Ҷавонпаҳлавонони тоҷик соҳиби 7-медал гаштанд

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

10-13 май дар шаҳри Бейрути Лубнон Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон доир гашт, ки дар он варзишгарони тоҷик сазовори 7 медал шуданд.

Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон иттилоъ доданд, варзишгарони тоҷик дар рақобатҳо миёни наврасон 4 медал ва миёни ҷавонон 3 медал ба даст оварданд.

«Миёни наврасон Сулаймони Ҷамшед дар вазни 60 кг медали нуқра, Фарорун Мирзошоев дар вазни 55 кг, Ғаниҷон Ғаниев дар вазни 73 кг ва Эмомризо Қурбонов дар вазни 90 кг медалҳои биринҷии мусобиқаро сазовор шуданд, — омадааст дар хабари Федератсияи дзюдо. Дар қувваозмоиҳо миёни наврасон 178 варзишгар аз 20 давлати қораи Осиё иштирок карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгари наврас дар 6 вазн муаррифӣ намуданд».

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки миёни ҷавонон Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81 кг медали нуқра ва Давлаталӣ Назаралиев дар вазни -55 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон 196 варзишгар аз 22 давлат иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 11 варзишгар ҷавон (10 писар ва 1 духтар) намояндагӣ  карданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply