• Рустам Азимов
  • 28.11.2018
  • 3

«Антисанитария» дар беморхонаи Ҳисор

Чанд лаҳза пеш зани ҳомиладоре аз Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор, бо хабарнигори сомонаи «Тajikistantimes.com» дар тамос шуда, аз ҳоли табоҳи беморхона ва тарзи хизматрасонии табибони дармонгоҳи мазкур шикоят намуд.

Ин зани ҳомила, ки дар моҳи ҳафтуми ҳомиладорӣ қарор доштааст, дар шуъбаи аворизҳои ҳомиладорӣ хоб аст ва мегӯяд ӯро бо сабаби фишори баланд доштанаш бистарӣ намудаанд, вале баъди ба беморхона хобиданаш аҳволаш бадтар шудаасту беҳтар не. Бо сабаби набудани ҷойи хоб беморон дар рӯйи курсии нишаст ва рӯйи фарш хоб мерафтаанд. «Модоме беморхона шароити нигоҳубини беморонро надорад, ҳамин доруву уколро дар хонаамон ҳам гирифта метавонистем. Охир моро бепул табобат намекунанд ку»- мегӯяд арзкунанда.

Дар як палата 4 кат гузошта шудааст, вале 6 беморро чой карда, 2 нафарашро дар рӯйи фарш ҷой густурдаанд. Лавозимоти тиббии табибон бошад дар рӯйи фаршҳо қарор дорад.
Вакте ин зани хомила аз бад будани шароити нигохубини беморхона ба маъмурият шикоят кардааст, онхо ба хомиладор ва бемор буданаш нигох накарда, бо дагаливу дурушти гуфтаанд, ки авал забонхат навишта бад ба кучое ки мехохад рафтан гирад.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Бону:

    Ман хам барои гузаштан аз ташхиси пеш аз туй рафта будам, аз хар ташхис аз 10-20 сомон пул ситониданд болои ин хеч кадом духтур моро ташхис намекард. Хамин хел менависту медод. Ха нохаки нашавад гуфта икрор мешавам. ГУрухи хуномонро ташхис карданд. Рафта аз аптека сузан гирифта овардем, ангуштонамро сурох карда дар як кутича хуни ман ва дар дигар кутича хуни дасти шавхарамро гирифта ким кадом моеъро илова карда бо чубча кофт ва гурухи хунаморо аник карду дар шиноснома мухр гузошт

  • Маъмурияти БМШ Хисор:

    Мухтарам Рустам Азимов. Аз номи маъмурияти БМШ Хисор ба Шумо мерасонем, ки БМШ Хисор соли 1963 таъсис ёфтааст. Дар он вакт ахолии шахри Хисор кам буд. Соли равон микдори ахоли ба 306364 нафар расидааст, аммо шумораи катхо тагйир наёфтааст. Таваллуд ва хомиладори холатхои таъчили мебошанд ва дар мавриди бистари накардани онхо, метавонанд аворизхо ба вучуд оянд. Бинобар ин, ба занхое, ки мухточи бистари мебошанд, мо ёрии тиббиро дар ягон холат рад карда наметавонем.
    Оиди партовхои дар хучраи доругузарони буда гуфтанием, ки аз руи фармони 1119 дар тамоми хучрахои доругузарони бояд 5 куттии партов вучуд дошта бошанд. Партовхо дар як шабонаруз 2 маротиба ва ё аз 3/1 пур шуданашон дур карда мешаванд. Акси гирифтаи Шумо дар давоми руз дар айни гузаронидани амалиётхо гирифта шудааст.

    Агар Шумо сокини бонангу номуси шахри Хисор мебудед, ки гамхориашро ба беморон нишон додан мехохад, эрод нагирифта, ёрии моддии бегарази худро мерасондед. Ба монанди: Шоди Ахмедов (ба беморхона 3 мошин мум (асфалт) барои ободонии рохравхо), Хокимияти ичроияи шахри Хисор (4 мошин сафолакхо (брусчатка)), Мавчуда Хакимова (катхои бистарии замонави), Х. Каюмов (120 адад нихол барои кабудизоркунии сахни хавлии беморхона) ёрии бегарази худро расонидаанд.

  • Маъмурияти БМШ Хисор:

    Дар мавриди пайдошавии арзу шикоят ва эрод нисбати хизматрасонии тибби, аввалан ба Маъмурияти БМШ Хисор мебояд хабар дод.

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner