Ҳаво имрӯз намеборад

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,   дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман     дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок,   шабона борон ва барф    дар назар аст.    Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -4+1, рӯзона 10+15 ва дар шарқи ин вилоят шабона -5-10 ва рӯзона -1+4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок   шуда,  дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман   дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб 3-8    метр ва дар баъзе ноҳияҳо шидати шамол то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +7+12  ва рӯзона +15+20  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок   пешгӯӣ шуда, фаромадани туман   дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона +3+8 ва рӯзона 18+23  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда,  дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман  дар назар аст. Ҳарорат шабона ба +2+7  ва рӯзона ба +15+20   дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда    дар назар буда, ҳаво шабона +3+5 ва рӯзона +18+20  дараҷа гарм мешавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply