• Бахтовар Сафаров
  • 13.04.2019
  • 19

Адаш Истад: Тоҷикистон моро фаромӯш кард

Самарқанд. Маҳаллаи Лаби ғор. Кӯчаи Умари Хайём. Каме дуртар аз Хона-музейи абарустод Садриддин Айнӣ меросбари арзандаи адабиёти тоҷик, яке аз асосгузорони жанри фантастика, устод Адаш Истад шамъи адабу фарҳанги тоҷиконро дар ин куҳаншаҳр фурӯзон нигоҳ медорад. Дар рӯзҳои наврӯзи имсола меҳмони эшон шуда, чун меросбарони Хайём майи ангурӣ ва шафтолуи дастисози нависандаро нӯши ҷон карда, суҳбати самимие анҷом додем, ки фишурдаи он пешкаши  шумо мегардад.

Душанберо напартофтаам, ба Ватанам омадам…

-Устод, бори охир кай ба Душанбе рафта будед?

-Соли 2004 дар 70 -солагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

-Ин фосилаи тӯлониро сабаб чист?

-Сабаб дар он аст, ки ман шахси бетабаа ё бешаҳрванд ҳастам. Барои он ки аз ҳудуди Ӯзбекистон берун равам аз “ОВИР” ном идораи милиса бояд шиносномаи берунрафт ё хориҷӣ бигирам. Муҳлати ин шиноснома ду сол аст ва агар дар ин ду сол сафари хориҷӣ анҷом наёбад, шиноснома бекор мешавад. Вақте бо азоби зиёд шиноснома мегирифтем, барои ба Тоҷикистон рафтан виза пайдо намекардем ва на ҳамеша вазъият ба ин имкон медод. Ҳамин тавр, 15 сол аст, ки ба Тоҷикистон нарафтаам.  Аммо дил мехоҳад, ки ҳар вақт ба Душанбе оям ва аз ҳолу аҳволи дӯстонам хабар гирам…

-Шумо дар Тоҷикистон обрӯву шуҳрат доштед: нависандаи шинохта, публитсисти чирадаст ва ҳатто мансабдор. Сабаб чӣ буд, ки ин ҳамаро раҳо карда, ба Самарқанд омадед?

-Албатта, ман дар Душанбе барои пешрафт имконияти васеътар доштам. Аммо дар он солҳои барои тоҷикони Ӯзбекистон душвор омаданам ба Самарқанд ногузир буд. Дар ин ҷо бо талоши тоҷикони худшинос рӯзномаи тоҷикӣ – «Овози Самарқанд» ташкил шуд, аммо он аз лиҳози кадрӣ танқисӣ мекашид. Муовини сардабири ин рӯзнома Хурсанд Ҷӯразода, ки худ дастпарвари «Тоҷикистони советӣ» буд, маро даъват кард, ки ба Самарқанд оям ва барои тарбияи ҷавонони навқалам саҳм гирам ва ман розӣ шуда, муваққатан омадам. Аммо дере нагузашта, ягона духтарамон дар ҳамин ҷо бахти худро ёфт ва аҳли оилаам низ дар ин ҷо одат карданд. Ҳамин тавр, ман ин ҷо муқимӣ шудам. Хонаи Душанберо бошад, ба қарибӣ фурӯхтем ва ду писарам низ, ки он ҷо кору зиндагӣ мекарданд, омаданд. Айни замон мо ҳама шаҳрванди ягон давлат нестем ва мақоми бешаҳрвандӣ дорем. Гарчанде барои дарёфти шаҳрвандӣ муроҷиат кардем, аммо ҳоло ҳам посух нест. Аслан мутобиқи қонуни Ӯзбекистон ба нафароне, ки 5 сол дар ин кишвар доимӣ зиндагӣ мекунанд, шаҳрвандӣ дода мешавад, аммо барои мо – тоҷикистониҳо роҳҳо баста буд. Ҳоло муносибати Ҳукумат дигар шуд ва мо ҳуҷҷат супорида, интизори гирифтани шаҳрвандӣ ҳастем.  

-Ягон маротиба фикри ба Душанбе баргаштанро кардед?

-Не, ба он сабаб, ки хонаводаам дар ин ҷо одат карданд ва барои ҳар як инсон хонавода аз ҳама муҳим аст. Сабаби дигари омаданам вақтҳои охир дар Тоҷикистон маҳалгароӣ афзоиш ёфт ва дар чунин шароит кору фаъолият кардани ман душвор мебуд. Баъди омадани ман дар Тоҷикистон гапҳое ҳам пайдо шуд, ки ӯ ҳамин ҷо сабзид, ба воя расид, нависанда шуд, аммо партофта рафт. Не! Ман Душанберо напартофтаам, балки ба ватани худам омад. Омадани ман сабаби канда шуданам аз тоҷикон ва Тоҷикистонро надорад. Баръакс, ман фаъолиятамро идома додам, блоги тоҷикӣ кушодам, мухбири  «Овози тоҷик» дар Самарқанд будам ва мақолаҳои зиёде навиштам. Замоне, ки Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ раиси фарҳангистони тоҷик дар Самарқанд буду ман мухбири «Овози тоҷик», мо 2000 нафарро танҳо дар Самарқанд ба ин рӯзнома обуна кардем. Баъди ин вақте сармуҳаррири «Овози тоҷик» бознишаста шуд, маро ҳатто ба сифати сардабир пешниҳод карданд, аммо нотавонбинон маро тоҷикистонӣ гуфта, монеъ шуданд.   

-Яъне, шумо дар ин ҷо меҳрубонӣ надидед?

-Ман интизори меҳрубонӣ набудам ва нестам. 

Радикалҳо обро лой карданд

-Устод, ҳаракатҳои миллигароии тоҷикони Ӯзбекистон дар охири солҳои 80 ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта ривоҷ ёфт, аммо якбора саркӯб шуд. Сабаб чӣ буд? Оё худи тоҷикон иштибоҳ карданд ё чизи дигар?

-Ман ба Ӯзбекистон соли 1993 омадам ва ҳаракатҳое, ки шумо мегӯед,  пеш аз ин шуда буд. Яъне, ман иштирокчӣ ё шоҳиди бевоситаи ин ҳаракатҳо нестам, гарчанде аз Душанбе онро пайгирӣ мекардам. Баъди омаданам ҳам ман наметавонистам дар сафи бевоситаи муборизон бошам, зеро аллакай вазъ хуб набуд ва маро ҳамчун шахси бешаҳрвандӣ метавонистанд ҳар лаҳза депорт кунанд. Дар мавриди ҳаракатҳои миллӣ бошад, он дар ибтидо самар овард ва тоҷикон тавонистанд, ки фаъолияти матбуоти тоҷикиро ба роҳ монанд ва ҳатто «Овози Самарқанд» барин газетаи ҳукуматӣ дар вилояти Самарқанд ба фаъолият оғоз кард.  Марказҳои фарҳангӣ, санъаткорон ва адибон фаъол шуданд, яъне имконият барои рушди забони тоҷикӣ васеъ шуд. Аммо худи пешвоёни ин ҳаракатҳо ба иштибоҳ роҳ доданд, дар миёнашон радикалҳо ки буданд аз бедории мардуми суиистифода карданд. Ҳатто дар миёнаи митингчиён «Ба тоҷикон автономия дода шавад» гуфтанӣ шиорҳо пайдо мешавад, ки рафиқони ӯзбек хато фаҳмиданд ва ба ҳарос афтоданд. Ин буд, ки ин ҳаракатҳо маҳдуд шуд. Ин иғвогарон аз хориҷа, ба эҳтимоли калон аз Маскав супориш гирифта буданд, то вазъро дар Ӯзбекистон ба чолиш кашанд. Бо айби ҳаминҳо роҳбарони ҷунбишҳо ва тоҷиконро аз вазифаҳои муҳим барканор карданд.  Ин радикалҳо шахсиятҳои маъруф буданд. Масалан, профессор Ҷамол Мирсаидов яке аз онҳо буд, ки дар атрофаш одамонро ҷамъ карда, ба муборизаи тезутунд даъват мекард, ҳол он ки вақти ҷангҷол гузашта, замони дипломатия ва мусолиҳа расида буд. Ҳоло ин саркардаҳо ва радикалҳо таъсири худро аз даст додаанд ва ҳама чиз тағйир ёфт. Муносибати ҳукумати кишвар низ нисбати тоҷикон дигар шуд. Қаблан дар телевизиону радиои мо сурудҳои тоҷикиро кам пахш мекарданд, ҳоло ҳар каналеро тоб диҳед, суруди тоҷикӣ ва забони тоҷикӣ садо медиҳад. Нашрияҳо ба табъ мерасанд, китобҳо чоп мешаванд…

-Дар сатҳи расмӣ гӯё ҳама чиз хуб, аммо дар байни худи мардум «тоҷикият» то куҷо ҳифз шудааст?

-Тоҷикият дар миёни тоҷикони Ӯзбекистон, албатта, ҳифз шудааст. Дар масъалаи забон бошад, ҳама дар хонаву кӯча бо тоҷикӣ гап мезананд, аммо теъдоди мактабҳо рӯз аз рӯз кам шуда истодааст. Иваз шудани алифбои расмии Ӯзбекистон аз кириллӣ ба лотинӣ ин равандро тезонид. Зеро мардум диданд, ки агар бачаҳояшон бо хати кириллӣ хонанд, баъдан, ҳангоми таҳсил дар мактаби олӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ душворӣ мекашанд. Бинобар ин, вақте кӯдаконашонро ба синфи якум мебаранд, талаб мекунанд, ки ба синфи ӯзбекӣ гузаронанд.   

-Дар Самарқанд забони тоҷикӣ хуб ҳифз шудааст, аммо мегӯянд, ки дар Бухоро вазъ каме нигаронкунанда аст…

-Дар Бухоро ҳам мисли Самарқанд тоҷикон зиёданд ва онҳо дар хонаву бозор ба тоҷикӣ ҳарф мезананд. Забони тоҷикӣ дар ин шаҳр ба воситаи эрониҳои шиамазҳаби Бухоро, ки форс ҳастанд, ҳанӯз пойбарҷост. Эрониҳои Самарқанд бошанд, турк — озарӣ ҳастанд, зуд забони ӯзбекиро қабул карданд… 

…гӯё, ки набудам!

-Шумо дар даврони тиллоӣ вориди майдони адабиёт шудед ва ҳамчун яке аз асосгузорони жанри фантастика дар адабиёти тоҷик шинохта гардидед.  Чӣ шуморо такон дод, то ба ин равияи мушкил ва ҷадид даст занед?

-Аз кӯдакӣ ман асарҳои фантастикиро  зиёд мутолиа мекардам. Муҳобот нест, агар гӯям, ки дар китобхонаи мактаб ва ноҳия ягон китоби фантастикӣ намонда буд, ки нахонда бошам. Ҳамин тавр, вақте дар қалби ман шарораи адабиёт пайдо шуд, ман кӯшиш кардам, ки дар ин ҷараён эҷод кунам ва ҳамин тавр, соли 1969 маҷмӯаи нахустинам «Мавҷи хаёлот» ба нашр расид.

-Асарҳои шуморо хонанда чӣ гуна қабул мекард?

-Он даврон, ки прогреси техникӣ яке аз ғояҳои муҳими тарбияи кӯдакон ба ҳисоб мерафт, ба адабиёти фантастикӣ таваҷҷуҳ зиёд шуд. Қабл аз ман Абдумалик Баҳорӣ ҳам як-ду ҳикояи фантастикӣ навишта буданд. Аслан фантастика барои наврасон бисёр муҳим аст. Он дар зеҳни кӯдакон шавқу завқи донистани асрори кайҳон ва тафаккури техникиро бедор карда, дониши онҳоро аз ҳар ҷиҳат такмил медиҳад. Дар аввалин навиштаҳои худ банда бештар ба дастовардҳои илму техника бештар таваҷҷуҳ мекардам, аммо баъдан вақте дар чандин семинар ва конфронси нависандагони ин равия дар Маскав ширкат кардам, дарк намудам, ки дар адабиёти фантастика адабиёт, яъне образ, тасвир ва тахайюл дар ҷойи аввал меистад. Яъне, агар 2 зарби 2 баробари 4 неву 16 ва он дар фалон сайёра… Ва дар асар бояд ба шевае исбот кардан лозим, ки 2 зарби 2 16 мешавад.

-Ин хонандаро аз ҳаёти реалӣ дур намекунад?

-Ҳаргиз. Фантастика метавонад иҷтимоӣ бошад ва проблемаҳои муҳимро низ матраҳ кунад. Махсусан дар замони шӯравӣ, ки идеологияи адабиётро зери назорат гирифта буд, мо тавонистем, ки масоили зиёдеро ба ин васила матраҳ кунем. Масалан, ман ҳикояе бо номи «Дарахти пахтачормағз» дорам.  Он замон пахта омили асосии рушди Иттифоқи Советӣ буд, аммо дар мавриди зарарҳои он чизе гуфтан имкон надошт. Вақте банда ин ҳикояро навишта, тарҷума карда, ба семинар ба Москва бурдам, он баҳои баланд гирифт, вале рӯйрост гуфтанд, ки сиёсист ва чоп кардан имкон надорад. Аммо он дар Тоҷикистон чоп шуд ва ҳатто китоби ман ба ин унвон баромад. Яъне, проблемаи номбаршуда на дар Тоҷикистон, на дар СССР ва ҳатто на дар рӯйи Замин, балки дар як сайёраи дур рух медиҳад, аммо дар асл ин мушкили ҷомеаи мост. Главлит ҳам онро дарк накарда, ба чопаш идома медод. Ҳамин тавр, ман чандин ҳикоя доир ба вазъи экология дорам…

-Агар бигӯям, ки фантастика бо шумо нумӯъ ёфт ва бо шумо ба охир расид, иштибоҳ намекунам. Чаро дигар дар ин жанр эҷод намекунед?

-Сабабаш зиёд. Гарчанде, ба эҷодиёти ман адабиётшиносон ва мунаққидон баҳои хуб дода буданд, аммо ман дар назари аҳли адаб як одами беэътибор будам. Дар адабиёт ба кӣ бояд ҷоиза бидиҳанд? Ба оне, ки навоварӣ карда бошад ва асари арзишманд навишта бошад, аммо ман гӯё набудам. Ҳамаи нависандагони ҳамсинну соли ман соҳиби мукофот шуданд, ҷуз ман. Сабаби ин, албатта, боз ҳам маҳалгароист. Ман як самарқандии бесоҳиб будам, навбати хона мошин ва мукофот ба ман намерасид. Илова ба жанри фантастика барои кӯдакон китобҳои «Саргузашти нахӯдак» ва «Чароғи сеҳрнок», барои калонсолон «Ҳикояҳо аз рӯзгори Борбад»-ро навиштам, даҳҳо очерку мақола ва ҳикояҳои ҳаҷвиам чоп шуданд, аввалин радиопейса дар адабиёти тоҷик ба қалами ман тааллуқ дорад, асари драмавиамро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бурҳон Раҷабов ба саҳна гузоштанд ва ҳамаи инҳо аз тарафи мунаққидон баҳои мусбӣ гирифтааст. Аммо ман соҳиби ягон мукофот нашудам. Баъди соҳибистиқлолии кишвар Мардон Мавлонов ва Фаррух Зокиров ва баъди хуб шудани муносибатҳо Шералӣ Ҷӯраев ва чанд нафари дигар мукофотҳои Тоҷикистонро гирифтанд, аммо мо ҳатто даъват нашудем. 

-Шумо узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастед. Оё бо ин ниҳоди эҷодӣ робитае доред?

-То замоне, ки Меҳмон Бахтӣ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буданд, робита доштем, аммо баъди эшон на. Меҳмон Муҳаббатович дар ҳамон давраҳои душвор қариб ҳар сол як маротиба ба Ӯзбекистон омада, аз ҳоли мо хабар мегирифтанд. Ҳатто китобҳоямонро бурда, аз рӯйи имкон чоп мекарданд. Раиси феълии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим баъди хуб шудани муносибатҳо чандин маротиба ба Ӯзбекистон омад, аммо як маротиба ҳам аз ҳоли мо – аъзои Иттифоқи нависандагон хабар нагирифт…  

Талаби Меҳмон Бахтӣ

Ҳоло вазъи адабиёти тоҷик дар Самарқанд чӣ гуна аст?

-Шоирон ҳастанд, як-дуто шеър навишта, дар рӯзномаҳо чоп мекунанд, баъзеҳо китоб ҳам карданд, аммо сатҳи адабиёт, албатта, дар пояи адабиёти Тоҷикистон нест. Адибони нағз ҳастанд, ба монанди Нормурод Қаримзода, Бахтиёри Ҷумъа ва Дилшода Фарҳозод, ки дар пояи адибони баркамоли тоҷик эҷод мекунанд. Китобҳои илмиву дарсӣ ҳам ба тоҷикӣ нашр мешаванд, аммо мо мехоҳем, ки адабиёти тоҷик дар пояи баландтар рушд кунад. Зеро имрӯз падидаҳои адабӣ мавҷуд аст, вале муҳити адабӣ нест.  Зимни яке аз сафарҳои худ ба Ӯзбекистон Меҳмон Бахтӣ, ки ҳамроҳашон Гулназар ҳам буданд, аз Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон тақозо карда буданд, ки шуъбаи адабиёти тоҷик кушода шавад, аммо ин масъала дида баромада нашуд. Қаблан дар замони шӯравӣ чунин як шуъба буд ва эҳё кардани он имрӯз муҳим аст, зеро фурсат расидааст. Мо бо адибони Ӯзбекистон муносибати хуб дорем, дар чорабиниҳояшон моро даъват мекунанд.

-Як замон манзумаи шумо дар бораи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ба дастам афтид ва баъдан огоҳ шудам, ки шеър ҳам менависед… 

-Шеър чизест, ки одам аз рӯи ҳиссиёт менависад. Ман ҳанӯз дар Тоҷикистон машқи шеър мекардам, аммо ба чоп намедодам. Бештар мо кӯшиш мекардем, ки насрамон рушд кунад, зеро насри мо дар пояи насри иттифоқ набуд. Бо вуҷуди он ки Фазлиддин Муҳаммадиев насри андешаро ба вуҷуд оварданд ва пайравону шогирдонашон корҳои наҷибе мекарданд, аммо ҳамоно нозимон пешдаст буданд. Сабаби ин устод Турсунзода буданд, ки бо шеър шуҳрати ҷаҳонӣ ба даст оварданд. Ҷавонон ҳам дар пайравӣ ба эшон бештар кӯшиш мекарданд, ки шеър нависанд.  Як замон Фазлиддин Муҳаммадиев дар яке аз ҷаласаҳои иттифоқ шуъбаи назмиро як хонаи сербачукач ва пуршурушавқ ва шуъбаи насрро ба хонаи калоне, ки ду-се бача рӯйи он бозӣ карда мегардад, монанд карда буданд. Дар баробари ин, драматургияи мо суст буд ва сустии он ба театр таъсир мерасонид. Сустии наср, сустии санъат ва театрамон сабаб шуд, ки мардум аз лиҳози фикрӣ ривоҷ наёбанд. Ҳамин суст будани ривоҷи фикрӣ сабаб шуд, ки баъди пошхӯрии Иттифоқи Советӣ ҷанги шаҳрвандӣ сар зад… Мо бояд имрӯз ҳам барои аз лиҳози маънавӣ пеш рафтани мардум фикр кунем. На ҳамаи чизҳое, ки қаблан офарида шуданд, ба дарди замон мехӯранд ва на ҳамаи матнҳои классикӣ барои имрӯз муфиданд. Бинобар ин, дар мавриди онҳое, ки муҳити маънавӣ ба вуҷуд меоранд, барои ривоҷи фикрӣ мусоидат мекунанд, бояд таваҷҷуҳи махсус сурат гирад ва онҳо қадрдонӣ шаванд. Ба наздикӣ тариқи телевизион дидам, ки Фирӯз Баҳорро аз Олмон даъват карда, шаби эҷодиашро гузарониданд. Хурсанд шудам… Кош, Иттифоқи нависандагон ҳам ин корро дар мавриди адибон мекард.

75 ҳазор хонандаи «Герби шердор»

-Айни замон шумо машғули чӣ коред?

-«Ифодаҳои обдори самарқандиён» — намунаи зарбулмасалу мақоли забони гуфтугӯйии самарқандиён намунаи охирини кори ман аст. Мақсади ман бо ҷамъоварии ин ифодаҳо шираву назокату нафосати забони гуфтугӯйии самарқандиёнро ба худашон фаҳмонданӣ буд. Мехостам онҳо донанд, ки забонашон аз ҳар ҷиҳат бадеӣ, образдор ва зебо аст.

-Дар Ӯзбекистон хонанда доред?

-Бале. Дар газетаҳо, ки навиштаам нашр шуд, мехонанд, занг мезананд. Веб-блоги ман «Герби шердор» хонандаи зиёд дорад ва теъдоди хонандагонаш имрӯз ба 75 ҳазор нафар расидааст. Акнун дар замоне, ки Интернет ривоҷ пайдо кард, дигар дар куҷо будани инсон аҳамият надорад. Акнун муҳим аст, ки ту ҳамчун эҷодкор барои худат, барои мардуми худат, чӣ корҳо мекунӣ. Ҳозир мақолаҳои ман дар нашрияҳои  «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд» ва «Ховар» чоп мешавад. Яъне,  фаъолияти ман дар Самарқанд ҳам қатъ нашудааст, гарчанде  13 сол боз дар нафақа ҳастам.

-Чаро солҳои охир китобатон ба нашр намерасад?

-Барои чопи китоб маблағ лозим аст. Ман як китобамро ба Душанбе фиристодам ва аз Гурез Сафар – сардори нашриёти «Адиб» хабар омад, ки маблағе, ки Президент барои нашри китоби адибон ҷудо кардаанд, тамом шуда ва мо китоби шуморо нашр карда наметавонем. Аммо ман хоҳиш мекунам, ки Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мо – тоҷикони берун аз Тоҷикистон ҳам эътибор диҳанд, зеро эшон Пешвои тоҷикони ҷаҳон ҳастанд.

-Баробари ворид шудан ба ин ҳуҷра чашмам ба нимпайкараи шумо афтид. Вақте одам ба тандиси сангии худ назар мекунад, чӣ ҳиссиёт ӯро фаро мегирад?

-Ин тандис 23 сол аст, ки дар ҳамин ҷост ва ман ба он одат кардам. Ин нимпайкараро дар ҷашни 50-солагиам ҳайкалтарши самарқандӣ Эргашхон Қаҳҳорӣ сохта, ба ман ҳадя кард. Вақте маро ба мавлудам касе табрик накард ва Тоҷикистон маро фаромӯш кард, аз ҷумла Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Қаҳҳорӣ барои рӯҳбаланд кардани ман онро сохта овард.

Маълумотнома

Адаш Истад – нависанда, журналист ва блогери тоҷик. Дорандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ соли 1990.  7 сентябри соли 1946 дар Самарқанд ба дунё омада, соли 1969 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст. Солҳои тӯлонӣ дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Маданияти Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», радиои Тоҷикистон, нашрияҳои «Овози Самарқанд», «Овози тоҷик», радиои «Озодӣ», радиои «Садои Хуросон» фаъолият кардааст.

Китобҳояш «Мавҷи хаёлот»(1970), «Суруди офтоб» (1974), «Замир»(1978), «Дарахти пахтачормағз» (1981), «Баъди ҳазор сол» (1988), «Борбад» (ба забони русӣ) ва «Ҳикояҳо аз рӯзгори Борбад» (1990) «Парвози меъмор» (1985), «Чароғи сеҳрнок» (1989), «Оҳангҳои Самарқанд» (2008) ва ғайра маҳбубият пайдо кардаанд. Садҳо навиштаи ӯ дар рӯзномаву маҷаллаҳо нашр шудааст. 

Мусоҳиб: Одил Нозир,

«Тоҷикистон»

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Anonymous:

    Устод Адаш Истад инсони шариф, нависанда ва журналисти соҳибистеъдод ҳастанд. Асарҳои зиёди арзишмандро эҷод кардаанд. Эҳсос ва ҳувияти миллии баланд доранд. Ҷрйи устод Адаш Истад дар муҳити адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистон холист. Ба устод дар ҷодаи фатҳи қуллаҳои навба нави эҷоди барори кор ва комёбиҳои бешумор таманно дорам. Сарбаланду сарсабз ва пирӯз бошед, устоди гиромӣ!! Аҳли адабва фарҳанги Тоҷикистон Шумо фаромӯшш накардааст. Тоҷикистон ватани шумост. Биёед, нури дида тоҷи сар. Қадам бебоктар неҳ дар ҳарими ҷони муштоқон. Ту соҳибхонаӣ охир, чаро дуздона меойӣ!

  • Парвина Абдулхамидова:

    Адаш Истадро ман шахсан хамчун яке аз бехтарин нависандахои сабку услуби хоси забони дошта мешиносам. Доимо асархои фантастикии ин касро бо халоват мехондам. Ба фикрам, Иттифоки нависандагони Точикистон акнун бояд нависандахои боистеъдоди моро ки берун аз кишвар ба сар мебаранд тезтар ба ед оварда бо онхо дар тамос шуда асархояшонро чоп кунад. Насли наврас забони точикиро аз асархои Адаш Истад хело хуб хохад омухт.

  • Нусратулло Юсуфбеков:

    Мо Шуморо хеч вакт фаромуш намекунем.

  • Машварат Лутфуллоева:

    Мухаббати беинтихои мухлисонатон устоди гироми олитарин мукофот асту умед дорем,ки кадршиноси мешавед.

  • Мирасрори Фаргони:

    Устоди бузургвор, Адаш Истад! Ифтихор мекунам, ки сар чанд вақт бо шумо ҳамкор будам ва гоҳ-гоҳе, зимни омадан ба шаҳри бостонии Самарқанд, борҳо бо шумо ҳамсӯҳбат шудан бароям муяссар гардид. Боре бо устод Ҷумъа Ҳамроҳ, ба сӯроғи шумо рафтему ёфтему сӯҳбатҳои қандак кардем. Умедворам чунин сӯҳбатҳи қандақи Риштон барин ширину гуворо бароямон бисёрҳо бор муяссар мегардад.
    Ба Одил Нозир — журналисти номвар низ сипос барои ин сухбати чолиб.

  • Тилав Расулзода:

    Расмулхати бобоӣ, Нури басари моӣ! Чунин ном дошт унвони мақолаи Шумо, ки огандаи меҳру муҳаббат ба расмулхати порсӣ, яъне алифбои ниёкон, ба миллат буд. Шумо яке аз он аламбардороне будед, ки мехостед, алифбои ниёкон ба мақоми худаш дар Тоҷикистон баргардад. Орзуе, ки то ҳанӯз чун орзу боқӣ мондааст. Вале бо гузашти солҳо меҳри Шумо дар дили ҳамдилонатон заррае кам нагардида,балки сад бор афзун гардида. Зеро ормонҳои бузург ба як бор пиёда намешаванд. Тахриб кардан чӣ осон, вале бунёд кардан чӣ мушкил!

  • Илхом Чамолиён:

    Устод Адаш, Ифтихор дорам, ки бо чунин фарзанди фарзонаи миллат ҳамкору ҳамнамак будам. Аммо ҳеҷ аз ёдам намеравад, вақте ки 20 сол муқаддам гуруҳи эҷодиро ба хотири наворбардории чанд лаҳза барои филме ба ифтихори 675 солагии Камоли Хуҷандӣ ба Самарқанд роҳбаладӣ кардам, ба мушкилоти сангине дучор шудем. Чун баъзе аз ҳамроҳони мо бо худ шиноснома ё дигар санади расмии тасдиқкунандаи шахсияташонро надоштанд, бо вуҷуди расман вориди Самарқанд шуданамон, ҳатто мансабдорон дар ҳалли будубоши мо ноилоҷ буданд. Ва танҳо Шумо мушкили моро осон кардед ва як хонаи сехуҷораи худро воқеъ дар ру ба руи Регистон наздики як ҳафта ба ихтиёри мо гузоштед. Чунин иттифоқ афтод, ки ҳамон замон дар як майдони филмбардорӣ дар саҳни Шоҳи Зинда
    ду гуруҳ барои филмҳои худ саҳнасозӣ мекарданд. Мо. меҳмонон, дар бораи Хоҷа Камол ва гуруҳи дигар, мизбонон, дар бораи «ҷадди бузургашон» Амир Темур.
    Мо мегуфтем, Хоҷа Камол шоирест ориф ва онҳо мегуфтанд, Хоҷа Камол орифест шоир. Ҳама розӣ будем. Онҳо мегуфтанд, Амир Темур соҳибқирон ва ҷаҳонгири нотакрор аст. Аммо мо мегуфтем: ӯ қотили миллати мост… Онҳоро ин гуфтаҳои мо маъқул набуд. Аммо воқеиятро метавон пинҳон кард? Аммо заковати фавқулоддаи Шумо буд, ки дар ин мавридҳо мо аз эҳсосоту саргармӣ раҳо мешудем. Хушбахтона, мо мисле Шумо бузургворонро дорем, устод. Боз ҳам шодрузатон фархунда бод!!!

  • Латиф Хадязода:

    Адаш Истад -намунаи ОДАМИ асил, зиёии зиёафкан нурпарокан, олим — тадкикгари таъриху тамаддуни Осиёи Маркази ва чахон, этнограф ва демографи тавонманд, нависандаи шириннавис, педагоги бузург, муаллим тарбиятгари борикандеш хастанд. Ин истилоххо — калимахои бозарфият махсус, нугизабони интихобшуда нестанд, балки вокеан бори маъни мекашанд, ифодагари баъзе пахлухо, тавонмандихои УСТОДАНДУ бас. Солхои хамкори дар шуъбаи адабии радио-тевизиони Точикистон, мо устодро байни хам «Човидон Хирад» мегуфтем, зеро устод набзи зиндагиро эхсос мекунанд, конуниятхои инкишофи онро басо жарф дарк кардаанд, андешахояшон равшан, рафторашон омузанда аст. Аз он ки муддате аз хирмани донишу фаросати устод бахрахо бардоштаам ризоманду шоду мамнунам. Шод бошу дер зи, эй дуст, ЭЙ УСТОД!

  • Anonymous:

    Адаш Истад ба қадршиносӣ арзанда аст ва набояд ӯ аз назари иттифоқҳои нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дур монад. Тоҷик дар тамоми дунё ҳамчун тоҷик мемонад ва маҳсули эҷодаш ҳам аз они тамоми тоҷиконанд.

  • Хурсандмуроди Сангин:

    Дар точикистонбудахоро базур сурог мекунанду, чи расад ба фарзандони фарзонаи бурунмарзи.

  • Нусратулло султонов:

    Кӯрдилҳо гар фаромушат кунанд,
    Орзудорам ҷаҳон ёдат кунад.
    Дар раҳи мардиву мардонагӣ ҳазрати Иқбол имдодат имдожат кунад!
    Устод Шумо дар дилҳои моед!

  • Убайдулло:

    Устоди гироми хастанд шахсоне ки Шуморо эхтиром доранд…зиндаву саломат бошед…аз хама мукофоти оли ин кадр намудан аз тарафи мардум аст..Шуморо ед дорем ва кадр хам мекунем…

  • Barno:

    Мо донишчуен филологхои солхои 70 ум Адаш Истадро ва асархояшро хондаем ва хамчун нависанда хуб мешинохтем.

  • Jamila:

    Устоди гироми асархои Шуморо хондааму дар хотир дорам. Албатта аламовар аст. Мухимаш худованд ачратонро дихад на бандааш. Худованд нигохбонатон.

  • Tojik:

    Устод Адаш Истад арзандаи чоизаи ба номи Рудаки хастанд…

  • Амин Шарипов:

    Шумо дар дили мо хастед, эьчод карданро давом дихед Устод!

  • Рахимберди тошмаьов:

    Он рӯз дур нест. Ба қадри шумо хоҳанд расид. Ман ба ин бовар дорам.

  • Обидчон саидзода:

    Устод Адаш дар рушду нумуи бахши адабии радиои «Точикистон» накши калон дорад, силсилаи гуфторхояшон дар хазинаи тиллои махфуз хастанд.

  • Anonymous:

    Домуллои мухтарам! Шукронаи хастии Шуморо дорем!Агар чанд курдили сохибмансаби имруза дар Точикистон точикони берунмарзиро фаромуш кард, боке нест. Шуморо,хизматхои Шуморо,точикони баруманди Самарканди кандмандро, мардуми адабиетдусту точикниходи Точикистон ед дорад ва дуст дорад…

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner