• Бахтовар Сафаров
  • 08.01.2019
  • 0

Ҳалокати 7 нафар аз барф

Тайи рӯзҳои охир дар натиҷаи  аз ҳад зиёд боридани барф дар заминҳои федералии Форарлберг ва Залтсбурги Австрия шаш нафар ҳалок гардида, боз як нафар дар замини федералии Германия-Бавария қурбон гардидааст,- иттилоъ медиҳад «РИА Новости».

Тибқи иттилои агентӣ, се нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Германия ва Швейтсарияро барф пӯшонида, дар минтақаҳои кӯҳии лижатозии Форарлберг ҳалок шудаанд. Боз се нафари дигар, аз ҷумла шаҳрванди Словения дар Залтсбург фавтидаанд. Як нафар лижатоз дар кӯҳсор бинобар  аз меъёр зиёд боридани барф қурбон гаштааст.

Нашрия иттилоъ медиҳад, ки бино ба иттилои Институти марказии обуҳавосанҷӣ ва геодинамикӣ (ZAMG), баландии пӯшиши барф дар Австрия дар як шабонарӯз то ба 30-50 сантиметр расидааст. Дар зимн  дар баъзе минтақаҳо пӯшиши барф дар як шабонарӯз то ба 80 сантиметр расидааст. Тибқи иттилои маҷалла, дар натиҷаи обу ҳавои номусоид чандин ҳазор манзилҳои зист ва корхонаҳо бе барқ мондаанд.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар баъзе минтақаҳои Австрия, аз ҷумла  дар Тирол ва Форарлберг марҳилаи чоруми хатари тармафароӣ то ҳоло нигоҳ дошта мешавад. Инчунин зикр шудааст, ки аз сабаби номусоид будани ҳаво осоишгоҳи лижатозони Ҳохкар фаъолияташонро боздоштааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.