Барои либоси овезон 2000 сомон ҷарима

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

«Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷ.Т., аз он ҷумла Кодекси манзили Ҷ.Т. ва Маромномаи сокини пойтахт овехтани либосҳо дар балкон ва тирезаҳо қатъиян манъ карда шудааст. Барои риоя нагардидани қоидаҳои истифодабарии биною манзилҳои истиқоматӣ, нигоҳубини онҳо тибқи моддаи 449 КМ ҶТ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 500 то 1000 сомонӣ ва ба шахсони мансабдор аз 1500 то 2000 сомонӣ ҷарима таъин карда мешавад.”

Maruf Muhiddin, як корбари Фейсбук дар гуруҳи «Ахбор барои афкор” акси як эълонеро, ки дар биноҳои истиқоматии шаҳри Душанбе овехтаанд, нашр кард.

Дар ин эълон маъмурияти Муассисаи минтақавии рақами 116-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сокинонро ҳушдор медиҳад, ки бар асоси муқаррароти Кодекси манзил ва Маромномаи сокини пойтахт дар балконҳо ва тирезаҳо овехтани либос қатъиян манъ буда, барои назорат як комиссияи доимамалкунанда алакай ба кор шуруъ кардааст. Дар ин эълон ба сокинон ҳушдор дода мешавад, ки барои овехтани либосҳо дар балкону тирезаҳо онҳоро метавонанд ба маблағи аз 500 то 1000 сомонӣ ва агар соҳиби манзил мансабдор бошад, аз 1500 то 2000 сомонӣ ҷарима бубанданд.

Матни ин эълон чунин аст:

ТАВАҶҶУҲ

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷ.Т., аз он ҷумла Кодекси манзили Ҷ.Т. ва Маромномаи сокини пойтахт овехтани либосҳо дар балкон ва тирезаҳо қатъиян манъ карда шудааст.

Бинобар ин аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонунҳои шаҳрдориро риоя намуда, аз овехтани либосҳо дар балкон ва тирезаҳо худдорӣ намоед.

Барои гузаронидани рейдҳои муштарак аз мақомотҳои дахлдор комиссияи доимамалкунанда таъсис дода шуда, ба кор шуруъ намудааст.

Барои риоя нагардидани қоидаҳои истифодабарии биною манзилҳои истиқоматӣ, нигоҳубини онҳо тибқи моддаи 449 КМ ҶТ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 500 то 1000 сомонӣ ва ба шахсони мансабдор аз 1500 то 2000 сомонӣ ҷарима таъин карда мешавад. Сокиноне ки такроран қоидаҳои шаҳрдориро вайрон менамоянд, аз тарафи мақомотҳои дахлдор мавод тартиб дода шуда, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Сокинони мӯҳтарам, шарафу ифтихори бузург аст, ки мову шуумо сокини шаҳри Душанбе, пойтахти ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳастем.

Маъмурияти муассисаи минтақавии рақами 116-уми н. СиноТел 2 37 25 51, 909 09 73 17

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply