Актиёри духтардузд

Рози ситораҳо, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Имрӯзҳо хурду калон дар кишвари мо ошиқи сериали «Муҳаббати сиёҳ»- мебошанд, зеро қаҳрамонҳои филм дар ҳақиқат нақшашонро олӣ бозидааст. Номи Наслеҳан, Камол ва Амир ҳамарӯза вирди забони тамошобинони тоҷик давр мезанад.

Яке мегӯяд, ки дар поёни филм Наслеҳан аз дасти шавҳараш Амир ба қатл расонида мешавад. Дигаре мегӯяд, ки Амири ташнаи хун ҳамсарашро бо Камол рашк бурда, дар пеши чашми мардум ошиқонро мепаронад. Савуми андеша дорад, ки  Амир ва Камол зери бомба метарканд ва филм анҷом меёбад. Бо хоҳиши зиёди мухлисони ин сераил мо тасмим гирифтем, то дар  бораи яке аз қаҳрамонҳои ин филми машҳур, ки Каан Ургандҷиоғлу ном дораду дар нақши Эмир ҳамаро бо зебогияш ба ваҷд овардааст сар ба сомонаҳои интернетӣ зада, маълумот пайдо намоем.

Даричаи ошноӣ:
Ном ва насаб:Каан Ур­ганд­жи­ог­лу
Соли таваллуд: 8 майи 1981
Бурҷ: Савр
Сину сол: 36 сола
Ҷои истиқомат: Измири Туркия
Дарозии қад: 182см
Касби интихобкарда: актиёр
Вазҷи оилавӣ: Оиладор

                                     Дунёи кӯдакӣ
Каан Ургандҷиоғлуро – яке аз ҳунарманди машҳури филмҳои туркӣ дар саросари дунё мешиносанд. Бар зами ин ҳамчун фотомодел ва пурҷазобтарин марди турк эътироф гардидааст.

Каан 8-уми майи соли 1981 дар Измири Туркия дар оилаи сарватманд ба дунё омадааст.  Дар зодгоҳаш дар мактаби махсуси миёна таҳсил намуда бошад ҳам вале волидонаш ба Амрико кӯч баста , онҷо зиндагии муқимии хешро идома бахшидаанд. Каан бошад таҳсилашро дар онҷо идома дода, баъди хатми мактаб  ба Туркия бозгашт намуда,  дар сини 19 солагияш ба Донишгоҳи Мармараи шаҳри Анқара дохил шуд.

Ӯ бисёр ҷавони сергап аст, ҳамин хислаташ ӯро зуд дар дилу дидаи мардум ҷой намудааст. Дар вақти таҳсил ҳамсолонаш ба лақаби «Шиланг», «Хода», «Ашқар»-ро дар гарданаш часпонда буданд.  Худи Каан мегӯяд, ки  қади дароз доштам (182 см) ва қиёфаи ҷалбкунандаам низ барои рекламаҳои либосҳои мардона зарур буду маро ҳар лаҳза занг зада даъват меменамуданд. Аксҳои Каанро қариб дар ҳамаи нашриётҳо дидан мумкин буд. Ба мисоли   All, InStyle. Қиёфаи ҷазоби ӯ аз назари  продюсерони синамо дурр намемонд. Рӯзе рижисёр Абдулло Оғуз Каанро ба наздаш даъват намуда, дар лоиҳаи наваш ба ҳайси қаҳрамони асоси даъват кард. Нақши авввалиндараҷоро Каан бозида бошад ҳам тамошобинон баҳоии баланд дода буданд. Муваффақияти аввалини ӯ маҳз ҳамин филм гашт ва филми  «Караоглан» дар байни филмҳои телевизионӣ ҷои авалро ишғол намуда номи Каанро дар тамоми Туркия баланд бардошт.

Шӯҳрати беандозаро ин актиёри хуштолеъ пас аз офаридани филми «Муҳаббати сиёҳ» (Черная любовь) соҳиб гашта буд. Каан низ сухани падарашро ҳеҷгоҳ фаромш намесозад: Инсон бо пул не бо меҳнат ва ҳунари воло метавонад шӯратро ба даст орад.

Барои ҳунари актиёриро омӯханд Каан  Ургандҷиоғлу муваққатан ба Ню-Йорк рафта дар студияи театрии «Stella Adler Academy of Acting & Theatre” –нозукиҳои касби актиёриро аз худ намуд.

Дар соли 2006 ҳунарманд нақши драмавии «Ишқи аввал»-ро иҷро кард. Ин филм миёни филмҳои ба фестивал пешниҳодшуда овози бештаро соҳиб гашта,авҷи шӯҳрати ҳунармандро баланд гардонд.

Баъди хатми таҳсил ҳунармандро ба филмҳои зиёд даъват намуданд ба монандӣ  «Разлука», «Странные истории»,  «Dürüye’nin gügümleri».

Дар соли 2010 фимли ошиқонаи  «Миёни ду миёнрав»  (Между двумя последовательными) ки  ҳунари Каан Урганджиоглуро ба арши маҳбубият бурда расонид.

Дар соли 2015 режисёрони машҳури турк Ҳилал Сарал ва Экин Пандир акси Каанро дар телевизон дида, аз хориҷа ба туркия омаданд. Барои пайдо намудани ин актиёри ҷаззоб ду моҳ интизор шуданд, то Каан шартномаҳояшро бо ширкатҳои рекламавӣ қатъ сохта бо онҳо шартнома бандад. Ӯро барои нақшофари дар сериали бисёрсерагии «Муҳаббати сиёҳ» даъват карда бошанд ҳам вале чанд моҳ корашон кашол ёфт. Баъди пули ҳангуфтро пешниҳод карданд Каан ба шартнома имзо гузошта, нақши Эмири хунхорро дар ин сериал иҷро намуд. Эмир писар хунхор ва роҳбари ширкати бонуфузи туркия аст, аммо рафта рафта ба духтарамааш Ниҳол, ки рассом аст ошиқи зор мегардал.

Азбаски Ниҳол бо Камол аҳду паймони ошиқӣ дошт, Амир аз ин рафтори онҳо ба хашм омада, назди худ мақсадм егузорад, ки бояд онҳоро аз ҳам ҷудо карда, Ниҳонро моли худ гардонад. Ӯ бо роҳи шантаж ошиқонро аз ҳам ҷудо намуда, Ниҳонро ба никоҳи худ медарорад. Мутаасифона ин издивоҷ Эмири бойбачаро хушбахт намесозад. Занаш ҳамоно ошиқи марди Камол мемонад.  Тамошои ин сериал ончунон ҳодисаҳои риққатовар дорад, ки тамошобин бе оби ида наметавонад чашм аз экран биканад. Дар ин силсилафилм Амир аз Камол ва Ниҳон қасос гирифтани шуда, аввал домони хоҳари Камол Зайнабро доғдор месозад ва баъдан бародари Камолро бо пули калон харида аз ӯ терориист омода мекунад. Дар ин сериал Амиррро ҳамчун марди разилу бадкирдор баҳо додан мумкин аст.

Каан бар зами бадиву бадол буданаш нақшашро самимиву табии офаридаст, ки тамошобин ба ҷои симои ӯро дида ба хашм омаданд, баракс ошиқи ҳусни ӯ гаштаанд. Айни замон дар миёни дигар актиёроне, ки дар сериали мазкур нақш офарида буд ҳамчун марди хушсалиқатарин пазируфта шудааст.

Дар ин сериали машҳур ҳамроҳи ӯ Бурак Озчивит, Неслихан Атагюль, Мелиса Аслы Памук нақш офариданд, ки баъди тамошои ин филм ному шӯҳрати ин сегона вирди забони мардум гашт.

Ҳайёти шахсии Каан пур аз тазодҳост. Миёни дӯстдухтаронаш аз ҳама зиёд бо ҳунарманд  Дерин Мермерси мулоқоти ошиқона намудааст. Духтарбозиҳои Каан ҷони Деринро ба лабаш расониду онҳо соли 2013 аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Каан барои сузондани Дерини якрав  бо Зейнеп Оймак шинос шуда бо ӯ аҳду паймони ишқ баст ва мухлисон ин ду ҷуфти муносибро бо ҳам дида, хурсанд мегардиданд.

Ин духтараки зебо дар як мудати кутоҳ дили Каани ташнаи ишқро ёфта, дар соли 2016 бо ӯ номзад гашт. Соли 2017 онҳо маросими издивоҷашонро дар ҳалқаи ёру дустон ва тамоми ҳунараммандони машҳури турк барпо намуданд.  Аксҳои рӯзи туйи онҳоро дар саҳифаҳои ииҷтимои милионҳо нафар тамошо карда, ба ин ду дилдода хушбахтӣ таманно намуданд.

Омодасоз: Рустам Азимӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Ман алакай ин филмро тамошо кардам 3юм варианташ дуруст Камол бо Амир метаркан

  • Рост кайд кардед актиёри духтардузд аст ба ман хело писанд…Ташаккур маводи оли!!!

Leave a Reply