Ҷавоби Вазири маориф ба мавҷи интиқодҳо

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба даҳҳо интиқоди интернетӣ дар мавриди сатҳи русидонии ӯ вокуниш кард ва гуфт, «ҳамагуна талоши беобрӯ кардани як узви ҳукумат беобрӯ кардани ҳукумат аст». Нуриддин Саид рӯзи 21-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шояд ба андозаи Толстой ва Солжинитсин забони русиро надонад, «аммо бо ин забон хуб гап мезанад».

Посухе, ки мавҷи танқидҳоро ба бор овард

Тамоми умр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз фалсафа ва мантиқ бо забонҳои тоҷикиву русӣ дарс додаам. Садҳо шогирду дастпарвар дорам. Ду рисолаи докториро роҳбарӣ карда, хондам ва таҳрир намудам. Ҳамчун шаҳрванди хориҷии Русия бо ин забон хуб гап мезанам», — афзуд ӯ.

Як посухи вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо забони русӣ дар нишасти матбуотии ду ҳафтаи пеш ӯро ангуштнамои хосу ом кард. Даҳҳо нафар видеои суҳбати ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, сатҳи русидонии ӯро мавриди танқид қарор доданд.

Баъзеҳо гуфтаанд, чунин сатҳи забондонӣ хоси вазири маорифи Тоҷикистон нест. Аммо дар ин қатор онҳое низ ҳастанд, ки мегӯянд, чаро як вазири тоҷик бояд забони русиро хуб балад бошад?

«Ин маънои онро надорад, ки русиро намедонам»

Нуриддин Саид рӯзи чаҳоршанбе баъди суҳбаташ дар порлумон гуфт, азбаски дар нишастҳои хабарӣ журналистони тоҷику русзабон иштирок мекунанд ва тарҷумоне нест, маҷбур аст, баъзан омехта гап занад.

Ӯ гуфт, «медонед, ки русзабонҳои Тоҷикистон ҳама чизро ба гардан мегиранд, аммо забони моро не. Аксари русзабонҳо пир ҳам шаванд, забони моро намедонанд. Ман дар нишастҳои хабарӣ бо ду забон гап мезанам, то барояшон фаҳмо шавад. Ҳолатҳое мешавад, ки ними ҷумла тоҷикӣ мебарояду ними дигараш русӣ. Ин маънои онро надорад, ки ман забони русиро намедонам. Ҳастанд, нафароне, ки аъзои ҳукуматро бе обрӯ мекунанд. Беобрӯ кардани аъзои ҳукумат беобрӯ кардани ҳукумат аст.»

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, то ин дам 17 монография ва беш аз 300 мақолаи илмӣ навиштааст. Ба қавли ӯ, «ба ҳамаи ин ақламон гирифт, ба забони русӣ не? Ман бо ин забон гуфтугӯ мекунам, аз номи ҳукумат дар нишастҳо гап мезанам. Ҳеч гоҳ проблема набудааст. Наход 8 номзади илм тайёр кунам, доктори илм тайёр кунаму забони русиро надонам. Бале, аксент дорам. Аммо рус нестам, тоҷик ҳастам.»

Бознашр аз озодӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Ҷавоби Вазири маориф ба мавҷи интиқодҳо

  • Барои хамин дар Конститутсияамон тагйирот ворид намоем ва ба чои ибораи «забони руси» ибораи «яке аз забонхои байналмилали» ворид карда шавад. Мо низ, вакте ки як аъзои Хукуматро як тоифа мехоханд мулзам кунанд, бояд аксуламал нишон дихем, шахсан камина мехостам, ки ба хамин забони бародари калони «тахрим» бояд эълон намоем. Бас аст, биёед ба забонхои дигари бузург аз чумла англиси ва чини тавачух кунем. Мо бо эшон набудем ва харгиз нахохем буд, бо амрикоихо, аврупоихо, чинихо, арабхо ва дигарон метавонем дусти ва изхори садокат кунем, аммо бо ин гурух нашуд, ки нашуд. Шахсан барои ман хар касе ки бо як худнамои ба забони руси дар кучаву бозор харф мезанаду мехохад, ки аз дигарон фарк кунад, ба чуз як гастарбайтер беш нест, мо бояд шарм дорем, ки бо ин забон харф мезанем. Вазири маориф аз он нафароне нест, ки донишу малакаи номукаммал дошта бошад, хама иштибох мекунад, мухимаш ки иттилоотро нодуруст нагуфт, дар талаффуз галат кардан боке нест. Чаноби вазир ба фикрам ба назари ман дар бораи «тахрим» рози хохад шуд, касе ки бо ин забон харф мезанад бигзор хамрох тарчумон дошта бошад, вагарна хич касе набояд ба сухани эшон гуш дихад.

Leave a Reply