Ғалабаи «Истиқлол» бар дастаи «Кӯктош»

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ду бозии   даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои   Лигаи олӣ  баргузор гардиданд. 

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон  иттилоъ доданд, дар бозии аввал дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ  дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуд. Ҳисобро Муҳаммадҷон Раҳимов дар дақиқаи 35-ум боз кард. Баъди се дақиқа Дилшод Восиев голи дуюмро ба ҳадаф расонид. Зимнан, ин аввалин пирӯзии  дастаи «Истиқлол» бо раҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тухтаев мебошад.

Бозии дигар миёни дастаҳои футболи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.

Ёдовар мешавем, ки ду бозии дигари даври ёздаҳум Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон 5 июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб миёни дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар — ССКА «Помир»-и Душанбе ва 9 июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни дастаҳои футболи  «Барқчӣ» — «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир мегарданд.

Бояд  зикр кард, ки  дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа  дастаи  футболи  «Хуҷанд» бо 24 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Дастаи  «Истиқлол», ки як бозӣ камтар гузаронидааст, бо 23 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад.

Дастаи  футболи «Кӯктош»  бо 15 имтиёз ҷойи сеюмро ишғол намудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply