• Administrator
  • 28.01.2019
  • 26
  • 0

65 ҳазор сомонӣ ҷарима барои шикори гӯсфандони Марко Поло

Ду нафар сокинони ноҳияи Мурғоб дар шикори ғайриқонунии гӯсфандони Марко Поло гунаҳкор дониста шуда, бо қарори суди ноҳия ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд.

Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Амриддин Қуботбеков гуфтааст, ки «солҳои 90-уми асри гузашта силоҳи зиёд ба дасти мардум афтод ва шикори гӯсфандони Марко Поло ба як ҳодисаи маъмулӣ табдил ёфт. Сербарфию гуруснагӣ аз як сӯ ва таъқиби пайвастаи шикорчиён аз сӯи дигар,  гӯсфандонро маҷбур сохтанд, ки ба кишварҳои Афғонистону Қирғизистон ва ё Чин паноҳ бубаранд. Дар ин давра шумораашон то ба 12 ҳазор сар коҳиш ёфт. Баъди фаро расидани сулҳу оромӣ ва халъи силоҳи ғайриқонунӣ дар макони асосии зисти ин ҳайвони нодир, яъне Помири Шарқӣ ҳам оромӣ ҳукмфармо гардид. Назорат аз болои шикори ғайриқонунии гӯсфандони Марко Поло боз ҳам пурзӯр карда шуд. Акнун 10 нафар нозирони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия фаъолияти хоҷагиҳои шикорӣ ва шикорчиёни ғайриқонуниро назорат мекунанд. Мутобиқи шартнома, худи хоҷагиҳои шикорӣ, ки шумораашон 7 адад аст, низ дар ҳифзи ҳайвоноти нодир масъулият бар дӯш доранд. Баъди коҳиш ёфтани шикори ғайриқонунӣ аксарияти ҳайвоноти нодир боз ба маҳали зисти худ баргаштанд. Давоми се соли охир шумораи гӯсфандони кӯҳӣ ҳазор сар афзоиш ёфта, ҳоло шумораашон  то ба 26 ҳазор сар расидааст. Мавсими шикор аз моҳи сентябр оғоз ёфта, моҳи март ба итимом мерасад».

Бояд гуфт, ки шикори ҳайвоноти нодир танҳо дар асоси иҷозатномаи  Кумитаи  ҳифзи  табиати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат  мегирад. Барои шикори  як сар гӯсфанди кӯҳии Марко Поло 80 ҳазор сомонӣ, бузи кӯҳии сибирӣ  45 ҳазор сомонӣ ва нахчир зиёда аз 5 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидаст.

Шикор танҳо дар ҳузури  нозирони  шуъбаи ҳифзи  муҳити  зисти  ноҳияи  Мурғоб   сурат гирифта,  сайди  ҳайвоноти  хурдсол  ва модина  мамнӯъ аст.

Бояд гуфт, ки гӯсфанди кӯҳии Марко Поло бренди Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар қатори дигар дастовардҳои ҷумҳурӣ диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Сайёҳон аз Амрикою Аврупо на танҳо барои шикор, балки бо мақсади боре  дидани он ба Тоҷикистон сафар мекунанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.