Бӯи бад аз тухми ӯзбекӣ меояд  ё монополияи носолим?

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

—  Ака, нархи як баста тухм чанд сомонӣ?

— Ду намуд дорем, як намудаш 23 сомонӣ ва дигараш 24 сомонӣ.

— Чӣ хел 24 сомонӣ, як ҳафта пеш холаам харида, гуфт, ки нархаш 15 сомонӣ шудааст- ку?

-Вай тухми Ӯзбекистон буд. Мо 15 сомонӣ фурӯхтем, лекин дигар нест. Аз сарҳад намегузаронанд.

-Уфф. Фикр кардам, ки ду баста мегирам, агар гапи холаам рост барояд. Мани бетақдир, боз ноком шудам!

Ин муколамаи байни харидору фурӯшандаи бозори «Сафариён» (Автовокзал) буд, ки мо шоҳиди он гаштем. Чеҳраи ғамгину ноумеди ин зан маро ҳам андуҳгин  кард, зеро  ман ҳам мехостам аз тухми ӯзбекӣ харидорӣ кунам…

         …Ҳафтаи гузашта  бо омадани тухми Ӯзбекистон нархи тухм дар бозорҳои Тоҷикистон якбора  поён фаромад. Аз ин хабар ҳама хушҳол гаштанд. Аммо ин “хушбахтӣ”  дер давом накарду дар давоми се рӯз нарх ҳамон  “Аҳмади порина” шуд. Омадани тухми арзон мисли хоби ширине буд, ки баъди аз бедор шудан аз он фақат хотира монду халос…

         Барои фаҳмидани сабаби нест шудани тухми арзон ба чанд бозор рафтам. Фурӯшандаҳо посухҳои гуногун медоданд. Аҷиб, ҳеҷ кадоме аз ин  ҷавобҳо ба ҳам монанд нестанд:

Фурушандаи бозори «Варзоб»: — Як бор овардем, 15 сомонӣ фурӯхтем. Бисёр одамон ду-се бастаӣ гирифтанд. Лекин рӯзи дигар бисёрашон баргардонда оварданд. Мегӯянд, ки зардияш сап-сафед ва боз бӯйи ғализ дорад. Тамоми фурӯшандагони ин бозор мисли тӯтӣ  барин чунин посухро такрор мекарданд.

Дар бозори «Сафариён» бошад, ба мо гуфтанд, ки тухми мурғ аз сарҳад дигар намегузарад, барои ҳамин мо дигарбора  аз ширкатҳои дохилӣ тухм харидорӣ мекунему ба мизоҷон мефурӯшем.

Савдогарони бозори «Меҳргон» бошанд,  мегӯянд, ки тухмҳо на тамға доранду на санаи истеҳсол дар он дарҷ шудааст ва мо ғами харидоронро мехӯрем. Барои ҳамин дигар ба бозор даровардани онро манъ карданд. Дидед, савдогарони мо то кадом андоза “ғамхори“ мо мебошанд…

Чаро тухмҳои арзони Ӯзбекистонро сараввал оварданду пасон бо ҳар баҳона пеши роҳи онро гирифтанд? Дар байни фурӯшандаҳо гапе паҳн шудааст, ки тухмҳо бесифатандӯ бӯй мекунанд. Пас чаро аз оғоз  «Тоҷикстандарт» онро аз ташхис нагузаронд? Фурӯшандаҳо як гап,  харидорон  гапи дигар  мегӯянд.

 Гулхоним ном сокини пойтахт мегӯяд, ки “тухмҳо ягон камбудӣ надоштанд. Шавҳари ман ду баста харида овард. Ман ҳайрон шудам, ки ӯ чаро ин қадар бисёр харидааст. Оилаи мо на он қадар калон аст, барои ҳамин мо тухми бисёр намехаридем”. Ӯ гуфт, ки «аксия» шудааст. «Ҳар як тухм 50 дирам. Ин нархро дигар аз куҷо меёбем? Ба ин хотир  харидам. Андозааш қариб баробари тухмҳои Тоҷикистон. Мазааш ҳам нагз буд. Дар болои тухмҳо санаи истеҳсолу номи корхонааш буд. Ман намедонам,  фурӯшандаҳо барои чӣ ин хел мегӯянд”.

Ҳамсуҳбати дигарамон Тоҳира Нарзиалиева дар ин бора чунин гуфт: «Хафтаи гузашта писарам аз шаҳр занг зада, хушхабар расонд, ки  пас аз дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон бозорҳои мо рӯ ба арзонӣ овардаанд. Аз шодии писарам хурсанд гаштам, чунки ягона писарам рӯзгори хонаи моро таъмин мекунад. Писарам он рӯз 4 қуттӣ тухм равон кард. “Акнун нархи тухм 16 сомонӣ шудааст, то охири моҳ ҳар рӯз тухм хӯред очаҷон” гуфту бо таксӣ харидаҳояшро равон намуд. Бовар кунед, тухмҳои Ӯзбекистон каме хурд бошанд ҳам, вале маззаи тухмҳои худамонро доштанд. Мо то ҳол тухм хӯрда истодаем. Вале писарам дирӯз занг зада гуфт, ки оча, бозорҳои моро чашм расид. Тухмҳои Ӯзбекистонро бардоштанд, яъне дигар аз он тухмҳо бӯйи умед нест, чунки фурӯшандаҳои бозор гуфтанд, ки як хафта тиҷоратамон авҷ гирифт, вале якуякбора дигар ворид нагашту моро хиҷолатзада кард. Ба гуфтаи масъулон,  тухмҳои Ӯзбекистон гӯё кӯҳнашуда, бадбӯй ва зарарнок будаанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо писарам ба ман занг зад, вале бовар кунед мо ягон таъми бад ё куҳнашударо надидем. Агар бовар накунед,  ду бастаи  дигараш боқӣ мондааст ва исбот мекунам, ки тухмҳои босифатанд. Гиреҳи ин муамморо кӣ мекушояд?”.

Шаҳло:  «Моҳи гузашта аз бозори шаҳри Турсунзода ду баста тухми мурғро  бо нархи 16 сомонӣ харидорӣ кардам.  Тухмҳои ҳаҷмашон  миёна ва мазаашон  олӣ буданд, ягон камбудие дар шакл ва таъмаш дида намешуд. Мутаассифона,  воридоти тухм аз ҳамсоякишварро  манъ карданд ва боз маҷбурам, ки бо нархи гарон тухм харам. Дирӯз  боз ба бозори хӯрокаи шаҳри Турсунзода омадам, вале ҳайҳот аз ҳама арзонтарин бастаи тухм  24 сомонӣ  буд. Тухми андозааш калонтар бошад,  29 сомонӣ фурӯхта мешуд. Ин нархҳо нисбат ба нархи ҳафтае пеш  ду баробар зиёд буда, барои як харидори одие, ки ба ҳисоби миёна 450 сомонӣ маош мегирад, беинсофист.

-Умеда:  «Ман дар  шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекунам. Аз рӯзе, ки сарҳад кушода шуду воридоти тухми ӯзбекӣ оғоз гардид, аз он мехаридам ва ягон маротиба  камбудие дар таркиб, маза ва шакли он надидам, кӯдаконам бо хурсандӣ онро истеъмол мекарданд ва ман низ аз нархи дастраси он хушҳол будам. Аммо шунидам “пастсифат баромад”  гуфта,  воридоташро манъ кардаанд. Бигзор зери назорат гиранд, бесифаташро намонанд, хубашро гузоранд, ки ба бозорҳои мо ояд. Мо наметавонем бо ин қадар нархи гарон тухм харем. Вақте ки тухми Ӯзбекистон ба бозор ворид шуд, рақобат буд ва тухми ватанӣ низ 18-20 сомонӣ нарх дошт. Дигар воридот нест ва  фурӯшандагони мо боз нархро ба осмон бароварданд”.

Тибқи омори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар кишвар 70 корхонаи бузургу кӯчаки парандапарварӣ фаъоланд, ки 80 дарсади тухми мурғи мавриди ниёзи сокинони кишварро тавлид мекунанд. 20 дарсади тухми мурғ ба бозорҳои Тоҷикистон аз Покистону кишварҳои дигари минтақа ворид мегашт. Дар семоҳаи аввали  соли равон  истеҳсоли тухм  41148724 донаро ташкил медиҳад. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум   истеҳсоли тухм 112%-ро   ташкил медихад.

Шояд  даромадани тухми мурғи хориҷиро барои он манъ карданд, то истеҳсоли корхонаҳои парандапарварии ватанӣ рушд кунад. Аммо рушд ёбад гуфта, киссаи бе ин ҳам холии мардумро боз холитар  кардан аз рӯи инсоф нест. Бигзор ҳам тухми  тоҷикӣ афзоиш ёбаду ҳам нархи он бо кумаки тухми хориҷӣ арзонтар шавад. Ин мешавад  айни муддао…

Саодат Розиқзода,

“Тоҷикистон”

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Офарин Саодат-апа чони гапро гуфтед. Шумо бехтарин тадкикот анчом додед. Кош Абдумудассир Ахмадзода мисли Шумо доири мавзуъхои халталаб аз он чумла нархи осмонии беморхонахои шахри Панчакент ягон макола менавиштанд мо хурсанд мешудем.

  • Тухми Узбекистон буй надошт, зеро пас аз ворид гардидани он, кисаи мургпарварони точик буй гирифт!

Leave a Reply