Ба Ӯзбекистон бе «Тоҷикистон»

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ТОҶИКИСТОН, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

 Бори нахуст дар таърихи нави ҳамкорӣ ва муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи 16 март корвони мошинҳои Маркази хизматрасонии нақлиётӣ дар соҳаи туризм ва ҷаҳонгардӣ дар назди ширкати «Рахш Таксӣ 3333» ва ширкати сайёҳии «Скай Тур» ба самти шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ба роҳ баромад. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, иқдоми мазкур бо ташаббуси ширкати «Рахш Таксӣ 3333» ва ширкати сайёҳии «Скай Тур» роҳандозӣ шуда, ба ҳайати корвон хабарнигорон, наворбардорон, коргардонҳо, роҳбарони ширкатҳои ватанӣ, муштариёни доимии «Рахш Таксӣ», «Скай Тур» ва дигарон шомил мебошанд. Мутаассифона, чун ба   ин сафар хабарнигори «Тоҷикистон таймс» даъват нагардидааст, мо наметавонем аз рафти ин сафар ва чорабиниҳои баргузоршаванда   ба хонандагони худ ҳамарӯза  иттилоъи дақиқ ва фаврӣ диҳем.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply