Ансамбли Хорошки: Муҳаббат омаду олам дигар шуд…

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Шоми дирӯз, 16 майи соли  ҷорӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши «Беларус ва беларусҳо» ва барномаи консертии бошукӯҳ баргузор гардид.

Тавре хабарнигорони мо Зарангези ЛАТИФ ва Муҳиддинҷон МАҚСУДҶОН хабар медиҳанд, ҳаводорони санъати тасвирӣ ва дӯстдорони таърих тавонистанд, ки тавассути намоиш ба таърихи Беларус ва зиндагии мардуми он шинос шаванд.

Дар оғоз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оид ба муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Беларус, ки чандсолаҳо қабл шурӯъ гардида буданд, сухан ронда, иброз дошт, ки Рӯзҳо оғози марҳилаи нави муносибатҳои дуҷониба ва густариши доираи ҳамкорӣ бо Беларус хоҳанд буд. «Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко таъкид намуданд, ки Беларус барои мо шарики боэътимод ва дӯсти наздик буд, ҳаст ва мемонад», — гуфт Ш. Орумбекзода.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Юрий Бондар ба мардуми тоҷик барои меҳмоннавозӣ ва истиқболи самимӣ сипос гуфта, оид ба сиёсати фарҳангпарваронаи президентҳои ду кишвар ибрози андеша намуд. «Ҳамкории фарҳангӣ барои ба роҳ мондани муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ роҳи кӯтоҳтарин мебошанд. Мо умед дорем, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон сурат гирифтанд, барои боз ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои фарҳангӣ мусоидат хоҳанд кард», — изҳори боварӣ намуд Ю. Бондар.

Бояд гуфт, ки аҳли толор бо намунаи беҳтарини санъати анъанавӣ ва дастовардҳои муосири халқи Беларус, аз ҷумла рақсҳои миллӣ, сурудҳои эстрадӣ ва классикии ҳунарпешагони беларус шинос шуданд.

Сурудҳои дилошӯб ва гӯшнавози Ҳунарпешагони шоистаи Беларус Виктор Громов ва Алена Ланская, рақсҳои мавзун ва дилнишини Ансамбли давлатии академии хизматнишондодаи хореографии «Хорошки»-и Ҷумҳурии Беларус муаррифгари беҳамтои санъати Беларус ба мардуми тоҷик буданд. Суруди машҳури «Муҳаббат» ва оҳанги оҳангсози машҳури тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ дар иҷрои солистони оркестри Ансамбли Хорошки ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply