Аз рӯйи намоз аз хушдоманам шаттаю шаллоқ мехӯрам

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 

Исмам Нигора аст. Маро мушкиле маҷбур намуд, ки қаламу қоғаз ба даст гирам. Агар дарди диламро нанависам, мекафам ё ба ягон балои азим гирифтор мешавам.

Пеш аз шавҳар карданам намоз мехондаму хатми «Қуръони маҷид» намуда будам. Духтари зебою бамаънӣ, ки будам, талабгоронам хеле бисёр буданд. Волидонам аз байни хостгорони зиёд якеро интихоб карда, маро ба шавҳар доданд. Падар розӣ-Худо розӣ гӯён, ман ҳам муқобилият накарда, риштаи тақдирамро бо ҷавоне, ки дар умрам ягон бор надида будам ва ҳафт пушташро намешинохтам, пайвастам. Аз рӯзҳои аввали зиндагӣ эҳсос намудам, ки аҳли оилаи шавҳарам чандон парвои дину оин надоранд. Дар ин хона касе намоз намехонд ва умуман номи Худову расулро ба забон намегирифтанд. Ягон бор нашунидам, ки хушдоманам ақаллан дар вақти хӯрокхӯрӣ бисмиллоҳ гуфта бошад. Хусуру хушдоманам мудом муллоҳоро таҳқир мекарданд. Бало ба пасашон гӯён, охир ҳар кас дар он дунё барои аъмолаш худаш ҷавоб медиҳад гӯён, ман ба онҳо тамоман кордор намешавам, вале…

Ҳамин ки ҷойнамозро партофта ба намозхонӣ сар кардам, хушдоманамро гӯё ҷин зада бошад, доду фиғон карда ҳавлиро ба сараш мебардорад. Дар сари қаҳр аз даҳонаш чӣ гапи сахте, ки барояд, гуфтан мегирад, на фоҳиша мемонаду на маймуну бероҳа. Ин зани пояш ба лаби гӯр аз Худо шарм надошта, чанд бор вақти намозхонӣ маро мурданивор зад ва ҳатто ҷойнамозҳоямро оташ зад.

Шавҳарам қариб ҳар рӯз ин рафтори модарашро бинад ҳам, чашмашро ба кӯрию гӯшашро ба карӣ зада мегардад, гӯё ягон гап нашуда бошад. Дар хонаи шавҳарам аз рӯи намозхониам рӯз надорам. Ба гуфти хушдоманам ҳамаи муллою эшонҳо террористу фашистанд. Намедонам чӣ хел ба онҳо фаҳмонам, ки дунё аз рӯи муллою эшон не, аз рӯи бесаводии худи мардум бесару сомон шудааст. Сарҳисоби зиндагиамро гум кардаам. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Умрамро дар ҳамин дӯзах хазон созам ё талоқам талаб карда баромада равам?


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Аз он, ки хонадони шавхарат аз рузаю намоз дуранд, чизе гуфта наметавонам. Худо имонашон дихад. Вале хизмати хусуру хушдоман ва шавхару кудакон хам ибодат аст. Як вокеаи хаёли не, хакикатан вокеиро мегуям: Апаам келини намозхону куръонхон кард. Ин чахорум келини хонадон буд. Сеи дигар намозхон набуданд. Келини нав хамаи авсунхояшро намозхону куръонхон кард. Сахар хусуру хушдоман бояд хуроки нахор хурда, ба кори давлат бароянд, ягон чи тайёр нест: Чор келин дар кироати куръон. Нимрузи говашон канда ба ришказори хавли даромада, хуб сер карда кафида харом мурдааст, чор келин ягон нафар надидаанд. Хама, ба гуфти худашон, дар болои чойнамоз ва машгули тиловат. Рамазон фаро расиду хусуру хушдоман ва дигарон мехоханд руза кушоянд, хурок омода нест. Келинхо дар шомхони. Язнаам хамаи келинхоро чамъ карду гуфт, ки хонаи ман масчид нест. Агар хама корхои хонаро дар вакташ ба сомон расонида тавонед, мархамат ба хар коре, ки мехохед, машгул бошед. Вагарна, кучу боратонро гирифта, баромада ба кучое, ки шароиташ барои шумоён мувофик аст, равед. Келинхо кори хонаро байни худ таксим намуданду хам намоз мехонанд ва хам хамаи кор бонизом аст.

Leave a Reply