6 лаҷомгусаста дар лаҷоми мошин

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзимдаровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.

Ин аст, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қоннуншиканӣ роҳ додаанд чораҳои қонунӣ андешида мешаванд. Ҳаминтавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 4831 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Аз ҷумла:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 6 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 19 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 2 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 136 адад;
-Истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 149 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 20 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт – 23 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 63 адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр – 85 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 107 адад;
-Вазъияти хавфнок – 6 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 366 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 973 адад;
-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 35 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 2888 адад;
Мавриди зикр аст, ки дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ин идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ буда, гарчанде ҷазо барои чунин ронандагон вазнинтар гардидаву кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати ошкор ва муайяннамоии чунин афрод тамоми чораҳоро роҳандозӣ намоянд, ҳам вале мутаассифона ҳанӯз ҳам ҳастанд берхе нафароне ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гироифта, ба дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ, роҳ медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат идораи намудани воситаи нақлиёт ба ҷони худи ронанда ва иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дар пай дорад.
Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 6 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Инҳо:

450

Дадаҷонов Отабек Мамаҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус-RX400, рақами қайди давлатиаш0404 ЕВ 01

451

Саидаҳматов Вазир Саидҷонович — ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш С6235Н 01

452

Маҳмадшоев Ҳавасшо Гулаҳмадович — ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота -Камри, рақами қайди давлатиаш 7325 ТТ 05

453

Тошзода Исломиддини Асҳобиддин — ронандаи автомашинаи тамғаи Деу-Сиело, рақами қайди давлатиаш С7157Н 01

454

Ҳикматуллои Шамсулло — ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 8316 ВС 01

456

Назаров Фарид Ҳайдарқулович — ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 0511РР 01

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply