Аз камбағалӣ худкушӣ кунам? (Видео)

Видео, Номаҳо, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН

 Сарнавишти як зани тоҷик, ки бо 4 фарзанд овораю дар ба дар аст

Сабоҳат Саидова, як модари тоҷик ба идораи ҳафтаномаи “Оила” омада, аз қисмати шӯраш шиква намуд. Ин зан бо 5 фарзанди ноболиғ ва шавҳари дардмандаш дар ба дар буда, ҳоли табоҳе доранд.

Сабоҳат пештар бо шавҳар ва фарзандонаш дар ноҳияи Масчоҳ умр ба сар мебурдааст. Ба гуфти ин зан, баъди даргузашти падаршӯяш бародари шавҳараш онҳоро бо таҳқиру хорӣ аз хона рондааст. Сабоҳат бар асари мушту лагади додаршӯяш саломатии худро аз даст дода, маҷбур шудааст, ки ҳамроҳи шавҳар ва фарзандонаш ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кӯч бандад. Аз ҷониби давлат барои ин оила аз ҷамоати Иттифоқ, деҳаи Вахш қитъаи замин ҷудо карда шуд. Сабоҳат ва шавҳари дардмандаш тавонистанд ду дар хона андозанд, вале бо сабаби набудани маблағ манзили навбунёди ин оилаи камбизоат бе дару бе тиреза мондааст. Сабоҳат аз маҷбурӣ дар хонаи бародаронаш зиндагӣ карда истодааст. Аз рӯйи гуфти худаш Сабоҳат бо шавҳари бемор ва фарзандони кӯчакаш барои янгаву бародаронаш дарди сари зиёдатӣ шудааст ва зиндагии басо пурмашаққат дорад. Сабоҳат орзу дорад, ки зудтар ба хонаи худаш кӯчида, аз таънаю маломат халос шавад ва нафаси сабук кашад, аммо дар манзили нимсохти онҳо ягон шароити зиндагӣ кардан нест. Хона на дар дорад, на тиреза, бар замми ин, оби нӯшокӣ ва мактабу беморхона нест. Сабоҳат намехоҳад фарзандонаш аз таълиму тарбия дур монда, дар оянда мисли падару модарашон аз бесаводӣ ранҷу азоб бикашанд, вале вай имкони сохтани шароити беҳтарро барои ҷигарбандонаш надорад.

Ин модари серфарзанди тоҷик мегӯяд, чанде қабл аз дарду алами камбағалию ночорӣ даст ба худкушӣ зада буд, вале бо дахолати кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз марг амон ёфт.
Сабоҳат дар ҳолати вазнини руҳӣ қарор дорад ва мушкилиҳои ба сараш омада, метавонанд ӯро дубора ба худкушӣ водор намоянд. Ягона чизе, ки то имрӯз Сабоҳатро аз худкушӣ бозмедорад, ин андешаи тақдири фарзандонаш Шаҳромҷони 9-сола, Шаҳзодҷони 7-сола, Фотимаю Тоҳири 4- сола ва Ёсинҷони 10-моҳа аст, ки ҳар лаҳза бо ашкҳои шашқатор ба домонаш часпида аз модар илтиҷо мекунанд, ки онҳоро дар чунин лаҳзаҳои душвори зиндагӣ танҳо нагузорад. «Одамоне ҳастанд, ки дару тирезаҳои нав шинонда куҳнаашро мекананд ё қолину палосҳои нимдошти худро ба партовгоҳ мебаранд, агар ба ҷойи партофтан ҳамин чизҳоро ба мо барин камбағалон медоданд, кори хайре мешуд»,- мегӯяд ин модари камбизоати тоҷик.

Умедворем, ки сарнавишти талхи Сабоҳат ҷомеаро бетараф намегузорад ва нафароне пайдо мешаванд, ки ба ин оила дасти ёрӣ дароз намуда, дар ҳалли мушкилоти ба сарашон омада кумак мерасонанд ва ин модари тоҷикро аз қасди худкушӣ наҷот медиҳанд. Касоне, ки мехоҳанд ба ин оилаи ниёзманд дасти ёрӣ дароз намоянд, метавонанд ба ин рақамҳо занг зада, бо Сабоҳат тамос бигиранд: 93-148-24-69.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply