Ҳавлӣ пури бачаю кача…

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН

Аммо Амон-бобо худро бекас ҳис мекунад

Ба таваҷҷуҳи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Олимзода Насим Хоҷа

Маро ба Хонаи пиронсолон баред…

Се моҳ қабл аз ин мӯйсафеди 74-сола Амон Мӯсоев ғайрат карда,   ба идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» омад. Парешонхотир буду аз тақдири бади дар сари пириаш омада забони шикоят кушод:

— Ман  ҳар шумораи газетаҳои «Тоҷикистон»-у «Оила»-ро  мехонам. Мақолаҳояшон ҷудо  маъқул. Шояд дар бораи мани касалӣ низ ягон чиз нависед…

— Бобо, чӣ шикоят доред?

— Чанд рӯз пеш мана як мошини «КамАЗ»  зада, ду дастамро шикаст. Шофёрбача ваъдаҳо доду аммо иҷро накарда истодааст. Маро дар касалхонаи район духтурон ҷой намедиҳанд, табобат намекунанд. Милиса тарафи шофёрро гирифта, аз ӯ  барои табобатам 1000 сомонӣ гирифта доданӣ шуд, розӣ нашудам, гуфтам, ки дорую дармон ва пули духтуронро диҳад.

Дар хонаам низ рӯзи хуб намебинам, се писарам дар Русия кор карда, маро суроғ намекунанд. Худ авқот хӯрда наметавонам. На келинҳоям нигоҳубин мекунанду на духтаронам, дар анборхона ҷоям додаанд…

Дарди дили Амон-боборо, ки як дасти чапаш дар гипс буд, шунида, ваъдаи кумак додему гусел кардем. Минбаъд ӯ қариб ҳар рӯз ба идора телефон карда, гаштаю баргашта шикоят мекард, ки на раиси Ҷамоати деҳоти Айнӣ Ҳотам Каримов ӯро қабул мекунаду на сардухтури касалхона Ҳафизов. Амон-бобо бо лаҳни ӯзбекӣ чунон шиква мекард, ки гумон мекардем ниҳоят ҳоли табоҳе дораду дар кӯчаҳо афтону хезон рӯз  мегузаронад, фақат гадоӣ намекунаду халос.

 Чӣ бояд кард? Дар фаъолияти кориам ягон шаҳрванд бо чунин истодагарӣ ҳар рӯз телефон карда, илтиҷо накардааст?

Охирин илтиҷои Амон-бобо рӯзи ҷумъа шунидему қарор додем оҷил чорае андешем. Илоҷашро дар занги телефонӣ ба раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло  ёфтем. Омади бахти мӯйсафедро бинед, ки телефони кориро худи раис бардошт ва арзи хабарнигорро дар бобати аҳволи  ташвишовари Амон Мӯсоев шунида, ваъда дод, ки ба мӯйсафед ҳатман мадади тиббӣ ва дигар кумакҳо расонида мешавад. Раиси ноҳия ба ваъдааш ҳамон бегоҳ вафо карда, аз ин идораи ҳафтаномаро огоҳ кард. Худи Амон-бобо  рӯзи дигар дар ин бора телефонӣ изҳори миннатдорӣ  кард: бо амри раиси ноҳия Раҳматулло Сафарзода ӯро барои табобат дар беморхонаи Уялӣ,  ки   дар назди хонааш воқеъаст, хобонданд.

Як моҳ гӯшамон дам гирифта буд, ки  телефонкуниҳои Амон-бобо аз нав сар шуд:

-Маро дар касалхона бояд ду моҳ нигоҳубин мекарданд, аммо сардухтур Ҳафизов  пагоҳ маро ҷавоб медиҳад. Ман дар хона одами  нигоҳубин мекардагӣ надорам. Илтимос, маро ба Хонаи пиронсолони Душанбе бурда монед…

Ойнисо ва Хайринисо духтарони Амон-бобо

«Ба падарамон занашро бармегардонем»

Раиси Ҷамоати деҳоти Айнӣ Ҳотам Каримов бо супориши раиси ноҳия роҳбалад шуду мо ба беморхонаи деҳаи Уялӣ, ки Амон-боборо он ҷо  табобат карданд, омадем. Амон-бобо, пирамарди қадбаланди арақчин ба сар, моро дидан замон ба крават  нишаста, ба гиря даромад. Пас аз он ки каме ором шуд, аз дардҳои тамоми баданаш гила намуд ва гуфт, ки барои хабаргирӣ фақат наберааш меомаду духтаронаш ягон бор  наомаданд. Духтур Ҳабибулло Эшмуҳаммадов ва дигар духтурони терапевт иброз намуданд, ки онҳо давоми беш аз як моҳ фишори баланд ва дарди дилу миёндарди Амон-боборо ба қадри имкон табобат карданд. «Ронандае, ки ӯро бо мошин зада буд, чанд бор доруҳои фармудаамонро харида овард, — гуфтанд духтурон. – Масъалаи дастони осебдидааш ба духтури травматолог дахл дорад, ки ин гуна мутахассис фақат дар ноҳия фаъолият мекунад. Амон-бобо бояд ба он кас муроҷиат намояд».

Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки магар сардухтури  беморхонаи Уялӣ Ҳафизов имкон надошт, ки  травматологро аз ноҳия барои  кушодан ва иваз кардани гипси дасти Амон-бобо ба беморхона даъват намояд?

Ҳавлии Амон-бобо дар ҳамсоягии молбозори ноҳия воқеъ будааст. Ҳавлии кушоде, ки аз даҳҳо сотих замин иборат асту ду духтараш дар ҳамин ҳавлӣ  хонаву дар бунёд карда, мудом аз аҳволи қиблагоҳашон хабар  мегирифтаанд. Амон-бобо ба ҳавлӣ даромадан замон ба хонаи куҳнааш, ки дар шафати анборхона ҷойгир аст, даромада, ба рӯйи палоси фарсудаи бе кӯрпа беҳолона нишаст. Келинаш Хайринисо, ки тоҷикиро намудонист, бо ӯзбекӣ «ота, дар хонаи худамон ҷойгаҳ андохтаам, ба он ҷо дароед»,-гӯён таклиф намуд. Амон-бобо баромада, дар поғундаи хона нишаста, инони гиря намуд, вале таклифи келинашро қабул накард.

-Бобо, мо рафта духтаронатон қатӣ суҳбат мекунем, онҳо чӣ мегуфта бошанд?

-Духтаронам низ дузабонаанд, барои замин талош доранд, — норозӣ гуфт Амон-бобо. – Илтимос, маро ба Хонаи пиронсолони Душанбе баред…

Духтарони Амон-бобо – Ойнисо ва Хайринисо дар сари мошинраҳи  Уялӣ ҳар кадои мағозаи хӯрокворӣ кушода, рӯзгорашонро таъмин  мекардаанд.

-Падарамон як соли баъди вафоти  модарамон хеле тағйир ёфтанд, — гуфтанд хохарон. – Нозунузбардори асосиашон модарамон буданд. Наход ки мо ӯро нигоҳубин накунему ба ҳоли худашон монем? Медонед-чӣ, баъди сари соли модарамон падарам боз зан гирифт. Дар ҳавлиамон ба сохтани хонаи нав  шурӯъ кард. Зиндагиашон аввалҳо хуб буд. Баъд гӯё занаш талаб кардааст, ки хонаро ба номи ӯ нависонад. Ҷанҷолашон аз ҳамин сар зад. Падарам дар сари қаҳр он хонаву заминашро бо 35 ҳазор сомонӣ фурӯхту занаш аз хона баромада рафт. Мошин задан пас падарамро дардҳояш зиёдтар шуду шикоят бештар. Мо ҳам рӯзгори худро дорем, на ҳама вақт бо падарамон буда метавонем. Он касро келинамон нигоҳубин мекунанд. Вале ӯ бо келин ҷанҷолу хархаша бардошта, боре ӯро зад.

-Падаратон мегӯяд, ки «каси нигоҳубин мекардагӣ надорам, соҳиби заминам шуданианд, маро ба Хонаи пиронсолон бурда монед». Чӣ маслиҳат медиҳед?

— Мо, хоҳарон, ба қароре омадем, ки пули хонаи фурӯхтаи падарамонро баргардонем ва занашро рафта биёрем.  Падарамон он занро ҷудо нағз дидагӣ барин. Барои ҳамин зиқиву хафагӣ мекунад.  Аммо ба марди хонаи падарамро харида таклифи баргардондани   35 ҳазор сомониро кардему ӯ ба сарамон милиса овард.

-Ин тарафаи масъаларо бо он марду милиса ман ҳал мекунам, — ваъда дод раиси Ҷамоати деҳоти Айнӣ Ҳотам Каримов…

Аз байн чор рӯз гузашту ба духтари Амон-бобо Хайринисо занг зада, аҳволпурсӣ кардам.

— Он марди хонаву замини падарамро харидагӣ аз мо ба ҷойи 35 ҳзаор акнун 70 ҳазор сомонӣ талаб дорад, — посух гуфт Хайринисо. – Ақаллан 40-45 ҳазор мегуфт, дода метавонистем. Лекин зани падарамро, албатта, ба наздаш бармегардонем.

Аммо Амон Мӯсоев ба ягон кас бовар надораду мегӯяд:

-Каси нигоҳубин мекардагӣ надорам, барои  заминам ҷанҷол доранд. Маро ба Хонаи пиронсолон бурда монед!

Чӣ бояд кард?

Эмом НАЗАРОВ,

Душанбе-Хуросон-Душанбе


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Ҳавлӣ пури бачаю кача…

Leave a Reply