• Бахтовар Сафаров
  • 12.03.2019
  • 0

Биёед Мадинаро наҷот диҳем!

…Зиндагӣ пурпечутоб. Касе хурсанд ё ғамгин, дигаре бемор ё сиҳат ва ё дар талоши ҳаёту умри худ аст. Худованд касеро ба бемории сахт мубтало нагардонад.

Ин аксе ки мебинед, акси як зани бемор Орифӣ Мадина мебошад ва бо бемории омоси сар даст ба гиребон аст. Мадина ҳамагӣ 43 сол умр дорад ва соҳиби ду кӯдаки хурдсол аст. Шавҳараш ӯро бо ду фарзанд тарк намудааст ва айни замон Мадина бо модараш дар яке аз хобгоҳҳои шаҳри Душанбе истиқомат дорад. Духтурон гуфтаанд, ки бояд ҷарроҳӣ шавад, аммо барои ҷарроҳӣ маблағи зиёд лозим аст.

Ин зани ранҷкашидаю танҳо аз  мардуми саховатманд эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои наҷоташ  дасти кумак дароз намоянд .Ҳар ки чӣ қадаре қудрат дорад, метавонад ба Мадина кумак расонад. Хоҳ як сомонӣ хоҳ сад, ин ба салоҳияти шумост. Шояд маблағе ҷамъ шаваду ӯро наҷот диҳанд…

Тел: +992907905484

+992935064064

Суратҳисоб (Амонатбонк): 20216972501997101000

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.