Баста шудани роҳҳои мошингард дар хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов, Н. Махсум бо кӯчаи Ҳисор

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Шурӯъ аз 11 июни соли 2018 ҳаракати воситаҳои нақлиёт бинобар оғоз гардидани корҳои сохтмонӣ дар буриши роҳи мошингарди хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов, Н. Махсум бо кӯчаи Ҳисори шаҳри Душанбе    қатъ мегардад.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки то ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ дар кӯчаҳои мазкур  ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаи А.Навоӣ ба роҳ монда мешавад.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply