Аз умри барбодрафтаам афсӯс мехӯрам мегӯяд Саидбурҳон, ки 10 сол салафӣ буд (Видео)

Сиёсат, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

…Марде,  ки ба идораи ҳафтанома омад, ҳаргиз ба шахсе,ки ба ягон гурӯҳи тундрави динӣ мансуб бошад, монанд набуд. Шояд хонанда гӯяд,ки онҳо ҳам одаманд ва шоху дум надоранд, ки аз дигарон фарқ кунанд. Вале чунин одамонро на аз рӯи “шоху думашон”, балки аз тарзи  ришмонӣ ва тарзи суханрониашон ба зудӣ фарқ кардан мумкин аст…  Аммо тавре гуфтем, Саидбурҳон як марди дар суҳбат зиёӣ ва тарзи либоспӯшиаш ҳам замонавӣ буд.Ӯ зодаи ноҳияи Фархор аст ва ҳатто замоне дар ҳайати гурӯҳҳои Фронти халқӣ барои ҳукумати  конститутсионӣ низ ҷангида будааст.

 -Чӣ ҳодиса шуд,ки шумо ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ё ба тарзи дигар гӯем, мухолифин пайвастед?

-Соли 2007,  вақте ки ҳанӯз ҷараёни “салафия” дар Тоҷикистон мамнӯъ набуд, ман зери таъсири  ин гурӯҳ мондам ва ақидаҳои онҳоро қабул кардам. Аммо пас аз ду сол ин равия ҳамчун равияи ифротӣ дар кишвари мо мамнӯъ гардид, ман ақидаамро дигар накарда, тарки Ватан кардам…

— Ба куҷо? Ба Русия рафтед?

-Аввал ба Русия ва минбаъд ба Миср рафтам ва аҳлу аёламро низ бо худ бурдам. Зеро ман нахостам,ки дар ин ҷо ба ман ягон туҳмате сурат гирад. Инчунин, ба ин ҷараён сахт дода шуда будам. Дар Миср 8 соли умри худро гузаронидем ва ду соли охир дар Амороти Муттаҳидаи Араб будем. Ҳоло аз 10 сол умри барбодрафтаам афсӯс мехӯрам…

-Шояд дар он кишварҳое, ки номбар кардед, бе мушкилот ва озодона  ақидаҳои худро мегуфтед ва аз рӯи он амал мекардед?

-Аз куҷо…? Дар он ҷо низ кашмакашҳои ақидатӣ зиёд буданд ва ман маҳз дар ҳамон ҷо фаҳмидам,ки мо хато кардаем. Дар он кишварҳо низ намояндагони мазҳабҳои гуногун ва равияҳои гуногун ҳамеша дар кашмакашанд ва ҳатто ин моҷароҳо ба хунрезиҳо оварда мерасонанд, ки дар ин бора аз ВАО медонед.   Беҳтарин ва дурусттарин роҳ, ин пайравӣ ба  гузаштагони худ ва садоқат ба мазҳаби Имоми Аъзам будааст… Зеро  ин мазҳаб дар байни мазҳабҳои дигар бо инсондӯстӣ, бо пайравии дуруст аз фармудаҳои  Пайғамбарамон (с.а. в.) фарқ мекунад.

-Пас чаро, вақте ки иштибоҳи худро фаҳмидед, зуд ба Ватан барнагаштед?

-Рости гап, тарсидем… Тарсидем, ки барои ҳамроҳ шудан ба ин гурӯҳи ифротӣ ҳабс мекунанд ва  азият медиҳанд. Аз ин лиҳоз, то ин дам ғайрат накардем, ки ба Ватан баргардем. Инак, якуним моҳ мешавад,ки ба Тоҷикистон баргаштем…

-Чаро маҳз ҳоло баргаштед?

-Барои он ки Ҳукумати Тоҷикистон бо супориши Пешвои миллат афви онҳоеро эълон намуд, ки гумроҳ шуда, ба доми гурӯҳҳои тундрав ва ифротӣ афтодаанду аммо пушаймон шуда, ба Ватан баргаштан мехоҳанд. Ман ба хулосае омадам,ки ҳамроҳи аҳли байтам ба зодгоҳам баргардам…

-Шуморо дар ин ҷо барои пайравӣ аз “салафия”  ягон ҷазо  надоданд?

-Баръакс, моро намояндагони сохторҳои қудратӣ бо хушӣ пешвоз гирифтанд ва имкон доданд, ки зиндагии осоиштаамонро дар Ватани худ идома диҳем… Инак, ман муддатест дар Ватан қарор дорам ва дигар ҳаргиз онро тарк карданӣ нестам. Ҳамчунин, мазҳаби бобоиамонро низ ба хотири ким — кадом ақидаҳои ҷудоиовар ба чизе дигаре иваз нахоҳам кард.

-Мақсад аз омаданатон ба идораи ҳафтанома чист?

-Мақсади омадани ман маҳз он аст, ки аз минбари нашрия  истифода бурда, ҳақиқати  ҳолро ба онҳое, ки то ҳол пас аз пушаймон шудани худ ба Ватан баргаштан мехоҳанду аммо фирефтаи гуфтаҳои саркардагони худ дар мавриди гӯё дар Тоҷикистон ҷазо   додан  ба онҳое, ки замоне побанди ақидаҳои ифротӣ буданд, расонам. Бародарони азиз, ҳаргиз ба дурӯғи ин душманони миллат бовар накунед! Дар Тоҷикистон касе барои онҳое,ки аз кардаи худ сидқан пушаймон шуда, ба Ватани худ бармегардад, ягон хел ҷазо дода ва ё фишоре оварда намешавад. Биёед, якҷо паи ободии Ватан бошем!..

…Вақте ки Саидбурҳон   Шарифов идораи ҳафтаномаро тарк мекард, раҳораҳ иброз намуд, ки ҳоло як қисме аз аҳли байташ дар Миср аст ва барои овардани онҳо ҳуҷҷатҳои заруриро омода намуда истодааст.

Мусоҳиб А.  АҲМАДЗОДА,

  “Тоҷикистон”

P.S.

Вазорати корҳои дохилии  Тоҷикистон хабар дод, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ  163 аъзои созмони террористии ДИИШ, пайравони “Салафия”, аъзои «Гурӯҳи 24” ва «Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ҳамчунин 63 донишҷӯи мадрасаҳои динии хориҷӣ ва 5 фарзанди ҷангиёни тоҷикро ба Ватан баргардонд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply