• Mardon
  • 29.03.2019
  • 0

“Барқи тоҷик”: Дар ҷорӣ шудани лимит муштариён гунаҳкоранд

Ширкати “Барқи тоҷик” имрӯз, 29 март, бо пахши як муроҷиатнома аз истифодабарадагони неруи барқ дар Тоҷикистон даъват кардааст, ки пули истифодаи барқро пардохт кунанд.

Бино ба маълумоти ин ширкат, қарзи сокинони кишвар барои истифодаи неруи барқ ҳудуди 1 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ба ин далел, таъмини пурра ва муназзами кишвар бо барқ хеле душвор ва то дараҷае ғайриимкон гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки “барои бунёди неругоҳҳои нав, таъмиру таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, ки муҳлати истифодаи аксарияташон алаккай гузаштааст, таъмиру таҷдиди инфрасохтор, хулоса —  фаъол нигоҳ доштани ниҳоди энергетикӣ  низ маблағҳои калон лозиманд”.

Ба ғайр аз ин, дар муроҷиатнома таъкид шудааст, ки ширкати «Барқи тоҷик» ҳар сол танҳо барои истифодаи об то 40 миллион сомонӣ андози роялтӣ месупорад.

“Бо назардошти ин ҳама, ҳар як муштарӣ агар ҳаққи барқи истифодашударо пардохт насозад,  ҷиҳати  такроран истеҳсол намудани неруи барқ ва таъминоти пурраи ҷумҳурӣ бо барқ душвориҳои ҷиддӣ пеш меоянд ва ҳатто имкони бемаҳдудият бо барқ таъмин намудани  аҳолӣ ва идораю корхонаҳо халалдор мегардад”-омадааст дар муроҷиатнома.

Дар ҳоле ин муроҷиатнома пахш мешавад, ки лимит ё маҳдудият дар интиқоли неруи барқ, ки аз аввали моҳи март  оғоз гардид, на танҳо дар минтақаҳои дурдасти кишвар, балки дар ноҳияҳои пойтахт ҳам имрӯз ҷорист. Айни ҳол, мисли 10 соли қабл барқро 4 соат саҳар ва 4 соат бегоҳ медиҳанду халос.

Кормандони Шабакаҳои барқии пойтахти кишвар сабаби лимити барқро таъмиру навсозии хатҳо ва иқтидорҳои барқрасонӣ унвон мекарданд.

Аммо ҳоло “Барқи тоҷик” далели лимитро ба қарзи истифодабарандагони неруи барқ марбут хондааст.

Дар муроҷиатномаи ширкат омадааст: “Имконияти техникии ба таври  инфиродӣ хомӯш намудани барқи ҳар як муштарии қарздор вуҷуд  надорад. Аз ин рӯ, дар натиҷаи зам шудани қарзҳо моро лозим меояд, деҳаҳои алоҳида, ҷамоатҳо, шаҳраку микрорайонҳоро аз неруи барқ маҳрум созем. Аз дигар тараф, ин нисбат ба муштариёне, ки маблағи барқи истифода бурдаашонро сари вақт пардохт менамоянд, ноинсофӣ мешавад.”

Зимнан, моҳи ноябри соли 2018 Тоҷикистон чархаи нахустини нерӯгоҳи «Роғун»-ро фаъол сохт ва ба дунболи он умеди сокинон ба дарёфти барқи бештар зиёд шуд, аммо ҳоло дар фасли баҳор аз набуди он шикоят мекунанд.

Дар маҷмӯъ дар соли гузашта нерӯгоҳҳои кишвар 19 миллиарду 742 миллион киловатт соат нерӯи барқ тавлид кардаанд. Ин рақам нисбат ба як соли қабл як миллиарду 628 миллион соат киловатт соат нерӯи барқ бештар аст. Ҳамзамон соли гузашта Тоҷикистон ба Узбекистону Афғонистон ва Қирғизистон 2 миллиарду 406 миллион киловатт соат нерӯи барқ содирот кардааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner