• Administrator
  • 26.02.2019
  • 0

Ҳаво имрӯз намеборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11-16   ва рӯзона 0-5 дараҷа сард  мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  аз 20-25 то 33- 38 ва рӯзона 11-16  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ   3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва  рӯзона 9-14 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10-15 дараҷа сард шуда,  рӯзона аз 2 дараҷа сард  то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйрёбандаи бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5  ва рӯзона 10-15  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард шуда,  рӯзона 2-7 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм шуда,  рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар  кӯҳҳо  шабона аз 7-12 то 12- 17 дараҷа  сард шуда,  рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2  дараҷа сард шуда, рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner