• Administrator
  • 19.07.2017
  • 7

БДА мӯҳлати ивази рақамҳои кӯҳна ба навро дароз кард

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳлати иваз намудани рақамҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиётро, ки ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ (СТ ҶТ 1020-2013) мувофиқат намекунад, то 1 декабри соли 2017 тамдид  намуд.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ба ронандагоне, ки воситаҳои нақлиётро бо рақамҳои қайди давлатии ғайристандартӣ идора менамоянд, тавсия дода мешавад, ки дар муҳлати муайяншуда онҳоро ба рақамҳои қайди давлатии мутобиқ ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА-и маҳалли  зисташон  иваз намоянд.

Барои гирифтани маълумоти бештар шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои 235-05-12, 235-04-23 ва 235-79-29 муроҷиат намоянд.

 

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Тоҳир 1555:

    Ин кор дар накша буд ва бояд мешуд.

  • андрей:

    Акачоно инами номерои рт2156аа01алиш мешан е не бфамонен

  • Тоҳир 1555:

    Не аз шумо иваз Карда намешавад.
    Танхо аз кайди давлати гузаронед раками мошинатона халос,ба он шарте,ки ТЕХОСМОТР гузаронидаги бошед мошина ва гарна чарима месупоред.

  • Бахтовар:

    Салом ман мехохам ракамхои автомобиламро иваз намоям аммо ман дар ш Душанбе зиндаши иекунам автомобилам дар кайди н Айни ва ба номи падарам мебошад ман метавонам ракамамро дар ш Душанбе иваз намоям доверност дорам

  • Шухрат:

    хамин кайди давлатии дар боло чоп шуда TJ 0000 аа 01 ба ивазкуни эхтиеч дорад ё факат агар РТ бошад..

  • Чамолиддин:

    салом кабл аз хама рахмат барои посухи савол, дар рафти намуди ракамхои кайди давлати аз 4 ракам ба 3 ракама мегузарад мгуянд ин хабари пахншуда чандкадар рост аст ва аз кай дар асоси чи

  • ТОХИР:

    Тохир1555:Ин дар накша буд,ва хохад шуд!!!

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.