Партоев барои «подстава» 2 сол гирифт

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Суди ноҳияи  Вахш нафареро  бо ҷурми барафрохтани парчами гуруҳи «Давлати исломӣ» дар боми корхонаи мутааллиқ ба Нусратулло Саидов – бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ – ба зиндон маҳкум кард. Ҳодиса моҳи феврали имсол рух дода буд.

Суд Қурбоналӣ Партоевро барои «хусумати шахсӣ» ва «бадномсозӣ» айбдор кард. Ӯ  барои ин ҷурм ба  ду соли зиндони низомаш сангин маҳкум шуд. Бародараш Тоҳир Партоев низ барои кумак дар ин кор ду сол зиндонӣ шудаст. Ҳукм аллакай ба иҷро даромадааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply