Адабиёти кӯдакон «пир» мешавад

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

 Бо номи нависанда Муҳаббат Юсуфӣ хонанда ошност. Ӯ рӯзноманигори чирадаст буда, мақолаҳои марғуби фарҳангӣ менависад ва миёни хонандагон маҳбубият дорад. Муҳаббат солҳои охир ба эҷоди асарҳои бадеӣ машғул шуда, чандин асари нағзу хонданӣ эҷод кард. Чун корманди китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар асту аз дунёи кӯдакон огаҳӣ дорад, солҳои охир барои наврасон ҳикояву шеър менависад.

Тӯли як моҳи охир дар ҷумҳурӣ Фестивали умумиҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид, ки Муҳаббат Юсуфӣ ҳам яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд. Чун бо эшон ҳамсуҳбат шудем, нахустин суоламон низ аз ин фестивал буд.

— Банда бо пешниҳоди Китобхонаи бачагонаи  ба номи М. Миршакар дар ин фестивал ширкат кардам, — мегӯяд апаи Муҳаббат. Соли равон фестивал як моҳ баргузор шуд. Ҳадафи он ҷалби кӯдакону наврасон ба китобхонӣ ва тарғиби адибони ҷавон мебошад. Баргузории ин фестивал барои пайдо кардани падидаҳои нав дар адабиёт ва тарғиби адабиёт муҳим аст.

— Ба наздикӣ китоби шумо «Дӯстии ношикастанӣ» аз чоп баромад. Дар бораи ин китоб чанд ҳарф бигӯед.

— Мегӯянд, нафаре, ки 100 китоб мехонад, 1 китоб менависад. Банда пеш аз ин китоб «Пайванди шикастанӣ» ном асарамро чоп карда будам.  Чун дар китобхонаи бачагона кор мекунам, муҳаббати ман ба кӯдакон зиёд аст, аз дунёи ботинӣ ва қалби беолоиши онҳо огоҳӣ дорам.  Албатта, теъдоди нашри китоби «Дӯстии ношикастанӣ» на он қадар зиёд аст, вале ба гумонам хонандаи худро пайдо кард. Зиёд мехоҳам ва ин орзуи ҳамаи адибон аст, ки теъдоди нашри китобҳо зиёд бошад ва кӯдакони тамоми Тоҷикистон ба он дастрасӣ пайдо кунанд. Муҳтавои китоби нави ман дӯстиву рафоқатро дар бар мегирад.

— Дунёи кӯдакӣ пур аз орзуҳои рангин мебошад. Ба фикри шумо асари эҷодшуда барои кӯдакон бояд чӣ гуна бошад?

— Шоир ва нависандаи бачагон, пеш аз он ки қалам ба даст мегирад, бояд андеша кунад, ки чӣ тавр навиштааш ба қалби кӯчаки кӯдак ҷо шавад. Имрӯз бисёриҳо даъвои онро мекунанд, ки барои кӯдакон асарҳои нағз навиштаанд, аммо ман, ки дар Китобхонаи бачагона кор мекунам, аз сатҳу сифати асарҳо огоҳам. Имрӯз адибони машҳури мо Ҷӯра Ҳошимӣ, Латофат Кенҷаева, Азизи Азиз ва Юсуфҷон Аҳмадзода барои кӯдакон асарҳои хонданӣ эҷод мекунанд.  Вақте ки навиштаҳои онҳоро мехонанд,  худро дар ҳақиқат дар дунёи кӯдакӣ эҳсос мекунанд. Шеъру ҳикояе, ки барои кӯдак офарида мешавад, бояд ба дили хонанда роҳ ёбад. Нафаре барои кӯдак асар офарида метавонад, ки ӯро дӯст медорад ва аз олами кӯдакӣ хабар дорад. Барои мисол, вақте шеъри Юсуфҷон Аҳмадзода – «Санҷобак»-ро мутолиа мекунед, беихтиёр ба он дил мебандед. Ин шеър ба дили хурду калон нақш бастааст.

— Аз иншои шеърҳои «Ман калон мешавам, қаҳрамон мешавам» ва «Бибиҷонам меояд» солҳо сипарӣ шуд ва онро ҳамагон то имрӯз мехонанд. Вақте кӯдакон шеърҳои шуморо дар ҳузуратон қироат мекунанд, чӣ эҳсосе шуморо фаро мегирад?

— Аслан ман шеър кам менависам ва худи хамин сол маҷмӯаи шеърҳоям таҳти унвони «Чор фасл» аз чоп баромад. Ман ягон маротиба даъвои шоирӣ накардаам ва бештар асарҳои насрӣ менависам. Албатта, вақте ки асари нависанда ё шоирро мехонанд, эҷодкорро ҳиссиёти аҷиб фаро мегирад. Вақте ки асари «Зинда дар гӯр»- ри маро дар Театри ноҳияи Файзобод саҳнавӣ карданд ва онро коргардони бомаҳорат Ҳабибуллои Мирзошариф ба саҳна гузошт, дар толор мисли кӯдаки навзод ашки шодӣ рехтам, ифтихор кардам.

-Дар бораи вазъи адабиёти имрӯзаи бачагона чӣ андеша  доред?

-Кӯдак бисёр дили нозуку ҳассос дорад. Барои кӯдак асар офаридан кори мушкил аст ва имрӯз ман бисёр афсӯс мехӯрам, ки теъдоди адибони бачагона хеле каманд. Дар баробари ин синну соли ҳамаи онҳое, ки масъулияти адабиёти кӯдакро ба дӯш доранд, аз 70 боло мебошад. Бисёр орзу мекунам, ки дар гӯшаву канори кишварамон падидаҳои нав пайдо шаванду бори адабиёти кӯдакро ба дӯш гиранд. Барои ин пешниҳод мекунам, ки фестивалу озмунҳо барои эҷодкорони болаёқати бачагон зиёд шавад.

— Чанд  асари шумо бо забонҳои дигар аз чоп баромад. Ба нашри китобҳоятон кӣ кумак мерасонад?

-Китоби «Дӯстии ношикастанӣ»-ро ба забони русӣ корманди телевизиони Тоҷикистон Карим Ҳайдар ва шоири меҳрубони шаҳри Турсунзода Ҳасанбой Ғоибов бо забони ӯзбекӣ тарҷума карданд. Ва умед дорам, ки хонандагони ӯзбекзабон ва русзабон аз ин китобҳо баҳаравар шаванд.

-Чӣ нақшаҳои эҷодӣ доред?

-Кӯшиш мекунам, ки асарҳои нағз нависам. Чанде пеш бароям хабар расид, ки соли равон дар Маскав Фестивали китоби беҳтарин баргузор мегардад ва дар он ширкат хоҳам кард.

-Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

 

Мусоҳиб

Уғулой Қутбиддинзода,

коромӯзи «Тоҷикистон»

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Адабиёти кӯдакон «пир» мешавад

  • Адабиёти кӯдаконаи мо таваллуд нашуда мурдааст

Leave a Reply