Бохти Конор чанд хонаро аз орду ангишт маҳрум сохт (12 акс)

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Чанд вақт боз дар саросари ҷаҳон мардум танҳо дар мавриди муҳорибаи ду варзишгари машҳури ҷаҳон- Ҳабиб Нурмагомедов ва Конор Макгрегор баҳсу мунозира мекарданд. Яке ба ғолибияти Ҳабиби доғистонӣ эътимод дошту дигарӣ мегуфт, ки Конор мағлубнашаванда аст.


Дар кишвари мо низ ҳама бо беқарорӣ набарди ин ду рақиби пурзӯрро интизорӣ мекашиданд. Азбаски дар давоми як моҳи ахир дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва манотиқи дурдаст нерӯи барқ хомӯш мегардад, ҳаводорони варзиш ба хотири тамошои набарде, ки дар таърих ёдгор мемонад, ба маркази шаҳру ноҳияҳо меомаданд.

Аз ҷумла мардони зиёде субҳи имруз аз тамоми деҳоти наздику дурдасти ноҳияи Ҳисор дар бозори марказӣ ҷамъ омаданд, то муҳорибаро аз шабакаи телевизионӣ ё тавасути интернет тамошо намоянд. Кор ба ҷое расид, ки ҳаводорон ва эътиқодмандони Ҳабиб ва Конор барои пешгӯӣ намудани ғолиб аз 500 доллари амрикоӣ сар карда, то чанд ҳазор доллари «ставка» монданд.

«Ҳабиб Нурмагомедов қаҳрамон шуд! Ӯ Конор Макгрегорро пора- пора кард. Аҳсан «Уқоб» — и Россия. У ҳанӯз шикастнопазир аст.»- чунин буданд нидоҳои мухлисон.

Марде, ки ба ҷонибдории Ҳабиб Нурмагомедов шарт баста буд, бошарофати ғолибияти ин паҳлавон соҳиби 5 ҳазор сомонӣ гашт, вале ҷонибдорони Макгрегор пули калон бой доданд ва “бачаҳоямон бе орду бе ангишт мемонанд” -гӯён фиғонашон ба фалак печид.

Чунин «ставка»-мониҳо на танҳо дар ноҳияи Ҳисор, балки дар дигар шаҳру навоҳӣ ва ҳатто дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе низ ба мушоҳида расидаанд.

Овозхони шинохтаи точик Фирӯза Ҳафизова аз ғалабаи Ҳабиб Нурмагомедов хушнуд гашта, ваъда додааст, ки ба суратҳисоби ин паҳлавони ғолиб 10 ҳазор сомонӣ пул мегузаронад.

Ёдрас мешавем, ки Ҳабиби Нурмагамедов доғистонӣ, 30 сола ва падари 4 фарзанд мебошад. Ин 27-умин муҳорибае мебошад, ки бо ғалабаи Ҳабиб Нурмагомедов анҷом ёфт.






Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Бохти Конор чанд хонаро аз орду ангишт маҳрум сохт (12 акс)

Leave a Reply