62 нафар маҳбусони озодшуда бо ҷойи корӣ таъмин шуданд

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Давоми як сол 242 нафар маҳбусони озодшуда ва шахсони имконияти маҳдуддошта ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд барои дарёфти ҷойи корӣ муроҷиат намудаанд, ки ба 231 нафари онҳо унвони бекорчӣ дода шудааст. Аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят  62 нафар маҳбусони озодшуда бо ҷойи корӣ таъмин шуданд, ки аз онҳо 9-нафарашонро занҳо ташкил медиҳад.

Ба гуфти Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Нодирӣ Шермуҳаммад дар давоми соли 2017  36367-шаҳрвандон муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумора 21141- нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Инчунин ҷавонони синни 15-29 сола, ки барои дарёфти кор ба Агентӣ муроҷиат кардаанд 6637  нафарро ташкил медиҳад.

                                                                                                                                     Фарзона Муродӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply