83 адад  парвандаи ҷиноӣ оид ба замин

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

153 ҳолати вайронкунии қонунгузорӣ оид ба замин аз тарафи нозирони Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ошкор карда шуд.  Нимаи дуюми имрӯз зимни нишасти хабарӣ муовини  Кумитаи идораи замини вилояти Суғд,  Абдураҳмон Мавлонов гуфт аз 153 ҳолати қонунвайронкунӣ 83 адад  парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, боқимонда ҳолатҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шудааст: -«Инчунин  дар давоми соли 2017 аз ҷониби нозирони кумитаи идораи замини вилоят 102 адад ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 2198, 81 га муайян карда шуда, барои бартараф кардани ин қонуншиканиҳо дастур дода шуд»-гуфт Мавлонов.

                                                                                                                         Фарзона Муродӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply