• Administrator
  • 01.05.2018
  • 0

Ғарқшавии духтарон дар дарё Сурхоб (Видео)

Дар Интернет видеое нашр шуд, ки лаҳзаи дар дарёи Сурхоб ғарқ шудани ду духтарро тасвир мекунад. Як духтари 15-сола аз ҷамоати Сари Пули ноҳияи Рашт ва як духтари 19-сола аз Душанбе, ки ба меҳмонӣ омада буд, нимаи дуюми рӯзи 28 апрел ҳангоми аксгирӣ дар лаби дарё ғарқ шуданд. Ҷасади ҳардуро рӯзи 29 апрел 35 километр поёнтар пайдо карданд.

Дар видеое, ки дар шабакаи Инстаграм нашр шудааст, дида мешавад, ки чанд духтари наврас ва як духтари хурдсол дар лаби дарёи Сурхоб нишастаанд ва сӯҳбат доранд.

Вақте духтари хурдсол низ ба лаби дарё наздик мешавад, ӯро ҳушдор медиҳанд, ки наздик наравад, ки боз дар об наафтад. Вале дар ҳамин лаҳза як духтари наврасе, ки дар тан куртаи сабзи баланд дошт, ногаҳон лағжида дар об афтод. Духтари дуюме, ки дар канори ӯ буд, барои наҷоти аввалӣ худро ба об андохт, вале аз коре аз дасташ наомад ва маҷрои пуртуғёни дарёи кӯҳистонӣ ҳардуро бо худ бурд.

Дар видео садои доду нолаи духтарони дар соҳил монда шунида мешавад, вале ҳеҷ коре аз дасташон намеояд ва оби дарё ҳарду духтарро мебарад.

Ин фоҷиа рӯзи 28 апрел, соати тақрибан 17 рух дод. Баъди ҷустуҷӯи зиёд ҷасади ҳарду духтарро субҳи 29 апрел 35 километр поёнтар аз маҳалли ғарқ шуданашон, дар назди мазори Хӯҷа Абдуллоҳи Валӣ дар наздикии деҳаи Гилтан аз об берун кашиданд.

https://www.instagram.com/p/BiOPQDwn9-L/?utm_source=ig_embed

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.