• Administrator
  • 20.03.2019
  • 0

Алмато ва Тошканд арзонтарин шаҳрҳои дунё

Шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон ва шаҳри Алматои Қазоқистон ба феҳристи арзонтарин шаҳрҳои дунёи The Economist Intelligence Unit шомил шудаанд.

Economist дар гузориши солонаи «Worldwide Cost of Living»-и худ зиндагии сокинони бузургтарин шаҳрҳои дунёро баҳогузорӣ карда, ҳисоб хоҳад кард, ки онҳо барои иҷораи манзил, нақлиёт, молу маҳсулоти ниёзи аввал чи қадар маблағ сарф мекунанд.

Шаҳрҳои Тошканду Алмато дар гузориши имсола ҳамроҳ бо шаҳри Димишқи Сурияву Бангалори Ҳиндустон ва Каракаси Венесуэла дар қисмати аз ҳама поин ҷой дода шудаанд. Ба ҳисоби Economist, зиндагӣ дар Тошканду Алмато назар ба Ню-Йорк ду баробар арзонтар аст.

Муаллифиони гузориш сабаби инро ба беқурбшавии пули миллӣ рабт додаанд. Мақомоти Қазоқистон охирҳои соли 2015 ба таври сунъӣ нигаҳ доштани қурби тангаро қатъ карданд ва танҳо дар як соли ахир арзиши танга назар ба доллару евро 50% поин рафтааст.

Ба ҳисоби Economist, дар ҳоли ҳозир як нони яккилоӣ дар Алмато $1 аст. Нархи ҳамин нон дар Сеул 15 баробар, дар Порис ва Женева 6 баробар гаронтар аст. Ҳамчунин як қуттӣ сигарет дар Алмато назар ба Порису Сидней (пойтахти Австралия) 10 баробар арзонтар аст.

Тошканд дар як соли ахир ба арзонтарин шаҳри раддабандӣ табдил ёфтааст. Зиндагӣ дар Тошканд назар ба Ню-Йорк тайи як соли ахир 14 баробар арзонтар шудааст.

Вале зиндагӣ дар шаҳрҳои Санкт-Петербургу Москваи Русия, Киеви Украина, Прагаи Чехия ва Мадриди Испания баръакс дар як соли ахир гарон шудааст. Коршиносони Economist гароншавии нархҳоро дар Санкт-Петербург ва Москва ба болоравии қурби рубл рабт додаанд.

Гаронтарин шаҳрҳои дунё Сингапур, Ҳонконг, Порис, Сюриху Женеваи Швейтсария, Ослои Норвегия, Сеули Куриёи Ҷанубӣ, Копенгагени Дания, Тел-Авиви Исроил ва Сиднейи Австралия муайян шудаанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner