Бобою бибии маҳалла

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Ишқи палави тоҷикӣ ва оби ширини Душанбе

Бобои Элбрусу Зина-холаро дар кӯчаи Миралии шаҳри Душанбе хурду калон мешиносанду эҳтиром мекунанд. Ягон тӯю маъракаи ин кӯча бе ҳузури онҳо намегузарад. Онҳо ба калонсолон падарвору модарвор маслиҳатҳои муфид медиҳанд, ба наврасону ҷавонони кӯча чун бобою бибии ҳақиқианд.

Агар шахсе соати 8-9-и пагоҳӣ ба хонаи бобои Элбрусу Зина-хола биёяд, ҳайрон шуда, мепурсад, ки онҳо чанд фарзанд доранд? Ҳамсояҳо, ки ин чизро хуб медонанд, табассуми ширине карда, бузургдил будани онҳоро ба он шахс мефаҳмонанд.

Оре, бобои Элбрусу Зина-хола як писару се духтар доранд, ки кайҳо ба воя расидаанд. Боқӣ ҳама кӯдакони кӯчаи  Миралӣ мебошанд, ки аз саҳар то шом дар хонаи ин шахсони бузургдиланд. Зина-хола ба ин кӯдакон бо як меҳри махсус забони русию осетиниро ёд медиҳаду бо онҳо бо ин забонҳо ҳарф мезанад, то ки онҳо забондон бошанд. Ин оилаи наҷиб айни замон писарбачаеро аз рӯзи таваллудаш ба писархондӣ гирифта, ба воя расонида истодаанд, ки  ӯро Алишер номгузорӣ кардаанд. Алишер ҳоло дар синфи шашум таҳсил мекунад.

Боре оилаи Раҷабовҳо бо фарзандонашон  соати 6-и пагоҳӣ  ба истироҳатгоҳи  «Зумрад»-и шаҳри Исфара рафтанд. Ва худи ҳамон рӯз соати 12:00 садои занги телефони бобои Элбрус баланд шуд. Телефонро Зина-хола  бардошт. Аз он овози модари кӯдакон Хосият Раҷабова баланд шунида мешуд:

 -Салом, Зина-хола, шумо нағз ҳастед? – ҷавоби Зина-холаро интизор нашуда, — Набераҳоятонро пешвоз гиред. Онҳо дар ин ҷо истодан намехоҳанд. Бо як овоз гиря карда истодаанд, ки шумою бобои Элбрусро ёд кардаанд,  мехоҳанд ба назди шумо раванд. Мо ба онҳо чипта харидем. Илтимос, соати 3:00 онҳоро аз фурудгоҳ омада баред.

Ман шоҳиди он будам, ки чӣ хел Зина-хола таксӣ киро карда, онҳоро ба хонааш овард. Онҳо аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд. Зина-хола ба ғайр аз бибии меҳрубон буданаш,  боз ба ин кӯдакон забони русию осетиниро ҳам ёд додааст ва бо онҳо  бо ин забонҳо ҳарф мезанад.

Агар дар маҳалла тӯе баргузор гардад, тамоми наврасону ҷавонони кӯча ба ин оила барои маслиҳатпурсӣ меоянд. Зина-хола ба онҳо маслиҳатҳо дода, барои яке галстук бандад, барои дигаре курта интихоб карда, дарзмол мекунаду бо меҳри зиёде мепӯшонад. Дигареро бошад, мӯяшро шона мезанад. Ва ин кӯдакони хушбахт баъди тӯй боз ба ин хонадон баргашта, мисли як оилаи тифоқ аз дидаю шунидаашон ба бибию бобояшон нақл мекунанду якҷоя хурсандӣ менамоянд…

Бобои Элбрус баъди хизмати аскарӣ ба зодгоҳаш баргашта, се моҳ дар он ҷо зиндагӣ мекунад. Сипас, 20 июни соли 1962 ба сӯйи Тоҷикистони офтобӣ, ба аёдати хоҳари калониаш Д. Дзансолова, ки бо роҳхати Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон омада буд ва дар деҳаи Ҷари Алии ноҳияи Темурмалик (собиқ ноҳияи Совет)  муаллимаи фанҳои забон ва адабиёти рус шуда кору зиндагӣ мекард, меояд. Ва бо ҳамин Тоҷикистони азизро Ватани дуюми худ қарор медиҳад.

Ӯ солиёни дароз дар шаҳри Душанбе ронанда  буд. Аз тарафи идораи ПТС якчанд бор бо «Ифтихорнома» ва унвони «Собиқадори меҳнат» сарфароз гардидааст.

Бобои Элбрус хоҳарону додарони зиёде дорад. Аз бисёр будани

авлодонаш шаҷараи (харитаи) авлодӣ доранду 9 пушташонро мешиносанду рафтуомад мекунанд. Агар ба духтарони авлод хостгоре биёяд, ҳама калонсолони авлод, яъне онҳое, ки синнашон аз 70 зиёд аст, ҷамъ омада, бо меҳмон баъд аз таом суҳбати гарме меороянду мефаҳманд, ки мабодо хеши хунӣ набошанд. Ин хислати неки онҳо намунаи ибрат асту сабаби саломатию дарозумрии ин авлод мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки халқи Қафқоз умуман ба авлодони худ духтар намедиҳанд ва аз авлодони худ келин намегиранд.

Мо боре  шоҳиди он будем, ки бародарони бобои Элбрус ба аёдати ӯ омаданд. ӯ бо Зина-хола онҳоро хуш пазируфта, бо оши палави тоҷикӣ зиёфат доданд, ки ба онҳо бисёр хуш омад.

Рӯзе вақти суҳбат яке аз бародаронашон, ки Дамбек ном дошт, гуфт: «Бародари азиз, Элбрус. Мо ба ин ҷо  барои он  омадем, ки шуморо розӣ кунонем, то ки хонаатонро  фурӯхта, ба зодгоҳ — ба Осетия ба назди мо баргардед. Чунки синну солатон ба ҷое расидаасту мабодо ягон  кори нохуб шавад, шояд мо сари вақт омада расида натавонем».

Бобои Элбрус бошад, розӣ намешуданд:

— Не бародарони азизам, барои ман шаҳри Душанбе ҳам  Ватан аст. Ва ман аз ин ҷо ба ҳеҷ куҷо намеравам.

Пас бародари дуюмӣ, ки Аркадий ном дошт, гуфт:

-Шумо дар чунин шаҳре, ки деворҳояш аз бетону кӯчаҳояш сершавқунанд, чӣ хубие ёфтаед, ки умратонро дар ҳамин ҷо сарф мекунед?

Пас ба Залина, духтари бобои Элбрус муроҷиат карда гуфт:

— Канӣ, Залинаҷон, духтарам, ин падари якраватро мо розӣ кунонида натавонистем, рафта як коса об биёр нӯшему ба роҳ бароем.

Залина як коса об оварда, ба бобои Аркадий дод. Бобои Аркадий обро нӯши ҷон карда, «Бай-бай, чӣ хел оби ширин будааст, оби Душанбе», — гуфта монд.

Пас бобои Элбрус бо табассуми ширине гуфт:

— Ана дидӣ, додарам. Маҳз ба хотири ана ҳамин оби ширину ҷонбахш меарзад, ки ман дар шаҳри Душанбе зиндагонӣ кунам. Ман ин ҷойро тарк карда, ба зодгоҳ рафта наметавонам. Чунки солҳои беҳтарини умрам дар ин ҷо гузаштааст. Дарахтони калонаш бо худам ва дарахтони ҷавонаш бо фарзандонам баробар, якҷоя ба воя расидаем. Ҳар як гул, ҳар як дарахт, ҳар як сангаш ба ман ошно ва азизанд. Дар пеши чашми ман қад кашидаанд ва бо меҳнати худ барои гул-гулшукуфии ин шаҳри ба ман азиз саҳм гузоштаам. Дӯстони зиёде дораму нону намаки онҳоро хӯрдаам.

Ҳамин тариқ, бародарони бобои Элбрус бо ӯ хайрухуш карда, ба

зодгоҳашон деҳаи Чиколаи ноҳияи Ирафи Қафқози Шимолӣ, ки дар зебоӣ ва нозу неъматҳои офтобӣ аз шаҳри Душанбе камӣ надорад, баргаштанд.

Соли 2006 бобои Элбрус 70-солагиашонро дар иҳотаи наздикону дӯстон, наберагону ҳамсояҳои вафодораш ҷашн гирифт. Он рӯз ӯ орзу карда буд, ки дар  80-солагии зодрӯзаш ҳама бародарону хоҳаронашро аз Қафқози Шимолӣ даъват карда, онҳоро бо шаҳри азизаш Душанбеи биҳиштосо шинос менамояду бо таомҳои миллии тоҷикӣ зиёфат. Афсӯс, қисмат бевафоӣ карду рӯзи 8 октябри соли 2016 риштаи умри ӯро як моҳ пеш аз 80-ро пур карданаш канд. Ва тамоми рафиқон, ҳамкорону хурду калони кӯчаи Миралӣ ба роҳи вопасин гусел кардани бобои Элбрус омада, афсӯс мехӯрданд, ки ин гуна марди сахию бузургдил, ки тамоми кӯдакони кӯчаашонро мисли фарзандонашон дӯст медоштанд, аз дунё меравад. Мо ба наздикони бобои Элбрус ҳамдардӣ намуда, умри дарозу тансиҳатӣ таманно менамоем. Бигзор Яздони пок рӯҳашонро шоду ҷояшро ҷаннат гардонад.

Рӯҳат шод бод, бобои Элбрус!

Зайнаб Анварова,

корманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply