Қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик дар Русия

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дилшод Тоҳирови 41-сола, як сокини шаҳри Роғун, ки аз панҷ-шаш сол ба ин тараф дар ноҳияи Истраи вилояти Маскав бо корҳои сохтмонӣ машғул аст, ҳеҷ тасаввур намекард, ки рӯзе дар наҷоти ҷони кӯдаке ширкат хоҳад кард.

Шоми 22-юми август, тахминан баъди соати 7 бегоҳ буд, ки садои кӯмакхоҳии кӯдакон баланд шуд. Ду духтари ноболиғ гуфтанд, ки ба дӯсташон саге ҳамла кард. Дилшод мегӯяд, ки ҳамроҳ бо ҳамватанони дигари ҳамкораш аввалин чизи ба даст омада — белро гирифта, ба сӯи кӯдак шитофт. Дандони дарранда гардани тифли 11-соларо маҳкам гирифта, намехост онро сар диҳад.

Дилшод Тоҳиров мегӯяд, «рафтам, ки саг духтарчаро аз гарданаш газида ба замин зер кардааст. Як-ду дақиқа зудтар давида омадем, вагарна шояд духтарча дигар зинда намемонд. Баъд тоқат накардаму ба сари саг ду-се бел задам. Аз гулӯяш сар доду аз сараш гирифт. Ин карат аз миёнаш се-чор бор задам, ки гурехт. Баъд духтарчаро гирифта, ба ҷои корам бурдам. Баъд ба бачаҳо гуфтам, ки аз гарданаш хун мерехт, аз гарданаш бидоред, ки хуни зиёд наравад».

Ҳама коргарони тоҷик ҳамон лаҳза даст ба кор шуда, яке талош мекард пеши роҳи хунравиро бигирад, дигаре гарданро докапеч мекард ва сеюмӣ аз дасти духтар гирифта буд, ки набзашро эҳсос кунад. Худи Дилшод рафта модаркалони Настяро даъват кард. Дилшод Тоҳировро дар хонаи Настя мешинохтанд — ӯ як ё ду сол пеш дар таъмири девор ё дарвозаи хонаи онҳо кӯмак карда буд.

Олга Александрова, модаркалони Настя гуфт, ҳамлаи саг ба наберааш хеле ногаҳонӣ буд. Худи ӯ якуним соат пеш аз фоҷеа аз назди ҳамон хонаву кӯча мегузашт ва ҳеҷ гоҳ тасаввур намекард, ки ротвеллери ҳамсоя метавонад набераи ӯро ҳадаф қарор диҳад.

«Хайрият, ки ҳамон лаҳза Дилшод ҳамон ҷо будааст. Онҳо барои соҳибашон қубури обгузар мегузарониданд, бо ҳамон асбоби зери дасташ — бел давида рафт. Ӯ барои наҷоти кӯдак кӯмак кард»,-афзуд Олга Александрова.

Мошини ёрии таъҷилиро ҳам Дилшоду ҳамкоронаш ҳамроҳ бо соҳиби хонае, ки дар он кор мекарданд, даъват карда, бо мошини ӯ то сари кӯча якуним километр роҳро убур карда тифли дар хун оғуштаро ба пешвози табибон бурданд. Олга Александрова гуфт, агар ҳамаи инро намекарданд, танҳо фарзанди писарашро аз даст медоданд.

Дилшод Тоҳиров мегӯяд, худ падари шаш фарзанд аст, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд ва дарди кӯдакро мисли дарди фарзанди худ қабул кард. Ҳоло ӯ дар таҳқиқи қазия ба полиси Русия кӯмак мекунад. Полиси ноҳияи Истра аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда соҳиби саги кушандаро ҳам ба ҷавобгарӣ кашидааст.

Дилшод Тоҳиров мегӯяд, дар ҳодисаи наҷоти ин духтарак, ҳамроҳи вай боз чанд ҳамватани дигараш низ буданд. Инҳо – сокинони деҳаи Қалъаи Нави шаҳри Роғун — Бахтиёр Тоҳирзода (додари Дилшод), Фаридун Турсунзода, Баҳриддин Зайдов, сокини Файзобод Сайёд Идиев ва Сабур — як сокини Душанбе мебошанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик дар Русия

  • Офарин шермардони точик! Мо аз шумо ва шумобаринхо ифтихор мекунем! Саломат бошеду муваффак ба Ватан баргардед!

Leave a Reply