Ҳамадони: Мард духтарчаи худаш ва зани ҳамсояро кушт

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН

Чуноне ВКД хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини деҳаи Тудабоёни ноҳияи Ҳамадонӣ, гирифтори бемории рӯҳӣ буда, ҳамчун гумонбар дар одамкушӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 16-уми марти соли 2018, тахминан соати 14:30-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиаш бе ягон асос ҳамсари 24-сола ва ду духтарчаи хурдсоли 3 ва 4-солаашро бо бели дар дасташ буда, ба сару баданашон якчанд маротиба задааст.
Баъдан, номбурда ҳаракатҳои ҷинояткоронаашро давом дода, ба ҳавлии истиқоматии ҳамсояҳояш: зани 53-сола, соҳиби 5-фарзанд ва зани 36-сола, соҳиби 3-фарзанд, даромада, бе ягон асос бо бели дар дасташ буда, якчанд маротиба ба узвҳои баданашон задааст.
Дар натиҷа духтари хурдсоли 3-солааш ва ҳамсояаш зани 53-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи марказии ноҳия дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамсар, духтари 4-солааш ва зани 32-солаи ҳамсояаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Ҳамадони: Мард духтарчаи худаш ва зани ҳамсояро кушт

  • Намедонам барои чи беморони рухи озод мегарданд? Чанд сол пеш дар Панч як мард сари писари ноболигашро бурида буд. Худо нигахдор бошад…..

Leave a Reply