақом дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур низ тасдиқ кардааст, ки ронандаи «ҷип” баъди ин садама ба зан ягон кумак нарасонда, мошинашро ҳам онҷо партофта, худ фирор кардааст. Бахтовар Салихови 23-соларо кормандони милиса субҳи 5 феврал дастгир кардаанд.

Аммо Ҷамшед Салимов, як корбари Фейсбук мегӯяд, ки Бахтовар Салихов зани ҷабрдидаро то бемористон овардааст ва сипас шояд ба далели дар ҳолати шок қарор доштанаш фирор кардааст.

Савринисо Каримова чанде пеш шавҳарашро ҳам аз даст дода буд. Аз ӯ чор фарзанд ятим монд.

Сафар, бригадири роҳрӯбҳо дар ноҳияи Шоҳмансур ба «Азия Плюс” гуфтааст, ки ҷанозаи Савринисо Каримоваро рӯзи 4 феврал ба хок супурданд. Ба гуфтаи Сафар, маросими дафни ин зан аз ҳисоби ДЭУ ва бо кумаки ҳамсояҳояш баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, Савринисо Каримова чанде пеш барои тӯйи фарзандонаш аз се бонк қарзҳои хурд гирифта буд ва дар ҳоле аз дунё рафт, ки аз ин се бонк ҳудудан 6-7 ҳазор сомонӣ қарздор буд.

Бознашр аз «Азия Плюс»

Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Рухаш шоду манзили охираташ обод бод! Сурогаи аники ин мархумро мегуфтед (раками хона ва кучаи Каротегин чандумаш) ба фарзандонаш кумаки молияви расониданием.

  • нохияи Шохмансур, кучаи Каротегин 1, хонаи 50 сурогаи зисти мархум Каримова Савринисо мебошад. Худор хайратонро кабул гардонад!

Leave a Reply