Байтори мӯъҷизакор

Сиёсат, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Аз лаборанти одӣ то курсии раиси вилоят

Вақте Ғайбулло Авзалов ба  вилояти Хатлон ба ҳайси раис омад, тамоми мардуми вилоят  ба андеша афтоданд, ки  бароямон инсони боинтизом омад. Ҳамчун фарзанди кӯҳистон Ғайбулло Авзалов аз овони наврасиаш дар зиндагӣ пуртоқату ба сахтиву душвориҳо тобовар  буд.

 Ҳангоми раиси вилояти Хатлон шуд, бисёре аз роҳбарони шаҳру навоҳии вилоят ӯро мешинохтанд. Чанд сол аз ин пеш ба ҳайси раиси ноҳияи собиқ Ҷилликӯл (ҳозира Дӯстӣ) кор карда буд. Ҳамон вақт дар ҳаққаш  ривоятҳо пайдо шуда буданд…

Ҳангоме, ки ҳамчун раиси вилояти Хатлон ба кор омад, дар нахустин ҷамъомадаш  ҷониби раисони шаҳру навоҳӣ ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ изҳор дошт, ки  ман интизомпарастам! Интизоми кориро аз ҳама беҳтар ва муқаддастар мешуморам ва аз шумо низ ҳаминро талаб мекунам. Чунки дар зиндагӣ ба ҷуз интизом бароям чизи дигаре вуҷуд надорад. Зиндагии ман худ интизом аст. На танҳо дар кор, балки дар оила ҳам низ интизомро риоя мекунам. Чунин мепиндорам, ки  зиндагии инсон беинтизом маъное надорад.

Касби асосиаш байторист. Вале ҳама касбҳоро медонаду меписандад. Аз ҳама касбҳо маълумот ва тасаввуроти комил дорад. Аз ин рӯ, дар вақти раиси вилояти Хатлон буданаш ягон раиси шаҳру ноҳия ва роҳбари ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ оид ба ягон касбукор  ӯро фиреб дода  ва наздаш дурӯғ гуфта ҳам наметавонистанд.

Ӯ ҳама умр кор мегуфту кор. Ба ҷуз кор ягон фикру андешаи дигаре надошт. Одати басе хубе дошт, ки роҳбаронро ба қавму миллат ва пасту баланд ҷудо намекард. Ҳамаро як медонист. Аз онҳо фақат кор талаб мекард. Одами коргарро басе дӯст медошт ва ҳурматаш низ мекард.

Ба ғайри роҳбарӣ ва пешбурди вазифаҳояш  инсони басе сермутолеа аст, Ғайбулло Авзалов. Мутолеаи китобҳои бадеиро дӯст медорад ва ҳамеша китоб мехонад. Ва асарҳо ҳам меофарад. Инак,  «Подоши ҳақиқат» ном китобаш дар дасти мост ва онро  дар хусуси кору зиндагиномаи худ навиштааст. Китоб басе хонданбоб ҳам ҳаст. Арзанда медорем, ки чанд иқтисобе аз он китоб  биёрем.

Ғайбулло Авзалов дар китобаш мегӯяд: «Собиқ раисони вилоят  Абдуҷалол Салимов, Давлаталӣ  Шарифов, Амиршо Миралиев солҳои ниҳоят вазнини баъди ҷанги шаҳрвандӣ фаъолият намуда, ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ  ноил гашта, амалҳои хайру савоберо ба анҷом расониданд. Солҳои раисии Абдуҷалол Салимов,  ки ҷангу низоъ ҷуз харобиҳо дигар чизе ба мерос намонда буд. Ман дар он солҳо ба ҳайси муовини раиси вилоят фаъолият доштам. Вазнинии он рӯзҳои мудҳиш ҳеҷ гоҳ аз назарам  дур намерафт. Хонаҳои сӯхтаю валангор, ғаму андуҳи инсонҳо, корхонаҳо аз кор мондаю киштзорҳои хазонхӯрда, хазинаҳои тороҷгашта, мошинолоти хоҷагии қишлоқ, ки яке аз рукнҳои пешбурди соҳаи кишоварзӣ аст, ба яғмо бурда шуда буд».

 Дар яке аз суҳбаташ бо журналистон гуфта буд Ғайбулло Саидович: «Вақте муовини раиси вилояти Хатлон оид ба кишоварзӣ солҳои давраи ҷанги бародаркушӣ ҳатто кормандони  мо, роҳбарону кормандони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нони ба серӣ намехӯрданд. Чунки нон худ дар мамлакат камчин буд. Яке аз рӯзҳои вазнин, ки  дар ҳама ҷо дидбонгоҳҳо фаъолият доштанд, банда барои сафари хизматӣ ба ноҳияи Колхозобод (Ҷ. Балхӣ) бирафтам. Баъди ду ҳафтаи нимсеру нимгуруснагӣ дар хонаи як мӯйсафеде ба серӣ хӯрок хӯрдам. Ҳол он ки  яке аз роҳбарони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҳсуб меёфтам. Дар ҳамин гуна рӯзҳои вазнин мо кор мекардем ва мувофиқи шароиту имконият ғами халқро ҳам мехӯрдем».

— Муовини ҳозираи ман Шоимназар Омонов, ки  дар ҳамон вақт вазифаи  сармуҳарририи рӯзномаи  вилоятии «Дӯстлик»-ро ба ҷо  меовард, чунин  нақл мекунад: «Ба ман хабар омад, ки падарарӯсам, ки дар ноҳияи Носири Хусрав умр ба сар мебурд, фавтидааст. Дар ҳамон шабу рӯз мошин набуд. Таксиҳо кор намекарданд. Рӯзномаро чоп карда, ба ҳукумати  вилоят якчанд шумораи  онро бурда супурдам. Басе, ғамгин будам. Дар ҳамин вақт  раиси вилоят Ғайбулло Авзалов омад ва пурсид, ки ғамгин менамоӣ, чӣ ҳодиса сар задааст? Ман ҳодисаи  ба сарамомадаро гуфтам ва боз илова  кардам, ки  мошине  намеёбам, ки  ба Бешкент равам ва дар ҷанозаи  падарарӯсам иштирок кунам.

— Ҳеҷ гап нест,- гуфтанд Ғайбулло Авзалов. Ман шуморо бо мошини хизматиам гирифта мебарам. Ана ҳозир ба роҳ мебароем. Аз ин ҷиҳат  асло ғам нахӯред. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки ин тавр ки бошад, ман ба идора  рафта, ба кормандонам хабар мерасонам.

— Додарам,- гуфт Ғайбулло Авзалов. Шумо одами  андак мандак не. Сардори як идораи бонуфузед. Аз ҳамин  утоқи  кории ман истода занг занед ва ба сафар мебароем…

Вақте ки бародараш Азиз Афзалов дар бораи падарашон китоберо бо номи «Раиси Авзал»-ро чоп кунонд, як нусхаашро  ба ман туҳфа  намуд. Аз ин воқиф шуда, Ғайбулло  Авзалов ба ман занг зада, изҳор дошт, ки шунидам, ки китоби дар бораи падарам ба дасти шумо расидааст. Мабодо хабари чоп шудани ин китобро дар рӯзномаатон чоп накунед, ин аз рӯи хоксорӣ намешавад. Аз ин хоҳиши Ғайбулло Авзалов боз як бори дигар ба хоксорию фурӯтании раиси вилоят тан додам.

Вақте ба ҳайси  раиси вилоят ба кор омад, сармуҳаррирон ва журналистони рӯзномаҳои  вилоятиро назди худ ҷамъ овард. Гуфт, ки  рӯзнома яроқи ҳукумат аст. Фақат журналистон метавонанд он ҳама камбудиҳое, ки дар шаҳру навоҳии вилоят вуҷуд доранд, пеши мардум бароранд ва ба ислоҳ дароранд.

Дар вазнинтарин рӯзу моҳҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов ҳамчун вакили мардумии Маҷлиси Олии Тоҷикистон фаъолият мекард ва шабу рӯз дар ғами мардуми тоҷику тоҷикистониён ва барқарор сохтани сулҳу субот буд. Дар Иҷлосияи XXVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ барпо гашта буд, Ғайбулло Авзалов  ҳамчун вакил суханрониҳо карда, вакилон ва даъватшудагони иҷлосияро водор месохт, ки бобати барқарор гаштани сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон ба хулосаи амиқ биёянд. Коре кунанд, ки  дар Тоҷикистон оромию субот пойдор гардад. Вагарна мо Тоҷикистони азизи худро аз даст медиҳем. Дар он сурат ин як даҳшат, балки фоҷеаи калон хоҳад шуд.

Мо набояд ба ин кор роҳ диҳем. Дар ин бобат  ҳама бояд як тану як ҷон бошем.

Дар солҳои роҳбарии Ғайбулло Авзалов ҳамчун раиси вилояти Хатлон вилоят басе тараққӣ карда, бамаротиб пеш рафт. Ин ҳама хизматҳои арзандаи Ғайбулло Авзалов дар роҳи пешбурди вилоят буд.

Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳикоят мекунанд, ки Ғайбулло Авзалов хӯроки чоштро дар утоқи кориаш мехӯрд. Ё худ ҳангоми ба ягон шаҳру ноҳия сафар кардан хӯрокашро дар мошини хизматиаш тановул мекард. Ин амалро бо мақсаде иҷро мекард, ки  вақти корӣ зоеъ наравад. Ин корро ҳам ҳар роҳбар карда наметавонад.

 Бале, Ғайбулло Авзалов аз овони наврасию ҷавониаш доим ҳақиқатро меҷусту меҷӯяд. Имрӯз ҳам  ин инсони инсондӯст дар роҳи хизмати халқу ҷамъият қарор дорад. Эътимод бар он дорем, ки Ғайбулло Авзалов боз солҳои зиёде дар роҳи ободию созандагии халқу Ватан ҳизмат хоҳад кард.

Тошмат ТЕМИРОВ,

сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Дӯстлик»


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply