Ғайрат сари Шаҳнозаро аз танаш ҷудо кард

Слайдер, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Занкушӣ дар Суғд мӯд мешавад?

Санаи 11-уми май, тахминан соатҳои 20:00 сокини ноҳияи Спитамен Ғайрат Тоҷимуродови 39-сола ҳамсараш Шаҳноза Боймуродоваи 28- соларо дар хонаи истиқоматии худ ба таври ваҳшиёна ба қатл расонд.

Ин фоҷиаи хунин ду тифлаки маъсумро аз модар маҳрум ва ятим сохта, дар дили волидони ин ҷавонзани ормонӣ доғи сиёҳи абадӣ ниҳод. Доғе, ки ҳаргиз зудуда намешавад!

Чаро Ғайрат ба ҷойи мардона муҳофизат намудани оилааш якбора ба Азроил табдил ёфта, ҷони модари фарзандонашро бераҳмона ситонд? Барои ба ин савол ҷавоб пайдо кардан мо ба Спитамен сафар карда, бо пайвандони марҳум ҳамсуҳбат гаштем.

Шодиёна, духтари марҳум:

Модарамро халос карда, шатта мехӯрдем!

Шодиёна Тоҷимуродова, духтарчаи ноболиғи Ғайрат ва Шаҳнозаи ҷавонмарг мегӯяд, падару модараш ягон вақт бо ҳамдигар муросо карда наметавонистанд ва аз рӯзе, ки худро ёд дорад, дар хонаашон ҳамеша ҷангу ҷанҷол буд.

“Доимо  падарам  модарамро мезаданд. Ману акоям модарамро халос карданӣ шуда, баъзан аз падарам шатта мехӯрдем. Як бор падарам модарамро бисёр лату куб карданд, дили акоям Азизбек сӯхту давида рафта аз дасташон дошт, ки дигар модарамро назанед. Падарам чунон бо қаҳр Азизбекро ҳаво доданд, ки бечора мисли тӯб баланд парида, баъд ба замин зад ва аз ҳуш рафт. Ман аз тарс дарақ-дарақ ларзида, ҷуръат намекардам, ки ба падарам наздик шавам…”,- қисса мекунад бо чашмони пуроб ин духтарчаи бо гуноҳи падари бераҳму бе шафқат аз меҳри модар бенасиб монда.

Дарро маҳкам карду…

Шодиёнаҷон, падару модарат барои чӣ ҷанг шуданд?

-Сабаби ҷангашонро намедонам, вале бегоҳ вақти аз бозор баргаштан падарам чанд бор теғ кашида, тарафи модарам бад-бад нигоҳ карданд. Модарам ҳайрон шуда пурсиданд, ки барои чӣ ин хел нигоҳ мекунед. Падарам бештар ба ғазаб омада қошу қавоқ андохтанд, вале ягон чиз нагуфтанд. Вақте ба хона расидем, ҳолати падарам боз бадтар шуд. Аз тарси он ки ҳозир боз ҷангу ҷанҷолро сар мекунанд, мо хӯрокамонро  хӯрда, зуд ба хонаи хоби худамон даромадем. Байни падару модарам чӣ шуду чӣ монд, намедонам, вале  як вақт нолаи ҷонкоҳи модарам ба гӯшамон расид, ки номи акоямро гирифта: “Азизбек, Азизбек, биёед, ки ҳозир додот маро мекушад” мегуфт. Хостем ба имдоди модарам шитобем, вале падарам дари хонаи моро аз берун қулф карда будааст. Дукаса ҳарчанд кӯшиш кардем, дарро кушода натавонистем.

-Баъд чӣ шуд?

-Баъд овози модарам якбора хомӯш шуд. Пас аз чанд лаҳза падарам дари хонаи хоби моро кушода даромад. Сару либосаш пур аз хун буд. Ман ба ташвиш афтида пурсидам, ки “Додо, либосҳоятон барои чӣ пури хун аст? Модарамро чӣ кор кардед? Боз зада пури хун кардед?” Падарам ба ҷойи ба саволҳои ман ҷавоб додан ба бари рӯям як шаппотӣ зад ва чизе нагуфта баромада рафт. Пас аз ним соат ҳавлию хонаамон пур аз милисаю одам шуд. Модарамро надидам, чунки хешовандони падарам омада ману акаамро ба хонаашон бурданд…

Тӯтинисо Боймуродова:

Духтарам ошиқ шуда ба сараш бало харид

Вақте ки мо бо духтарчаи ноболиғи марҳум Шаҳноза суҳбат мекардем, зани калонсоле: “Духтараки меҳнатии поку ҳалоли берӯзиам, шавҳари хушкарда гирифта, ба худат бало харидӣ. Оҳ, агар медонистам, ки ин ваҳшӣ туро ин қадар азоб дода, оқибат бо хорию зориҳо мекушад, сад сол бе шавҳар монӣ ҳам, ҳаргиз туро ба Ғайрат намедодам…” гӯён, зор-зор гиря мекард. Аз нолаҳои ҷонсӯзаш пай бурдем, ки ин зани ҷигарсӯхта модари Шаҳнозаи ғурамарг аст. Пас аз он ки модар аз гиря хаста шуда, лаҳзае ором гирифт, мо бо чанд суол ба он кас муроҷиат кардем.

-Набераҳоятон мегӯянд, ки қариб ҳар рӯз дар хонаашон ҷангу ҷанҷол буд ва падарашон ҳамеша модарашонро мезад. Шумо аз зиндагии пур аз ранҷу азоби духтаратон хабар доштед?

-Шаҳноза духтари яккаву ягона ва нури чашму азизи дили мо буд. Талабгорони духтарам аз мӯйи сараш ҳам бисёр буданд, вале дар 18-солагӣ Шаҳнозаи ҳанӯз хом ва бетаҷриба ба ҳамин Ғайрат ошиқ шуд. Ману падараш медонистем, ки ин ҷавон аз духтарамон 10-12 сол калон ва ба Шаҳнозаи мисли ғунчаи гул зебои мо ҳеҷ муносиб нест, вале дили духтари ягонаамон нашиканад гӯён, ба тӯй розигӣ додем….

-Онҳо мисли Лайлию Маҷнун якдигарро дӯст дошта, бо ишқу ошиқӣ хонадор шуда будаанд. Кӣ ё чӣ боис гашт, ки байнашон моҷаро ва носозгорӣ ба миён биёяд?

-Духтарам бо ишқу ошиқӣ хонадор шуда, қариб 11 сол бо Ғайрат дар як болин сар монд, вале дар 11- соли зиндагӣ ақаллан 11-рӯз хушбахт набуд. Аз рӯзҳои аввали хонадориашон шавҳараш Шаҳнозаро ба ҳар як сангу чӯби сари роҳ рашк карда, мудом зери лагад мегирифт. Бовар кунед, аз рӯзе, ки духтарамонро ба шавҳар додем, хонааш мотамхона ва як умр сару рӯяш аз зарби мушту шаттаи шавҳари бераҳмаш сиёҳу кабуд буд…

-Домодатонро насиҳат намекардед?

Магар  ӯро насиҳат карда мешавад?! Ғайрат чунон бадқаҳру бадгумон буд, ки Шаҳнозаро ҳатто ба хонаи худамон, ба манзили падару модараш меҳмонӣ рафта, як шаб хоб кардан намемонд. Ягон тӯй ё маърака шавад, ба домод сару по харида, бо пора базӯр барои 2-3 соат иҷозат мегирифтем. Бечора духтаракам аз тарси шавҳари бадҷаҳлаш ҳатто нону оши маъракаро нахӯрда, ба хонааш бармегашт, зеро медонист, ки аз вақти гуфтаи Ғайрат андак дертар биёяд, албатта дар зери мушту лагад мемонад…

-Муносибати Ғайрат бо фарзандонаш чӣ гуна буд?

-Бад, бисёр бад! Писари калониаш аз дасти ҷангу ҷанҷол ва мушту лагади падараш чунон тарсон шудааст, ки дар синфи 3-юм хонад ҳам, мисли кӯдаки 3-сола аз андак овози баланд тарсида, дарақ-дарақ ба ларза медарояд…

Куштор роҳи ягонаи ҳалли масъала набуд, тобу тоқати дидани ҳамдигарро надошта бошанд, метавонистанд ҷудо шаванд…?

Ин фикр ба сари мо ҳам омада буд. Ҷангу ҷидоли онҳоро дида, чанд бор ба падараш гуфтам, ки мардак, биёед ягон ҳодисаи нохуш рӯй надода, духтари сарсахтамонро ҳамроҳи кӯдаконаш ба хона биёрем, набошад ин Ғайрати ваҳшӣ ягон рӯз ӯро зада мекушад. Тамоми аҳли оила, ҳатто бародару янгааш розӣ буданд, ки Шаҳноза аз шавҳараш ҷудо шавад, вале духтарам “бачаҳоямро бе падар кардан намехоҳам” гӯён, тоқат мекард. Шаҳноза новобаста ба мушту шатта ва ҷабру ҷафои Ғайрат шавҳарашро дӯст медошт ва умед дошт, ки як рӯз не, як рӯз ақлаш ба сараш зада одам мешавад, вале ин бадтол оқибат сари духтаракамро хӯрд…

Воқеан, чаро Шаҳноза ҷавонҳои ҳамсинну соли худашро монда, марди 10-12 сол калонро интихоб кард? Ғайрат марди сарватманд буд?

Аз куҷо?! Беҳуда нагуфтаанд, ки Маҷнунро бо чашми Лайлӣ бояд дид. Ман то ҳол ҳайронам, ки духтари яккаву ягона ва нозпарварди мо дар Ғайрат чӣ ёфта, ошиқи зор гашт. Домод, ки майзада буд, духтарам ҳасибфурӯшию мардикорӣ карда, рӯзи худу бачаҳояшро мегузаронд. Шаҳнозаи ман на танҳо дар ноҳияи худамон, балки ба ноҳияҳои гирду атроф ва ҳатто то Хуҷанд рафта дар дашту саҳро каланд мезад, хишова мекард, то ки барои фарзандонаш як бурида нони ҳалол ёбад. Беҳуда “ҷавоби некӣ-бадӣ” нагуфта будаанд, шавҳари нокасаш дар подоши ин қадар меҳнату заҳмати Шаҳноза сари духтарамро гӯсфанд барин бурид ва бар замми ин, мурдаашро ҳам дар қабр ором нагузошта, дар ҳама ҷо овоза карда гаштааст, ки занам фоҳишаю гапгардон буд. Тамоми мардум медонанд, ки ин гапҳо дар ҳаққи Шаҳноза туҳмати ноҳақ ҳастанд ва духтари мо ба рӯйи ягон марди бегонаю номаҳрам нигоҳ намекард. Занҳое, ки ҳамроҳи Шаҳноза кор мекунанд, ба ҷаноза омада ба шавҳари Азроилаш лаънат хонданд, ки ба қадри чунин зани меҳнатӣ нарасида, Шаҳнозаи бегуноҳро ҳайф кард…

Шояд байни ӯ ва шавҳараш аз рӯйи касе ё чизе моҷарои калон сар зада, боиси куштор гашта бошад. Рӯзе, ки ин ҳодисаи нохуш рӯй дод, Шаҳноза ба шумо занг зада аз чизе шикоят накарда буд?

-Чанд рӯз пеш аз маргаш домод раҳматии духтарамро зада сиёҳу кабуд карда буд, вале мудом ҷангу ҷанҷол, ки мешуданд, мо чандон ба ин чиз аҳамият надодем. Аввалҳо ҷигарам реш-реш мешуд, аммо баъди он ки чанд бор “ҷудо шав” гуфтему Шаҳноза “бачаҳоямро сағера намекунам” гуфт, мо дигар ба зиндагиаш кордор нашудем. Хонаҳоямон дар наздикӣ бошанд ҳам, моҳҳо ҳамдигарро намедидем. Дилам барои духтару набераҳоям гум мезад, аммо аз дасти шавҳари бадмасташ поямро ба остонаи дари Шаҳноза намемондам. Охирин бор рӯзи ба Русия сафар кардани падару акааш Шаҳноза ба хонаамон омад, вале ҳанӯз хӯрок нахӯрда, шавҳар занг зад ва ҳақорату дашном кард, ки ман ду соат вақт додам, вақтат  буд шуд.  Дар бонкаи 2 литра шӯрбо кашида додам, ки бар бо бачаҳакот хӯр. Бори охир рӯи гарми духтарамро ҳамон вақт дида будам, дигар байнашон чӣ гап гузашт, намедонам.

Аз сар задани ин ҳодисаи даҳшатнок шуморо кӣ огоҳ намуд?  

Рӯзи 11-уми май Шаҳноза қариб то соатҳои 8-и бегоҳ дар бозор савдо карда, баъд ҳамроҳи шавҳараш ба хона баргаштааст. Раҳораҳ байнашон чӣ гапе мешавад, ки Ғайрат баробари ба хона омадан бачаҳояшро дар хонаи хобашон қулф карда, мисли қассоб сари духтаракамро аз танаш қариб ҷудо кардааст. Норинисо, хеши наздики шавҳарам, ки дар ҳамсоягии духтарам зиндагӣ мекунад, соатҳои 10-и шаб ба мо занг зад. Вақте ки ба хонаи духтарам расидем, ҳавлӣ пур аз милиса буд ва ягон касро ба хона даромадан намемонданд. Як мошини ёрии таъҷилӣ ба даруни дарвоза даромад ва дар як лаҳза шамол барин берун шуд. Мо ҳам ба мошин шишта аз қафои “Ёрии таъҷилӣ” рафтем. Умед доштам, ки ба беморхона мераванд, аммо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба тарафи морг тоб хӯрд. Ин манзараро дида беҳуш шудам, дигарашро намедонам. Дар МОРГ ба худ омадам, вале вақте ки духтарамро дидам, ҳуш аз сарам парид. Шаҳнозаи ба хун оғуштаро шинохта намешуд. Косахонаи лағжидаи сари духтарамро дида боз аз ҳуш рафтам…

Модари ҷигарсӯхтаи Шаҳнозаи ғурамарг инони ихтиёр аз даст дода, зор-зор ба нолидан даромад. Беш аз ин ба захмҳои дили ин модари фарзандгумкарда намак пошидан нахоста, мо суҳбатамонро бо падари марҳум идома додем.

Падари марҳум:

Гуноҳи домодро мебахшидем, агар…

Боймурод Орифҷонов, падари Шаҳнозаи ноком мегӯяд, зиндагии талхи духтарашро ӯ аз забони бегонаҳо шунида, ду маротиба хост барои Шаҳноза бо пули худаш билет харида, ӯро назди бародаронаш ба Русия фиристад, вале шавҳараш монеъ гашт.

-Ман,  ки бемор ҳастам, ҳамсарам ҳар гапро ба ман намегӯяд, то ки зиқ шуда, саломатиам боз ҳам бадтар нашавад. Шаҳноза дарду аламҳои дилашро ба модараш гуфта, мудом аз шавҳараш шикоят мекардааст, вале модараш ба ӯ пул додаю камбудиҳои зиндагиашро буд карда, бо панду насиҳат боз ба хонааш гусел мекардааст, то ки ду кӯдакаш ятим нашаванд. Ҳаққу ҳамсояҳо баъзан маро дар роҳ дида мегуфтанд, ки буду шуд як духтар доред, вале аз шатта хӯрдану гуруснаю ташна дар гармою сармо мардикорӣ кардан гӯшту устухонаш об шуда рафтааст. Барои он ки духтарам аз чанги шавҳари золимаш халос шуда, каме ҳам бошад, зиндагиашро беҳтар созад, ду бор бо пули худам билет харида, хостам Шаҳнозаро ба назди акаҳояш ба Русия фиристам, вале Ғайрат худашро девона кард, ки ман зани мепартофтагӣ надорам. Эҳ, агар медонистам, ки оқибати зиндагии сангини духтарам чунин марги даҳшатангез аст, зӯран бошад ҳам, Шаҳнозаро ба хона бурда, иҷозат намедодам, ки пояшро дубора ба остонаи дари шавҳараш монад. Афсӯс, ки одамизод пешомадашро намедонад…

-Модарашон ҷавонмарг шуд, падарашон дар пушти панҷара, тақдири минбаъдаи кӯдакони Шаҳноза чӣ мешавад?

-Домод, агар дасту пойи духтарамро зада мешикаст, Худо шоҳид аст, ки гуноҳашро мебахшидем ва дар аробачаи маъюбӣ бошад ҳам, худамон як умр Шаҳнозаро бо фарзандонаш парасторӣ мекардем, вале ин беинсоф ақаллан тақдири ду фарзандашро андеша карда, ба ҷони ҷавони занаш раҳм накарда, мисли гӯсфанди қурбонӣ ӯро бисёр бераҳмона кушт. Бигзор акнун ҷазояшро бинад! Кӯдакони духтарамро мисли гавҳараки чашмонамон эҳтиёт карда ба воя мерасонем.

Янгаи Шаҳноза:

Хоҳаршӯям фаришта буд

Одатан янгаву қайсингил мисли сагу гурба ҳамдигарро чашми дидан надоранд, вале зани бародари Шаҳноза аз хоҳаршӯяш бо некӣ ёд карда мегӯяд:

-Дигар қайсингилҳо ҳар гоҳ ба меҳмонӣ биёянд, албатта ба келин ягон заҳр зада, бадгӯию шӯрандозӣ мекунанд, вале хоҳаршӯйи ман ягон бор ба зиндагии мо дахолат намекард. Дер-дер меомад ва баъзан ҳатто хӯрок нахӯрда саросема ба хонааш мерафт, то ки дар оилааш ҷангу ҷанҷол нашавад. Мо худамон Шаҳнозаро ёд карда, телефон мекардем, ки ба хона биёед, вале шавҳараш иҷозат намедод, ки дар ғаму шодии хонаи падараш шарик шавад. Бовар мекунед, бечора хусурам як бор ба домодаш ангуштарини тиллоӣ дод, то ки Шаҳнозаро ба тӯй биёрад, вале омаданду маърака тамом нашуда рафтанд.

-Дар бораи шахсияти хоҳаршӯятон чӣ гуфта метавонед?  

-Қайсингилам, агар  занаки бадгашт ва тарпоча мешуд, ман, ки янга ҳастам, дар ҳама ҷо доира навохта, сирру асрорашро фош мекардам, вале хоҳаршӯям ба мисли фаришта пок буд. Шавҳараш барои аз об хушк баромадан дар ШВКД-и ноҳия Шаҳнозаро туҳмат кардааст, ки занам бадгашт буд. Тамоми маҳалла медонанд, ки ин гап дурӯғи маҳз аст. Ман бо боварии том мегӯям, ки Шаҳноза зани поку ҳалоли меҳнатӣ буд, вале шӯйи аблаҳаш ба қадри чунин зани фариштахисол нарасида, ӯро бераҳмона ба қатл расонд. Умедворем, ки қонун барои куштори як зани бегуноҳ ва ятим намудани  ду фарзандаш ба ин марди ҷаллод ҷазои сазовор медиҳад!

Фарзона Муродӣ,

Иқболшоҳ Пирӯзов

Хуҷанд-Спитамен-Хуҷанд


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Ғайрат сари Шаҳнозаро аз танаш ҷудо кард

  • Ана окибати «Сар кафад, зери токи!» ё «Духтарам, токат кун»! Баъзан гуё аз зиёд шудани талок ё аз хам пошхурии оилахо бонги изтироб мезананд. Оё аз ин гуна зиндаги талок ё чудоги бехтар нест?

Leave a Reply