Баррасии “Барномаи дастгирии рушди нерӯи инсонӣ”

Тандурустӣ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 Бахшида ба ҷамъбасти ҳисоботи Лоиҳаи кӯмаки техникии Иттиҳоди Аврупо оид ба Барномаи дастгирии рушди нерӯи инсон (марҳилаи II)  мизи мудаввар баргузор гашт. Дар ин чорабинӣ намояндагони Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, инчунин намояндагони ВАО иштирок доштанд.

М. Камолзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ҳамагонро ба ин чорабинӣ хушомадед гуфта, миннатдории худ ва Вазири тандурустӣ ва ҲИАҶТ Насим Олимзодаро  барои таҳияи чунин лоиҳа дар Тоҷикистон байн намуд. Номбурда  дар суханрониаш афзуд, ки маблағҳои  умумие, ки барои кӯмакҳои техникӣ ҷудо шудааст, 4 100 000 эвро ташкил медиҳад. “Дар мизи мудаввари имрӯза ҷамъбастии Лоиҳаи  кӯмаки техники Иттиҳоди Аврупо оид ба Барномаи дастгирии рушди нерӯҳои инсонӣ ҳисобот дода мешавад”, афзуд ӯ.

 

Сафар Сайфуддинов, сармутахассиси Вазорати тандурустӣ оид ба системаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ дар суҳбат ба хабарнигори сомонаи tajikistantimes.com қайд кард,  ки бо дастгирии Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Иттиҳоди Аврупо дар чор марҳила созишнома татбиқ гардид. Дар марҳилаҳои аввал системаҳои иттилооти мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Дар марҳилаҳои дуюмь таҳкими заминаи меъёрҳои  ҳуқуқии ин соҳа, дар маҳилаи сеюм бошад, тавонистем, ки бо ин системаи ягонаи иттилоотии идоракунии тандурустиро дар кишварамон, ки  бо таври онлайн  фаъолият дорад, дастрас намуда, ҳамчунин, тамоми  маводҳои вобаста ба солимии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ пешниҳод карда мешавад. Ин навъи  дастраскунии иттилоотӣ барои кори мо хеле муҳим буда,  сари вақт воқиф шудан аз камбудиҳои соҳа, аз сатҳи солимии аҳолӣ ва фаъолияти самараноки муассисаҳои  тандурустӣ кӯмак менамояд.

Ҳамчунин, аз тарафи намояндагони  Иттиҳоди Аврупо вобаста ба лоиҳаи мазкур суханрониҳо шунида шуд.

Маҳинаи Давлат


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply