Абдураҳмон Қодирӣ  минбаъд  илмро пеш мебарад

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Абдураҳмон Қодирӣ, собиқ раиси вилояти Суғд роҳбари институти зироаткорӣ дар вилояти Суғд таъин шудааст.

Дар филиали институти зироаткории академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ин хабарро тасдиқ карда, гуфтанд, ки таъини Абдураҳмон Қодирӣ ба ин мақом дуруст ду рӯз пеш сурат гирифтааст. Як корманди ин ниҳод, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, аз таъини Абдураҳмон Қодирӣ ба ин мақом хуш истиқбол намуда, гуфт, ки «собиқ раиси вилояти Суғд аз нафарони варзидаи соҳа ба ҳисоб рафта дар пешбурди кори ин идора низ саҳм гузошта метавонанд”.

Абдураҳмон Қодирӣ дар ин мақом Ҷамшед Валиевро иваз кардааст. Валиев билофосила муовини роҳбари филиали институти зироаткорӣ дар вилояти Суғд таъйин шудааст.

Абдураҳмон Қодирӣ, ки моҳи ноябри соли соли 2013 раиси вилояти Суғд таъин шуда буд, баъди беш аз чор соли роҳбарӣ, моҳи январи имсол аз вазифаи раиси вилояти Суғд барканор шуд. Ба ҷои ӯ Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд таъин гардид.

Аксари коршиносон аз фаъолияти чор солаи Қодирӣ хуш истиқбол карда таъкид мекунанд, ки воқеан Қодирӣ, ба роҳандозии ислоҳот дар ҳама ҷабҳаҳои хоҷагии халқ қодир буд. Таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар қаламрави вилояти Суғд, эълони соли роҳҳои обод дар вилоят, бозсозии боғи Камоли Хуҷандӣ дар Хуҷанд ва барномаи рушди ҳунарҳои мардумии атласу адрасбофӣ аз барномаҳои роҳбарии ӯ маҳсуб мешаванд, ки дар тӯли чор соли роҳбариаш ҳаркадоми аз онҳо бо муваффақ ба иҷро расонида шудаанд.

Зимнан, Абдураҳмон Қодирӣ узви Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон буда, 65 сола аст. Вале бисёре аз соҳибназарон бо вуҷуди ин солхӯрдагӣ, ӯро аз кадрҳои кордон сифат карда, мегӯянд, ки дар рушди кори роҳбарӣ ҳоло ҳам ӯ саҳм гузошта метавонад.

Абдураҳмон Қодирӣ 25 июни соли 1953 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллудшудааст. Соли 1975 бахши иқтисодии Донишкадаи агарарии Тоҷикистонро хатм кардааст. Қодирӣсолҳои 1996-2004 муовин ва сипас муовини аввали раиси вилояти Суғд, солҳои 2004-2006 раиси ноҳияи Зафарабод, 2006-2008 вазири кишоварзии Тоҷикистон ва аз 2008 то ноябри 2013 муовиниаввали раиси вилояти Хатлон буд.

Ноябри соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд ва аз 15 феврали соли 2014 то 13 январи соли 2018 дар мақоми раиси вилояти Суғд кор кард.

Абдураҳмон Қодирӣ дар мақоми раиси вилояти Суғд бо кордонӣ ва демократизмаш фарқ мекард. Қодирӣ аз ҷумла корафтодагонро шахсан қабул мекард ва ҳаддал

имкон арзашонро гӯш мекард.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Шумо дар бораи Абдурахмон Кодири гап мезанеду расми Кодири Косимро гузоштаед, хуб мешуд хатогиро ислох мекардед!!

    • Ташаккур барои ҳушдор доданатон. Иштибоҳамонро ислоҳ кардем

Leave a Reply