Ашт:Нигинаро  тағоандар таҷовуз карду модарандар дуздид

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Нигина Соҳибоваи ноболиғро тағоандараш- Эгамбердӣ Мирзоев аз синни 13-солагиаш тӯли 4 сол бо таҳдиду зӯроварӣ ба номусаш таҷовуз кардааст, ки дар натиҷа 15 январи соли 2018 номбурда  фарзанди ҷинсаш занро таваллуд кардааст. Баъди тавлиди тифл нисбати Эгамбердӣ Мирзоев бар асоси қисми сеюми моддаи 138 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз гардида буд.  Аммо пас аз 5 моҳи ин ҳодиса, рӯзи 23 май  барои додараш маҳбасӣ нашудан Мӯътабар Мирзоева (модарандари Нигина-) Нигинаро дуздидааст. Вақте ба хонаи Соҳибова рафтем падараш-Аъзамҷон Соҳибов гуфт:

-Додарони занам як пояшон дар хонаи ман буд ва намедонистам, ки онҳо намакамро хӯрда ба намакдонам туф мекунанд.    Ду додари бевиҷдони занам, ки на аз Худо тарсиданду на хотири нону намакҳои хӯрдашонро карданд ҳар ҳафта ду се шабонарӯзӣ дар хонаи ман буданд. “Меҳмон атои худо” гуфта ҳатто ба ҳамсарам ҳам намегуфтам, ки “чаро ду додари ту хонаи маро макон кардаанд?”.   

Гумони бад бурдан як тараф истад дар гӯшаи хаёлам набуд, ки онҳо чунин мақсади нопок доранд ва ҳамсарам, ки аз никоҳи якҷояамон 2 фарзанд дорем барои мақсадҳои нопоки додаронашро амалӣ кардан воситаи асосӣ мешавад…

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

Фарзона Муродӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply