• Administrator
  • 13.03.2019
  • 0

Ҳаво имрӯз офтобист

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш    дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 3-8 дараҷа сард  шуда, рӯзона  2-7  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   16-21  ва дар мавзеи Булункӯл то 31-33  дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 6-11  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.       Шамол аз самти шарқ бо суръати   3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2-7  ва  рӯзона 16-21 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард шуда,  рӯзона 5-10  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10  ва рӯзона 18-23  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм шуда,  рӯзона 11-16 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 2-7 ва рўзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 0-5 ва дар баъзе  то 8- 13 дараҷа  сард мешавад.  Рўзона ҳаво  4-9 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 3-5  ва рӯзона 16-18 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner