“Биринҷак”-и фиребагар ва телефони “Оила”

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Як ширкати «биринҷак”-фурӯш барои гарм кардани бозораш ба муштариён бурдҳои пулӣ ваъда додааст.

Чанд муштарӣ баъди пайдо кардани қоғази бурд барои гирифтани тӯҳфаи худ ба рақами телефоне ки дар он нишон дода шуда буд, занг задаанд. Аммо маълум шуд, ки ширкат дар даруни «биринҷак”-ҳояш рақами телефони … ҳафтаномаи «Оила”-ро гузоштааст.Н.Холиқов, сокини шаҳри Душанбе чигуна фиреб хӯрданаш аз ҷониби як ширкати «биринҷак”-фурӯширо қисса кардааст. Ӯ мегӯяд, аз як мағоза бо хоҳиши фарзандаш «биринҷак” харид. Дар рӯи «биринҷак” бо истифода аз аксҳои мошинҳои қиматбаҳо ва акси пулҳои сомонӣ ба муштариён ваъда дода мешавад, ки онҳоро қоғазҳои бурд мунтазир аст.

Холиқов низ яке аз муштариёне буд, ки марғи иқбол гӯё ба рӯяш хандид ва аз дохили «биринҷак”-и харидааш қоғази бурд баромад: «Вақте ба хона баргаштам, онро кушодам, ки чашмам ба як пораи коғаз афтод. Хурсанд шудаму онро кушодам ва хондаму ба лабханд гуфтам, ки ану боз туҳфа мегирем. Рақамҳое, ки аз варақ пайдо кардам,дар телефонам чидаму ба вайберашчунин навиштам: «Салом. Аз даруни биринҷак рақамҳои вайбери шумо баромад. Мо бурд кардем. Вале намедонем, чиро бурд кардем.” Аммо аз он тараф аз ҷониби як бону посух омад, ки «ман чизеро намедонам. Шояд хато карда бошед.”Барояш фаҳмондам, ки хато накардаам. Аз ман қутии биринҷакро пурсид. Аксашро фиристодам. Ин бону Маҳина Давлатова корманди ҳафтаномаи «Оила” будааст. Ӯ гуфт, ки дар ҳақиқат ин рақами телефонаш аст ва рақамаш танҳо барои хонандагони ҳафтанома гузошта шудааст. Маҳина гуфт, ки ин ширкати «биринҷак”-фурӯш аз рақами ӯ сӯиистифода кардааст.”Маҳина Давлатова, хабарнигори ҳафтаномаи «Оила” гуфт, ки дар ҳақиқат чандин маротиба аст, ки дар вайбераш менависанд ва ҳатто занг зада, туҳфаашонро талаб мекунанд.

Албатта, “Оила” серхонандатарин нашрияи Тоҷикистон аст ва “биринҷакфурӯшон” хостанд аз ин истифода баранд. Вале онҳо нафаҳмиданд.ки ин фиребашон зуд ошкор мегардад. Маҳина Давлатова мегӯяд: «Чанд моҳ пеш дар саҳфаи ҳафтанома як озмун доштем ва шарти озмун пайдо кардани рамзи навишташуда буд. Хонандаҳои зиёд занг мезаданд. Дар миёни онҳо чанд маротиба зангҳои ба ин монанд омада буд, ки апа мо биринҷак харидем, туҳфаи шумо чӣ аст ва аз куҷо гирем? Гумон карда будам, ки шояд хонандаи мо хато фаҳмида бошад. Чанд рӯз қабл як мард дар вайберам навишт, ки мо бурд кардем. Хоҳиш кардам, ки агар қуттиаш бошад, фиристед. Дар ҳақиқат вақте аксашро дидам, дар охири «гӯшаи дугонаҳо»-и ҳафтаномаи «Оила” барои робита бо хонанда рақамҳои вайберамро гузошта будам, ҳамон аст. Ин ширкат қисмати охири ҳамин саҳифаро бурида, харидоронро фиреб додааст, ки гӯё  рақами телефони туҳфадиҳанда аст. Ҳайронам, ки чаро баъзе ширкатҳо мардумфиребӣ мекунанду рақамҳои шахсони ношиносро бе огоҳӣ истифода мебаранд? Ҳатман нафарони масъулашро пайдо хоҳам кард, то аз ман ва аз харидорон бахшиш пурсанд.”

Тадқиқоти “Оила” ва “Тоҷикистон таймс” дар ин замина идома дорад ва мо аз натиҷаи он хонандагонро огоҳ хоҳем кард.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к ““Биринҷак”-и фиребагар ва телефони “Оила”

  • Хммм ширкахтои бардуруг!
    Махинаи Давлат яке аз бехтарин рузноманигори мачалаи,,Оила,,аст чаро инхел мекунд дар ракамхояш?

Leave a Reply