• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 15.03.2019
  • 0

Дар муноқишаи Ворух боз як нафар ҳалок шуд

Нимаи дуюми рӯзи 14 март дар байни сокинони Ворух ва деҳаҳои қирғизнишин муноқишаи нав рух дода, ба тирпарронӣ печидааст. Дар натиҷаи тирпарронӣ аз ҷониби сокинони мусаллаҳи Қирғизистон Рафоиддин Тешаеви 37-сола ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Тирпарронӣ замоне рух дод, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Исфара Сиҷоуддин Саломзода барои музокирот дар Ворух қарор доштанд. Муноқишаи ахир дар марзи ду кишварро сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон Қоҳир Расулзода ва Муҳаммадкалӣ Абилғозиев тавассути телефон баррасӣ кардаанд.

Ба гуфтаи сокинони Ворух, рӯзи 14 март, соати 15:10 ба вақти маҳаллӣ дар марзи маҳаллаи Тоҷикони Ворух бо деҳаҳои қирғизнишин дубора муноқиша сар зад. Сабаби муноқиша маълум нест, вале сокинони ба сӯи якдигар сангандозӣ кардаанд ва аз ҷониби Қирғизистон аз силоҳ низ истифода бурдаанд.

«Дар натиҷа Рафоиддин Тешаеви 37-сола ба ҳалокат расид. Ду нафари дигар захмӣ шудаанд,” – мегӯянд сокинони Ворух. Аз ҷониби Қирғизистон, бино ба хабарҳои расида, як корманди милиса ҷароҳат бардоштааст.

Рӯзи 13 март, дар рӯзи аввали муноқиша, Ҳусейн Ҳакимов, сокини 43-солаи деҳаи Хоҷаи Аъло аз тири камони шикорӣ ба ҳалокат расид. Ӯро субҳи 14 март ба хок супурданд.

Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар як изҳорот ҷониби Қирғизистонро дар муноқишаи ахир айбдор кард ва гуфт, ҷониби Қирғизистон бар хилофи протоколи имзошуда ба сурати якҷониба сохтмони роҳи Кӯктош – Оқсой – Тамдиқро аз сар гирифт, ки ин сабаби муноқиша шуд. Марзбонони тоҷик ҳамчунин Роза Усарова, раиси деҳаи Оқсойро дар даст доштан ба таҳрики муноқиша айбдор карданд ва гуфтанд, Усарова «аз муташанниҷ гардидани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон манфиатдор буда, мунтазам ба барангехтани низои миллӣ миёни мардуми қирғизу тоҷик машғул мебошад.

Ҷониби Қирғизистон ҳафтаи гузашта сохтмони роҳи Кӯктош – Оқсой – Тамдиқро аз сар гирифт. Бо сохтани ин роҳ сокинони деҳаҳои қирғизнишин имкон меёбанд, ки бидуни убури деҳаи Ворухи Тоҷикистон ба қисматҳои дигари ноҳияи Бодканд дастрасӣ пайдо кунанд.

Аммо ин роҳ тибқи нақша роҳи сокинони Ворух ба мазори барояшон муқаддаси Хоҷағор ё Ғорбоборо мебандад ва рӯзи 13 март сокинони Ворух ҷамъ омада, монеи анҷоми сохтмони роҳ шуданд. Дар муқобил сокинони деҳаҳои қирғизнишин низ гирди ҳам омаданд ва байни ду тараф сангандозӣ ва тирандозӣ сар шуд.

Дар ҷараёни муноқишаи рӯзи 13 март дар Ворух ва Хоҷаи Аъло як нафар кушта ва беш аз 20 кас захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон низ мегӯяд, чанд нафар аз сокинони деҳаҳои қирғизнишин низ ҷароҳат бардоштаанд.

Шаби гузашта чанд хона ва мошинҳои марбут ба сокинони деҳаҳои қирғизнишин дар марзи Исфара бо Бодкандро оташ задаанд. Сокинони деҳаҳои қирғизнишин инро кори дасти сокинони ҷамоати Чоркӯҳ ва деҳаи Хоҷаи Аъло мешуморанд.

Бо гузашти 27 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон то имрӯз аз 970 километр марзи мустақимашон танҳо чизе бештар аз 500 километрашро тавонистаанд таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Дар қисматҳои баҳсии марзи ин ду кишвар, бахусус дар марзи вилояти Бодканд бо Исфараву Конибодом ва ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҳар сари чанд вақт муноқишаҳо рух медиҳанд, ки гоҳо ба занозании байни сокинони ду тарафи марз ва дар чанд маврид ҳатто ба тирпарронӣ байни марзбонони ду кишвар печидаааст.

24 декабри соли 2018 сохтмони як белхона дар қабристон дар марзи Бодканду Исфара низ боиси чунин як муноқишаи марзӣ шуда буд.

Ҷамоати Ворух бо беш аз 30 ҳазор аҳолӣ аз доғтарин нуқот дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон аст. Ин ҷамоат анклав (ҷазирақаламрав) буда, аз чор тараф дар дохили қаламрави Қирғизистон мондааст ва танҳо як роҳи мошингард Ворухро бо Хоҷаи Аъло – наздиктарин минтақаи аҳолинишин дар марзи Тоҷикистон мепайвандад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner