Ғафуровро барои қаллобӣ дастгир карданд

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Роҳбари «Маркази миллии фарҳангии тоҷикон”-и ҷумҳурии Чувашияи Русия Абдулмаҷид Ғафуров бо ҷурмиқаллобӣ ба як солу ду моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти УФСБ Чувашия хабар дод.

Ба гуфтаи додгоҳ, Ғафуров дар ду маврид аз ҳамватанҳояш пул тамаъ кардааст – бори аввал ӯ аз як нафар барои қатъи парвандаи садамаи марговар 300 ҳазор рубл ва дар мавриди дуюм аз як ҷавони тоҷик, ки аз Донишгоҳи Чебоксари хориҷаш карда буданд, бо ваъдаи барқарор кардани ӯ дар ин донишгоҳ 150 ҳазор рубл гирифтааст.Хадамоти матбуоти УФСБ Ҷумҳурии Чувашия дар иттилоияиаш мегӯяд, ки роҳбари ҷамъияти тоҷикон Абдулмаҷид Ғафуровро бо далели шайъӣ ҳангоми гирифтани пул дастгир кардаанд. Додгоҳ ӯро дар қаллобӣ гунаҳкор шинохт ва ба як солу ду моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Ҳукми Ғафуров алакай ба иҷро даромадааст.Абдулмаҷид Ғафуров, роҳбари Маркази милли фарҳангии тоҷикон (Таджикский национальный культурный центр), бузургтарин созмони муҳоҷирони тоҷик дар ҷумҳурии Чувашияи Русия аз ҷониби кормандони ФСБ дар оғози тирамоҳи гузашта бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуда буд.Ғафуровро ибтидо барои он дастгир кардаанд, ки аз як сокини Маскав пули калон гирифта, ваъда додааст, ки масъалаи таъқиби ӯ дар чорчӯби як парвандаи ҷиноятиро бо истифода аз алоқаҳояш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додситонии Чувашия ҳал мекунад. Ин зодаи Тоҷикистон дар парвандаи садамаи нақлиётие, ки сабаби марги як инсон шуда буд, ҳамчун гумонбар мегузашт. Ғафуров ба вай ваъда додааст, ки дар ивази 300 ҳазор рубл масъалаашро ҳал мекунад.Аммо ҳанӯз тафтиши ин парванда анҷом наёфта, Ғафуровро боз ба як кӯшиши дигари қаллобӣ айбдор карданд. Ин дафъа Абдулмаҷид Ғафуров ба як зодаи Тоҷикистон, ки аз донишгоҳи Чебоксари хориҷаш карда буданд, ваъда додааст, ки дар ивази пул метавонад ӯро дар ин донишгоҳ барқарор кунад. Ӯ ҳаққи хидмати худро 150 ҳазор рубл нарх кардааст.Баъди ин қазияи ахир ба зидди Абдулмаҷид Ғафуров боз як парвандаи ҷиноии дигар оғоз карданд ва ин дафъа вайро ба ҳабс гирифтанд.Абдулмаҷид Ғафуров 60 сол дошта, қаблан сардори бахши ҷустуҷӯи ҷиноии милисаи шаҳри Қӯрғонтеппа будааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply