• Administrator
  • 14.03.2019
  • 0

Ҳаво имрӯз намеборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 2-7 дараҷа сард  шуда, рӯзона  5-10  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   14-19  ва дар мавзеи Булункӯл то 30-32  дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 5-10  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.       Шамол аз самти шарқ бо суръати   2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3-8  ва  рӯзона 16-21 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард шуда,  рӯзона 5-10  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10  ва рӯзона 19-24  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  1-6  ва   рӯзона 13-18 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 2-7 ва рўзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм ва дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа сард  мешавад.  Рўзона ҳаво  5-10 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе имрӯз ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 2-4  ва рӯзона 19-21 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.