Маҷлиси Миллӣ ҷаласа баргузор мекунад

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

25 декабри соли 2018, соати 9.00 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад.

Дар ин бора Қарори дахлдори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ќабул гардидааст.Дар Иҷлосияи ҳабдаҳум баррасии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватњои таърихию фарњангӣ», «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва як қатор ќонунњои дигари ќабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply