САНАД, Ё ТӮҲФА БА ЗОДРӮЗИ БАНДАИ ГАНДА

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Имрӯз, пагоҳии барвақт маро ба шӯъбаи кадрҳо даъват карданд.

Хеле зуд аз хоб бархостаму ришу фашамро ба эътидол овардам ва ба сару рӯям атри арзонбаҳои хешро пошидаму костюми ягонаи аз даври Шӯравӣ боқимондаамро ба бар кашидам ва бо техникаи ягонаи бо пулҳои ҷамъовардаам ва бо лутфи Худованд насиб гардидаам, яъне бо пойҳои умре педали мошинро зернакардаам, бо карру фар ба сӯи корхонаи муштараки тиллоистеҳсолкунии Чину Тоҷикистон «Зарафшон» роҳ пеш гирифтам.
Дар утоқи корӣ дар шӯъбаи кадрҳои корхона ду нафар менишастанд. Гуфтам:
-Маро даъват кардаанд. Магар ба кори бенуқсони зиёда аз бистсолаам, ба ман тӯҳфае медиҳанд?
Онҳо гуфтанд:
— Туро ҳамкори мо Холмуҳаммади Зиё даъват кардагӣ. Тӯҳфаро дар хобат мебинӣ.
Чун соат қадре аз ҳашт боло рафт, ҷавонмарди сертанутӯше салона-салона
вориди утоқ гардид. Гуфтанд:
-Ана, шахси ворид шудагӣ Холмуҳаммад аст.
Ӯ ба як виқори махсус ба сӯи мизи кориаш рафту сандуқи оҳанинро кушод ва маро даъват намуду фармон дод:
-Зуд ба ин фармоиш имзо гузору аз паи кори хеш шав!
Гуфтам:
-Ин чӣ фармоишест?
Гуфт:
— Магар намедонӣ, ки шонздаҳуми май ту ба шасту се солагӣ мерасӣ ва бояд ман туро огоҳ намоям, ки санаи ҳабдаҳуми май ҳуқуқи ба корхона по гузоштанро надорӣ.
Гуфтам:
— Ман бе хабар додани ту ҳам аз синнусолам хабардорам. Магар дар ин бора қароре ҳаст? Ҳафтае пеш дар шаҳри Хуҷанд Абдураҳмон Қодирии 65-сола вазифаи нав гирифт.
Ман мансабе надорам, танҳо бо маоши ночизи посбонӣ, ки худам маҷрӯҳи гурӯҳи сеюмаму ҳамсарам гирифтори касалиҳои шадиди сил ва қанд аст ва фарзандаму занаш ва се нафар фарзандони онҳоро нигоҳубин мекунам, зиндагиямро пеш мебурдам. Ман як ҳисса замин, ё моле надорам, ки рӯзгорамро пеш барам. Ман ба фармони ту имзо намегузорам.
Ин сухани ман ба гӯши ин хидматгори чиниён нафорид ва таҳдид намуд:
-Агар имзо нагузорӣ, мо санад тартиб медиҳем ва туро ба имзо нагузоштан айбдор менамоем.
Мани бемор аз ин таҳдиди Холмуҳаммад ҳаросон баъди ба таги забон партофтани чанд дона ҳаби таскиндиҳанда ба азоб бо фишори баланд ба хона расидам ва атри эҳтиётан задаамро зуд шустаму костюми ба умед пӯшидаамро аз тан бадар намудам ва дар бистар барои ба мурдан омода шудан дароз кашидам. Яъне ҳукми қатл дар зодрӯз.
Хушомадгӯёни чиниҳо дар давоми се соли баъди сафари 18.10-2015 анҷомдодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корхонаи муштараки «Зарафшон» зиёда аз 400 нафар коргарро аз кор ронданд ва ҷои онҳоро бо чиниҳо пур карда истодаанд.
Балегӯёнашон бо чанд тангаи онҳо тафохур намуда пеши ин роҳро намегиранд. Сабаби ба ҷашни Наврӯз маро хабар накардани Ҳукуматдорони Панҷакат ҳам ҳамин буд, то ки аз забони ман ҳарфи ноҷое дар ҳузури Пешво набарояд.
Ҳукуматдорон андеша намекунанд, ки ҳар нафаре, ки чиниҳо аз кор меронанд, зарбаи хурдест ба бюжети шаҳр, вилоят ва Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Имрӯз чашми ҳама ба сӯи бинои прокуратураи шаҳри Панҷекат аст, чунки танҳо ин фарди ҷонсупурдаи миллату Меҳан дар ин шаҳр мушовири адлияи дараҷаи якум, дар ҳақиқат прокурори мардумӣ Авазҷон Назарзода пеши роҳи бедодгарии чиноиҳо ва ҳаммаслаконашонро гирифта метавонаду бас.Агар пеши роҳи ин бедодгарӣ гирифта нашавад, дар солҳои наздик дар корхона танҳо хитоиҳо мемонанду аҳолии гирду атрофи коргоҳ танҳо заҳри онро нафас мекашанду бас.
Оё дар Тоҷикистон қонуне вуҷуд дорад, ки нафақахӯрро дар рӯзи зодрӯзаш аз кор ронанд? Ё ин қарори вакилони ба умед интихобкардаи мост?
Дилам дар синаам нагунҷида истодааст. Шеър ҳам гуфта наметавонам, вале ин чанд мисраъро ба подоши тӯҳфаи ба зодрӯзам тақдимкардаи Холмуҳаммади Зиё ва ҳаммаслаконаш мегардонам.

ШИКАСТАНД

Яқин имрӯз рӯҳамро шикастанд,
Вуҷуди ҳамчу кӯҳамро шикастанд.

Шӯкуҳе доштам дар синаи хеш,
Ба дашноме шукӯҳамро шикастанд.

Дилам мехост шарҳи дил нависам,
Ҳама лавҳи ҷурӯҳамро шикастанд.

Хаёлам сайр дар афлок мекард,
Ҳама файзу футуҳамро шикастанд.

Дар аввал ҷисми зорам ғарқ карданд,
Сипас киштии Нуҳамро шикастанд.

Маро карданд помол ин хабисон,
На девори сутӯҳамро шикастанд.

Худоё, хайр дар олам набинанд,
Ҳамон касҳо, ки рӯҳамро шикастанд.

Аз сомонаи  tajikistantimes:

Устод Исмоил Зарифӣ солҳост,ки дар хизмати мардум қарор дорад ва ҳамчун шоиру журналисти ҳақгӯ дар байни ҷомеа обрӯю нуфузи хоссаеро соҳиб аст. Бо аксари нашрияҳои умумиҷумҳуриявӣ ҳамкории хубе дошту дорад. Чунин муносибати як мансабдор   ба ин шахсияти фарҳангӣ  сабаби озурдагии на танҳо ӯ, балки садҳо нафар мардуми зиёӣ аст, ки имрӯз дар назди чунин шахсони аз фарҳанг дур хор шудаанд. Албатта  ин нафар шоистаи он нест, ки бо чунин шева аз кор ронда шавад. Умедворем, ки роҳбарияти ноҳия дар мавриди шоир Исмоил Зарифӣ ҳанӯз сухани охирини худро нагуфтаанд…   


Поделиться новостью в социальных сетях:

18 комментарий

  • Зарифи камбагал бошанд аз кадом хисоб 2 маротиба хач карданд?

  • Аз кумитаи забон ва истилохоти назди Хукумати ЧТ:

    Мухтарам Зарифи! Ба шумо ки хукук додааст,ки номи шахри Панчакентро Панчакат е Панчекат истифода мебаред?

  • Зарифи инсони бузург дошишманд 2 маротиба тавофи хонаи Каъба карданд.

  • Мухтарам Зарифи шумо дар ин чо шикоят аз он кардаед,ки замин надоред,ки кор кунед. Шумо агар дар замин кор кардан хохед хукумати шахри Панчакент дар дилхох чои шахр ва атрофи он барои кишти картошка замин чудо мекунад. Мархамат

  • Салом, ба кормандони кумитаи забон ва истилохоти назди Хукумати ЧТ, офарин Шумо, аллакай пешрави доред, ки рузнома ва рузноманигоронро дар интернет аз хастии худ огох месозед, мархмат ба качаю хиебонхои ш. Хучанди бостони ва вилояти Сугд, ба овеза ва рекламахо, барномахои радио, … Ва гайраху ва гайра. Ба Шумо пешниходе дорам, агар хохед ки ахоли ба Шумо кумак расонад, сахифае дар интернет вае худ телефонеро пешниход намоед ва харруз ба роятон ин камбудихо дар бораи галат риоя накардани конун дар бораи забони давлати, ирсол мешаванд. Шояд бо шарофатии кори пурсамари Шумо Точикистони Азиз, ободтару зеботар шавад.

  • Исмоил Зарифию Анварбеки Абунаср ба чуз аз хукумати Панчакент норозиги баен кардан дигар кор надоранд магар? Шукри давлат кунед,ки орому осуда гаштагем

  • Дар Панчакент картошка дар дехахои салкин (Фароб, Вору, Шинг) серхосил аст. У нафаре ки хисоботи хаторо додааст ва «Заминдор» барин одамхо уро думболагири мекунанд, худо занадашон барои чавр кардаашон ба заминхои гандуму чави чуфткардашуда!

  • Дар даруни ман захр чи мекна АБДУ ман гапи роста гуфтам.

  • Мухтарам Зарифи 63 ба даромадед кор бас будагис охи. Акнун навбати истирохат.. Дар холе,ки худатон маъюб будагед. Чавоно ба рох кушоед. Писаратона чотон ба монед…

  • Чанде кабл устоди гиромикадри мо Абдумуддасир Ахмадзода маколаеро бо номи «Хазор сол шеър гуфтем бас» нашр карда буданд. Банда пас аз мутолиаи ин матлаб ба хулосае омадам,ки гуфтахои Устод дар хакикат дуруст ва саривакти мебошад. Чомеаи имрузи мо ниез ба шеъри фачу шоири евагу надорад. Шеърхои шоирони евагуи имрузаро аксарият намехонанд. Ба замми ин шоирону шоирчахои дар махалхо буда хукуматхои шахру нохияхоро гаранг мекунанд то аз хисоби бучет асархои каммазмунашонро нашр намоянд. Боз онхо шухратпарастанд. Мехоханд,ки хукумат онхоро пайваста гамхори намояд. Айни замон хукумати шахри Панчакент бо рохбарии шахси хирадманду мехнатдуст Ислом Шафеиен Зиезода мекушанд,ки сокинони шахру нохия бо маводхои гизоии дарачаи аввал таъмин гарданд. Хамчунин пардохти саривактии маошу нафака аз корхои окилонаи раиси мухтарами шахр мебошад…

  • Бахшиш. Ба чои Абдумудассир Абдумуддасир навишта шудааст. Яъне дуто харфи д паихам омадааст,ки сахви техники мебошад.

  • Офарин ба Устод Нихони. Мардак хамихе табъи баланди шоири дораву то ба хол ошкор накарда зери ин тахалус шеър эчод мекуна… Як чахон ташаккур хамихе мужикоба.

  • Анварбеки Абунаср яке аз шоирони боистеъдоду хушсухан. Исмоил Зарифи шоири босаводу боимон

  • Моддаи 169-и Кодекси Меҳнат. Кафолат ва имтиёзҳо барои кормандони аз кор озодшаванда

    Ба кормандоне, ки бинобар ихтисор шудани воҳиди корӣ ё тағйир ёфтани шароити меҳнат аз ташкилот озод мегарданд, кафолатҳои зерин дода мешаванд:
    – кумакпулии аз корравӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди миёнаи якмоҳа;

    – нигоҳ доштани музди миёнаи якмоҳа дар давраи бо кор таъмин кардан дар давоми моҳи дуюм ва сеюми аз кор озод шудан бо қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, агар корманд дар муҳлати даҳ рўзи баъди аз кор озод шудан сари вақт ба ин мақомот муроҷиат карда, бо кор таъмин нашуда бошад;

    – ҳуқуқ барои як сол пеш аз муҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа баромадани шахсони синни нафақа, ки собиқаи меҳнатӣ доранд ва он барои аз рўи синну сол ба нафақа баромадан ҳуқуқ медиҳад.

    Шахсоне, ки бинобар ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ё бемории касбӣ барои иҷрои кори пештара қобилияташонро гум кардаанд, ба кормандони аз кор озодшуда баробар карда мешаванд.
    Санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд муҳлати дарозтари нигоҳ доштани музди миёнаро ба кормандони аз кор озодшуда дар давраи бо кор таъмин шудани онҳо пешбинӣ намоянд.

Leave a Reply