• Бахтовар Сафаров
  • 14.01.2019
  • 0

Ангишти қирғизӣ чаро дар Хатлон серхаридор аст?

Сӯзишворӣ барои мардуми деҳот ҳам нон асту ҳам гармӣ. Боло рафтани нархи он, махсусан ангишт дар шаҳру деҳоти вилояти Хатлон боиси нигаронии мардуми ин минтақа гаштааст.

Чанд рӯзи охир арзиши 1кг анигиштсанги истеҳсоли Қирғизистон аз 1 сомониву 20 дирам  ба 1 сомониву 50 дирам расид.  Дар ин замина нархи ангиштсанги ватанӣ низ рӯ ба болоравӣ аст. Ҳангоми мушоҳидаҳо дар нуқтаҳои фурӯши ангиштсанги шаҳру навоҳии вилояти Хатлон шоҳиди он гаштем, ки аз ҳолати баамаломада, яъне аз як сомонию 30 дирам то як сомонию 50 дирам гарон шудани  нархи ангишт мардумро ба ташвиш овардааст. Харидорон аз фурӯшандаҳо сабабҳои гаронии нархро пурсон мешаванд.  Онҳо дар ҷавоб харҷи ҳамлу нақл ва андозро далел меоварданд.

Манфиатдор кист? 

Садбарг, сокини шаҳри Бохтар, ки аз ангишти қирғизӣ харидорӣ менамояд,  андешаашро  оид ба вазъи баамаломада чунин баён дошт: “Намедонам, аз чӣ сабаб бошад, ки агар дар фасли тобистон  1 кг ангишти қирғизӣ 1 сомонӣ бошад, дар фасли зимистон  аз 1 сомониву 20 дирам то  1 сомониву 50 дирам ва ҳатто аз ин ҳам зиёдтар ба мушоҳида мерасад. Дар ду рӯзи охир, ки ҳаво каме сард шуд, нархи ангишт 30-50 дирам боло бардоштаанд. Алҳол барф наборидааст, агар барф борад, баъзе ангиштфурӯшонро орзуҳояшон амалӣ мегардад. Нархи ин маҳсулоти сӯзишворӣ ҳам монанди ҳамон маҳсулоти хӯроки аввалияе, ки дар арафаи идҳои Қурбону Рамазон ба арши аъло мерасад, монанд шудааст. Ин ҳолат на фақат ҳамин сол, балки чанд сол инҷониб миёни фурӯшандаҳо ба ҳукми анъана даромадааст”.

Дарвоқеъ андешаи сокини шаҳри Бохтар то ҷое асоси воқеӣ доранд. Бахусус, андешае, ки дар арафаи идҳои Қурбону Рамазон нархи маҳсулоти аввалия ба мисли гӯшту равған, орду картошкаву пиёз ва амсоли онҳо  дучанд гарон мегардад, ҳақиқати бебаҳс аст. Дар фасли зимистон бошад, нархи ангишт ба ин шакл боло меравад. Зеро талабот нисбати ангишт афзуда, баъзе аз соҳибкорон аз ин лаҳзаҳо истифода бурда, нархро ҳар гуна ки хоҳанд, боло мебаранд.

Анвар Абдураҳмонов, соҳибкор аз ноҳияи Кӯшониён солиёни зиёд аст, ки дар фасли зимистон ба фурӯши ангишт машғул аст. Ӯ бештар аз конҳои ватанӣ ангиштро ба таври тоннагӣ харидорӣ менамояд.  Як муҳлати муайян ангиштсангро ба таври одӣ коркард карда, хокаашро ҷудо менамояд ва дар халтаҳои махсус ба ҳаҷми 29-30 кг ҷо карда, ҳар як халтаашро 30 сомонӣ мефурӯшад. Аз ин соҳибкори инфиродӣ сабабҳои дар фасли зимистон гарон шудани нархи ангишти ватанӣ ва қирғизиро пурсон шудем. “Яке аз сабабҳои асосӣ ин ба мавсим вобаста аст. Вақте талабот нисбати як маҳсулот зиёд шуд, аз макони истеҳсол арзишаш тағйир меёбад. Баъдан, нархи сӯзишвории нақлиётӣ низ хеле баланд асту ангишт тавассути нақлиёти гаронвазну серхарҷ дастрас мегардад. Агар шароити молӣ бошад, аҳолӣ моҳҳои апрел ва май ангиштро аз конҳо харидорӣ кунанд. Бархеҳо дар фасли гармӣ ангишти зиёдро харидорӣ карда, дар зимистон бо нархи гаронтар дастраси аҳолӣ менамоянд”,- илова кард соҳибкор Анвар Абдураҳмонов.

“Тоҷикматлубот” чӣ мегӯяд?

“Тоҷикматлубот” ягона ниҳоди таъминкунандаи маҳсулот дар бозори кишвар аст. Бо мақсади равшанӣ андохтан ба масъалаи мазкур , аз масъулони ин ниҳод дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон пурсон шавем.  Аз ҷамъиятҳои матлуботи шаҳру навоҳии вилоят ба саволи худ як ҷавоби умумӣ гирифтем, яъне тоннаҳои муайяни ангиште, ки бо ташаббуси роҳбарияти ҷамъиятҳои матлуботи шаҳру ноҳияҳои вилоят овардаву ба фурӯш бароварда мешавад, нархи муайян доранд. Арзиши ангишти ватании аз ҳисоби ҷамъиятҳои матлубот ба бозор воридшуда аз 70 дирам то 90 дирамро ташкил медиҳад. Масъулони ин ниҳод сабаби асосии гарону ҳар лаҳза баланд шудани нархи ангишт дар бозору нуқтаҳои фурӯшро дар он медонанд, ки имрӯзҳо бисёре аз секторҳои хусусӣ ба воридоту фурӯши ангишт машғуланд ва роҳбарони ин ташкилотҳо, аниқтараш соҳибкорони инфиродӣ, чӣ хеле ки хоҳанд, нархро дар  бозор муайян менамоянд.

Аз мушоҳидаҳо аён мегардад, ки дар нуқтаҳои фурӯш нархи ангишти истеҳсоли Қирғизистон дар муқоиса ба ангишти истеҳсоли ватанӣ як баробар боло асту бо вуҷуди ин харидораш зиёд. Ба гуфти ҳолдонон ин навъи ангишт, бо сабаби он ки аз давлати ҳамсоя ворид мегардаду масофа дур ва хароҷоти роҳкироаш зиёд аст, арзишаш дар нуқтаҳои фурӯш назар ба ангишти ватанӣ гарон аст.

Юсуфзода: “Танҳо  16 маҳсулотро танзим карда метавонем”

Бар пояи иттилое, ки аз Ҷамъияти матлуботи минтақаи Кӯлоб ба дасти мо расид, нарх дар нуқтаҳои фурӯши ангишти ҷамъиятҳои матлуботи шаҳру навоҳии ин минтақаи вилоят дар муқоиса ба соли гузашта муътадил аст.

Дар хусуси танзими нархи ангишт дар бозорҳо ва дигар нуқтаҳои фурӯш бо Юсуфзода Фирӯз, сардори раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон суҳбати телефонӣ доштем. Номбурда гуфт, ки мо  нархи 16 намуди маҳсулот, аз ҷумла орд,   равғани растанӣ, картошка, сабзӣ, пиёз, гӯштро ҳуқуқи танзим кардан дорем. Нархи ангишти конҳои ватанӣ бо Хадамоти зидиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа мешавад ва аз рӯи он нархнома соҳибкорон ангиштро аз конҳо харидорӣ карда, сарфу харҷи сӯзишворӣ,  андозу дигар хароҷотро зам карда, пешниҳоди  аҳолӣ менамоянд.  Лекин ин маънои онро надорад, ки мо ба гароншавии нархи ин навъи маҳсулот бетарафем. Имрӯзҳо дар муқоиса ба зимистони соли гузашта нарх миёна арзёбӣ мегардад. Ба мақомоти мо то кунун аз тарафи сокинон оиди баландшавии нарх шикоят ворид нашудааст.

 Фурӯшандаҳо бар он назаранд, ки  мардум бештар ба ангишти қирғизӣ таваҷҷуҳ доранд, нархаш чанде, ки  бошад ҳам, харидорӣ менамоянд. Нархи ангишти истеҳсоли ватанӣ миёна ва сифаташ нағзу баробари ангишти  қирғизӣ рақобатпазир аст, аммо аҳолӣ ба он чандон эътибор намедиҳанд.

Агарчӣ дар муқоиса ба соли гузашта нархи ангишт он қадар гарон нашуда бошад ҳам, аммо чанд рӯзи охир дар марказҳои фурӯш болоравии нарх ба назар мерасад. Соҳибкорони инфиродӣ ва ниҳодҳои таъмин ва танзимкунандаи нархро мебояд, ки дар фасли зимистон ба масъалаи  баланд нашудани арзиши ангишт бетараф набошанд. Зеро дар фасли сармо ҷайби мардуми деҳот низ “сард” ва тиҳӣ  аст.

Ҷомӣ Халифаев,

вилояти Хатлон

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner