Бемории қалб, “диагноз”-и пулис ва саволи беҷавоби модар

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

 

…Баҳористон мотам дошт. Имрӯз боз як ҷавонмарди муҳоҷирро, ки дар натиҷаи “бемории қалб” даргузашту ӯро аз Маскав оварданд, ба хок супориданд. Гумон мекунед, ки ӯ бемор буду дар бемористон даргузашт ва ба тақдири Ҳақ тан дод? Хоҳу нохоҳ волидон ва тифлони сағирмондаи Илҳомиддин Шоев ба чунин тақдири талх тан медиҳанд, вале ин муҳоҷири номурод на бемор буду на бемории қалб дошт ва  на дар бемористон ҷон дод…

Ӯ дар ҷое буд, ки солҳои охир тоҷикони муҳоҷир ҳар чӣ бештар дар он ҷо “аз беморӣ” мефавтанд. Илҳомиддин дар идораи пулиси минтақаи Вешнякии шаҳри Маскав бо ким — кадом “гуноҳ” боздошт шуда буд ва диагнози марги ӯро низ ҳамин идора муайян кардааст. Магар ба чунин шарҳ қалби  волидон бовар мекунад? Магар он модароне, ки аз ноҳияҳои наздик бо шунидани ин фоҷиа ба ноҳияи Рӯдакӣ омада, дар ҷанозаи Илҳомиддин аз дарди қалби худ, аз  “диагноз”-ҳои пулисе,ки фарзандони онҳоро низ дар қуттӣ бо чунин ташхис ба онҳо фиристодааст, нолиш мекунанд, ба ин шарҳу эзоҳҳо бовар мекунанд? На танҳо наздикони ин марҳум, балки ҳамаи он касоне, ки ҷисми беҷони ӯро аз наздик дидаанд, (мурдашӯйҳо) мегӯянд, ки дар чанд ҷои бадани ин ҷавонмард изи латукӯбро мушоҳида намудаанд. Дуруст аст, ки инсон дар натиҷаи аз кор мондани қалб ҷон медиҳад, вале ба ин қалб кӣ “кумак” расонд, ки як ҷавонмарди ба қавли мардум “гурсу барс” , замоне ки барои бозгашт ба Ватан тайёрӣ медид, сафари он дунё кард?

Ба ин савол, пеш аз ҳама, волидони Илҳомиддин Шоев ҷавоб меҷӯянд. Аммо аз кӣ? Ба кадом дар арзи худро расонанд? Ба Вазорати корҳои хориҷӣ? Ба Хадамоти муҳоҷират? Ба Сергей Собянин, ки аз даромади чандинмиллиардаи муҳоҷирон ба буҷаи шаҳраш ҳарф мезанад? Ё дар ниҳояти кор, ба Владимир Жириновский, ки мехоҳад дар шиносномаи тоҷикон “дӯстони Русия “ навишта шавад? Дар  ин кор мо маслиҳатчӣ нестем, зеро медонем, ки натиҷа боз ҳамон “аз бемории қалб” мешавад. Бо овардани ин мисол гуфтанием, ки фарзанди тоҷик гурба нест, ки онро сари роҳ мошин занаду пас аз лаҳзае ҳам соҳибаш ва ҳам ронандае, ки онро пахш карда буд, будани онро фаромӯш кунанд. Аз Илҳомиддин чаҳор фарзанд мондааст, ки бузургтаринашон 14 — сола аст. Ҳамаи ин оила интизори “падари нонбиёрашон” буданд, вале тобути ӯ насибашон кард…

Муҳоҷирати меҳнатӣ амри  воқеист ва аз ин ҷои гурез нест . Вале чӣ бояд кард, ки чунин “бемориҳои қалб” кам шаванд ва тифлону занони тоҷик аз ин “беморӣ” камтар зарар бинанд. Барои ин иродаи онҳое зарур аст,ки Ҳукумат ба эшон  такя намуда мегӯяд: “Шаҳрвандони Тоҷикистон дар зери ҳимояи ҳукуматашон  ҳастанд”.  Аммо оё мо барои ҳимояи шаҳрвандони худ ҳама чораҳоро меандешем? Оё мо он вазифаеро,ки Давлати Тоҷикистон ва Роҳбари он ба дӯшамон гузоштааст, ба пуррагӣ иҷро мекунем? Шубҳа дорам. Зеро агар чунин ҳодисаи “бемории қалб” ки дар натиҷаи он сар мекафаду дасту по сиёҳу кабуд мешавад, ба сари як амрикоӣ меомад, нисфи дунё ба по мехест.

Албатта, мо Амрико нестем, вале мо ҳам давлатем ва давлате, ки сол ба сол нуфузаш дар арсаи олам меафзояду эҳтиромаш дар байни дигар кишварҳо бо сохтмонҳои нав, бо дастовардҳои наваш  меафзояд. Пас, чаро кӯшиш накунем,ки сабаби асосии дар идораи пулиси кишваре,ки ба  қавли муовини раиси Думаи давлатӣ “дӯсти” мост, гирифтори   “бемории қалб” шудани Илҳомиддинро холисона тафтиш накунанд?

Масъулон бо фарқ аз падари ғамзадаи Илҳомиддин — Шарофиддин, ки мегӯяд  ”арзи моро ба Русия расонед”,  медонанд, ки барои ин чӣ кор кардан лозим аст. Пас, ҷанобон ба пеш, нонатонро ҳалол карда хӯред ва  ёбед, ки чаро пулиси Вешнякии Маскав  дар қатори 18 муҳоҷир Илҳомиддинро ба идорааш бурду дар он ҷо ӯро гирифтори “бемории қалб” намуд?

А.АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Дар хакикат ин казияхоро бояд чидди гирифт.Имруз мамлакати мо тамоми мушкилихоро зуд-зуд пушти сар мекунад.Бале, мо сохиб дорем давлат дорем ва бояд дастчамъона аз паи ин ходисахои номатлуб дар андеша бошем.Бас аст бетарафию нисбати якдигар бепарво…
    Эй бародар ману ту хамватанем,
    Булбули шохи гули як чаманем.
    Моли мо то нарабоянд аз мо,
    Пеши гургон саги худ нах назанем…

    Бори дигар ба пеш бо кадамхои устувор!!!

  • Мо бояд мухочиронро сарфи назар накарда химоя кунем.

Leave a Reply