Қатъи фаъолияти 36 масҷид дар Истаравшан

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Давоми ду сол дар шаҳри Истаравшан фаъолияти 36 адад масҷидро қатъ карданд.  Бино ба гуфти раиси шаҳр Баҳром   Иноятзода соли 2017 фаъолияти 24 масҷид ва соли 2018 фаъолияти 12 масҷид дар шаҳр манъ карда шудааст:-

“Касе масҷид даромада бо фикри солим аз он ҷо набарамадааст. Аксар ҷавононе, ки имрӯз ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастанд ҳамааш аз фикрҳои носолим сарчашма гирифтааст ва ин гуна фикрҳо ҳамааш аз масҷид дар сари он ҷой шудааст. Мо бояд ба ҷои ҷавонони масҷидравро зиёд кардан, сафи донишҷӯён ва кормандонро зиёд кунем. Танҳо соли 2018 120-нафар ҷавононе, ки ба донишгоҳҳои олӣ дохил шуда натавонистанд бекоранд.  Аз ин рӯ масҷид не,  мактабро бояд зиёд кард”-афзуд Иноятзода.

                                                                                                                           

Фарзона Муродӣ 

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply