Ҳаво имрӯз намеборад

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда,    фаромадани туман дар  назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ҷойҳо боридани барф    дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -6-11, рӯзона  3+8  ва дар шарқи ин вилоят шабона -16-21  ва рӯзона -3-8 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8    метр   ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2  ва рӯзона  7+12  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда,  дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона +12+17   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда,  дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман  дар назар аст. Ҳарорат шабона ба 2+7  ва рӯзона  ба  11+16  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, шабона 2+4  ва рӯзона +13+15  дараҷа гарм мешавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply